Текст
                    

Азимова Сарварой А С И Р И И X Т И Ё Р И «Матбуот» Душанбе 2005
ББК 72.3+67.99 (2) 116.2 А-37 Китоби мазкур ба хаёт ва фаъолияти писари шоир ва маорифпарвари шинохтаи халки точик Мирзо Абдулвохиди Мунзим Рахим Бурхонов, ки бо хисси ватандУстии волои хеш дар сохаи разведкаи шУравй кахрамонихои беназире нишон дода, барои халку < миллати шУравй хизматхои шоистае кардааст, бахшида шудааст. i ! I Мухаррир Султонмурод Одинаев © Азимова С., 2005
Ба чри сарсухан Озодй ва истиклолият ормони олиест, ки хар шахе, хар сила, хар миллат ва хар чомеа барой расидан ба он ба хар воситае саъю талош мекунад. Миллати точик низ садсолахо, ки зимоми ихтиёри сиёсиро аз даст дода буд, хамеша дар ин талош буд, ки давлати аз даст рафтаи худро баркарор кунад. Ин идеали таърихй нихоят чомаи амал пУшид ва Точикистон ба туфайли тахаввулоти таърихии охири асри 20 сохибистиклол шуд. Давраи нав аз тачдиди назар дар хамаи сохахои илмию фархангй ва самтхои сиёсату давлатдорй огоз гардид. Президенти Чумхурии Точикистон мУхтарам Э.Ш.Рахмонов масъалаи боло бурдани ифтихори миллй ва хисси ватанпарастиро як чузъи мухими сиёсати давлатй карор дод. Рузе вазири амнияти чумхурй Дбдурахимов Х.С. хангоми мулокотамон дар чаласаи хукумати чумхурй гуфтанд, ки шахсиятхои бузурги сохаи илму маориф, фарханг ва сиёсат таваччУхи адибон ва мухаккиконро чалб карда, дар бораи онхо асархои хуб низ эчод шудаанд. Вале фарзандони халки точик, ки дар разведкаи давлати шУравй хизматхои шоиста карда буданд, дар гУшаи фаромУшй мондаанду ашхоси нихоят Кам аз захматхои барои давлат кашидаи онхо бохабар мебощацд. Барои боло бурдани хисси ифтихори ( ватандорй ва баркарор шудани адолати таърихй фаъолият ва корнамоихои онхо, ки дар ин самти мухими давлатй кору пайкор кардаанд, бояд ба мардуми мо равшан гардад. Мутаассифона, аз нависандагони мо холо касе дар ин бора роман ё повеет ва ё киссаи хуччатй нанавиштааст. Журналистдухтари сохибкаламе ба ин кор камар баста, дар бораи яке аз занхои точик, асаре иншо кард, ки дар солхои душвор дар кишвархои дигар ба хайси разведкачй ифои вазифа карда, солхои зиёд зиндонй шуда, вале бо иродаи мустахкам шарафи худ ва сирри давлатиро нигох дошта, боз ба ватан баргашта, хоксорона ва шарофатмандона зиндагй карда, аз олам гузаштааст. Вазири мУхтарам хохиш кард, ки китоби аввалини дар ин мавзУъ бахшидашударо хонда, фикру мулохизаи худро ба муаллифи он С. Азимова. гУям. Баъд аз мутолиаи он кисса, бо саргузашти духтари •"очик, ки дар натичаи хиёнати хамкораш асир шуда, азобу машаккати зиёд кашида, намунаи барчастаи ватандУстй аст, шинос шуда, мутаассир 3
шудам ва боварй хосил шуд, ки муаллиф С. Азимова истеъдоди нависандагй ва калами хакикатнигор ва ифтихори баланди миллй дорад. Инак, китоби дуюми дар ин бора таълифкардаи С. Азимова "Асири ихтиёрй" ба яке аз фарзандони оддй, ватанпараст ва донишманди тоник, писари шоир ва маорифпарвари шинохтаи халкамон Мирзоабдулвохиди Мунзим бахшида шудааст. Ин китоб пахлУхои гуногуни зиндагии Р. Бурхоновро тасвир намуда, шахсияти Уро чун марди начиб, закй, миллатдУст ва ватанпараст ба калам додааст. Ин тоники сохибмаърифат, фарзанди маорифпарваре, ки устод С. Айнй ба хизматхояш бахои баланд додааст, ба хотири тантанаи адолат,маглуб шудани натсизм ва рахоии мардуми шУравй аз асорати фашистй, безарар кардани ташкилотхои пантуркистии фашистй хизмати арзишмандеро анчом дода будааст. Асари С. Азимова киссаи хуччатй буда, ба забони району хоно дар заминай факту далелхои таърихй ва хакикатнигорона навишта шудааст. Аз лихози бадеият кушодани характер, муборизаи пайгиронаи кахрамони ин асар ханУз комил нест. Вале муаллиф зиндагии як разведкачии точикро, ки хам муборизаи кахрамонона ва хам фочиа дорад, хуб нишон додааст. Фочиа ин аст, ки Р. Бурхонов баъд аз анчоми вазифа дар гУшаи фаромУшй монда, мавриди кадршиносии зарурии давлат карор нагирифта буд. ИмрУз дар замони со^ибистиклолии кишвар ва миллат таваччУХ ба зиндагии. чунин фарзандони точик, ки зиндагию фаъолияташон дарси ватанпарастй ва хизмати содикона ба ватан аст, барои наели нави бунёдгари чомеаи озоду демократй нихоят мухим аст. Ва асари С. Азимова як икдоми начиб ва арзишманд дар ин амр мебошад. К. Олимов Мушовири давлатии Президенти Чумхурии Точикистон оид ба рушди ичтимой ва робита бо чомеа 4
Асири ихтиёрй Охирхои мохи ноябри соли 1943. Хавой Маскав имрУз аз харрУза дида сардтар. Наздики 2 мох аст, ки Рахим аз Сталинобод ба ин шахр омада, омодагй мегирад. Уро ичрои кори мухиме дар пеш аст. Хануз мохи май буд, ки барои сУхбат ба идораи Вазорати бехатарии давлатй даъват намуда, дар бораи накшахои минбаъдааш пурсон шуданд ва ба хамкорй даъваташ намуданд. Рахим аз ин пешниходи ногахонй сарбаланд шуда, дарк намуд, ки ин чо масъала хеле чиддист. Хамон рУз дар Комиссариата харбй, ки пур аз сарбозону афсарони низомипУш буд, Бурхонов мактуби даъватиро ба сарбози назди дар нишон дода, худ ба як тараф истод, то музохими даробарои низомиён нагардад. Сарбоз баъди хондани мактуби даъватй ба сурати Бурхонов назаре андохту ба сарбози дигаре супориш дод, ки Уро ба чои лозима барад. Утоке, ки сарбоз Бурхоновро ба он чо овард, нисбатан камодам буда фазой ороме дошт, хамагй чанд нафаре дар навбат меистоданд. Баъди ним соати интизорй навбаташ расиду У вориди утоки Комиссар гашт. Баробари вориди уток шудан Бурхонов бо оханги хоси низомй ичозати вуруд пурсид ва баъди ишораи Комиссар, У бо хамон киёфаи чиддй ба курсй нишаст. Аз хар як харакоти У Комиссар ба вачд ?меомад. Е .1 СУхбати Комиссар бо Бурхонов хеле расмй, самими ва хотирмон буд. Махсусан, суханонеро, ки У нисбати падари Бурхонов Абдулвохиди Мунзим туфта буд, якумрй дар зехнаш накш баста буданд ва чун мояи фахр рУхашро мебардоштанд. Комиссар сУхбатро чунин отоз карда буд: -Маълумотнокй ва тачрибаи кории бисёрсохаи шуморо ба назар гирифта, итминони комил дорам, ки тасаввуроти шумо дар бораи фаъолияти органхои амниятй ва самтхои он кифоя аст, махсусан, тахсил дар сохаи мухандиси низомй-сохтмониатонро ман аз кадами аввалатон ба ин уток хис намудам. Бинобар ин, ман ба шархи муфассали мохияти макомоти амниятй намепардозам, танхо яке аз чихатхои аслии онро бароятон хотиррасон мекунам. Дар кори мо, яъне дар риштаи амниятии кишвар ашхоси фавкулодда хушёри босавод ва ватандУсти ашаддй чалб карда мешаванд, шахсоне, кг шучоъу далер ва дар хама холатхо бомахорат бошанд. 5
Ба мо маълум аст, ки шумо фарзанди Мйрзо Абдулвохиди Мунзим - ходими намоёни Илму фархайг ва маорифпарвари фаъол хастеД. Хизматхои Надари шумо барои адабиёт ва фарханги тоник бехамтост. Май Хатто бо баъзе йавйШтачот ва шеърхои У дар сохаи маорифпарвари ошно шудам. Оличаноб! Чунин инсон метавонад фарзанди барУманд тарбия кунаД. Хамаи кушишхои ба харч додай падаратой бахри сохибмаълумот гаштани шумо ба мо маълум аст. Махз хамйн чихатхоро ба назар гирифта, мо шуморо барои хамкорй даъват намудем, яъне аз оилай бомаърифат будан, тарбия ва таваччУхи беандозаи волидайн бахри ояндаи дурахшони шумо аз назари кормандони мо дур намонд ва имрУз май шуморо ба хамкорй даъват мекунам. Бурхонов аз ин тавсифотй Комиссар дар холати ногу вор монда, изхори миннатдорй намуда, пурсид: -Рафик Комиссар! Май аз Ухдаи кори шумо баромада метавонам? -Албатта! Шумо бо доййшхои андУхта ва собикаи кориатон пурра аз Ухдай суПОрйшхой мо мебароед. Факат як чизрб бояд хотирраСон намоям, кй махз махорати балайдй забондониатой Дар ин кор накши асосй хохйд бозйд. Албатта, фурсат Кам аст, лекйн шумо бояД рУи ин масъала як - ду рУз фикр кунед. Ман шумбро баъди се рУз, яъне рУзй панчшанбе ЯНтизораМ... Махз аз Забондонйи У сухан рондайй Комиссар, Бурхонов пай бурда буд, ки кобИлият^баланди забондонй ва собикаи тахсилашро дар Олмон ба назар шрифта, Уро ба ин кор даъват карданианд, яъне ин чо нишонахои амалиёти разведка дарк мешуд. Хизмат ба Ватан бо хар рохе, ки бошад, барои Рахим шарафи бузург буд, охир У на танхо ба химояи Ватан ва хамватанонаш, балки барои хифзи модари азиз, оила ва фарзандхояш низ сахми худро мегузошт. Бидуни дудилагй У аз ин пешниход хеле шод гашта, бо камоли майл омодагй мегирифт. РУзхои аввал хамагй як-ду сУхбат гузаронида шуд, охирхои тобистон йамояндаи Вазорати бехатарии давлатй Уро зуд-зуд ба сУхбат даъват мекардагй шуд ва нихоят У дар ин чост ва бетокатона мунтазири фармон аст. Дар кУчахои Маскав гарки фикру андешахо кадам мезанад. У дар умри начандон тУлонии хеш ба шахрхои зиёде сафар кардааст ва хар боре дар шахри ношиносе кадам мезад ва худро дар он чо танхо медид, ба бузургии дунёи рангин коил мешуд. Баъзан худро чунин хис мекард, ки мисли тифле гармии огУши модарро пазмон мешавад. 6
Ammo Маскав барояш шахри гариба набуд, чун бехтарин лахзахои чавониаш дар ин шахр сипарй гашта буд. Вакте ки дар майдони хавоии Маскав корманди Вазорати бехатарй Антон Суриков псшвозаш гирифт, саволи аввалине, ки пас аз салом ба У дод, ин буд: - Хуш, бародар, тайёрихо чй тавр? Хуб хаматарафа омодагй гирифтй? Рахим саволро хуб сарфахм нарафта чавоб дод: -Тайёрй чй? Агар забондониамро дар назар дошта бошй, ман хамеша тайёрам, агар тайёрии марбут ба риштаи худатонро пурсй, дар ин чо меомУхтагистам, ё не? -Албатта, холо вахт зиёд аст, омодагй мегирй, бидуни тайёрии зарурй корро cap кардан маънй надорад. Баъди ин суханони Суриков дили Рахим пур шуду чомадонашро гирифта ба мошини хидматй нишаст. Мошин назди бинои истикоматие, ки аз майдони хавой чандон дур набуд, истод. Суриков Рахимро ба хонае, ки ичора гирифта буданд, дароварда, асбобу анчоми мавчударо бори дигар аз назар гузаронид ва ба пурра таъмин будани он аз хама чихат боварй хосил карда, бо У худохофизй намуд. Хар рУз Рахим ба чои таъйиншуда рафта, дарсхои лозимаро мегирифт, вале аз ин машг/лиятхо пурра розй набуд. Омода буд, ки аз субх то шом даре бихонад, хама нозукихои сохаи разведкаро пурра аз худ намояд, бо собикадорони ин соха дар тамос бошад ва хар . суоле, ки.дорад,чавобашро ёбад, вале афсУс, ки чанги беамон мерафту фурсати даре хондан хеле махдуд буд. Парешонии Рахимро фахмидан мумкин буд, хатто намедонист, ки чй Уро интизор аст. Кай корро cap мекунад ва дар кадом самт кор хохад кард. Хангоми омУхтани баъзе тарафхои сохаи разведка дарк мекард, ки ин илми доманадор аст ва омУзиши пурраи он вакти зиёдеро талаб мекунад. Нихоят, рУзе Гарбуз ном шахсе, ки корманди бехатарй буд, ба хонааш омада, хабар дод, ки омода бошад, баъди ду рУз ба рох мебароянд. -Охир чй тавр? Ба ин зудй? Ман ханУз пурра омода нестам... -Хеч ran не, ханУз вакт аст, дар ин ду рУз омодагй мегирй, - гуфт Гарбуз.- Пеш аз хама хушёрй, бодиккатй, далерй ва чиддияти калон лозим аст ва ман мутмаинам, ки ту ин хислатхоро дорой. Мамлакат барои ту бегона нест, забону урфу одаташонро то аидозае медонй, боз чй. Рахим, бовар кун, аз Ухдаи ин кор ту пурра мебарой. 7
Ту факат як чизро барои хамеша дар ёд дошта бош: ^онунияти фаъолият ва муборизаи махфиёна, яъне чабхаи ноаён нихоят сахту сангин аст. Барои пурра аз Ухдаи он баромадан танхо хохиши шахе, сарсупурдаи Батан бу дан, хисси нафрат ба душман доштан ва омодагй ба хар гуна кахрамонй нокифоя аст. Инчунин шахе бояд лаёкати баланди созмонидихии хама чиз, эхтиёткории беандоза, хушёрии хамарУза, дониши мукаммали асосхои пинхонкорй (конспиратсия), асабхои мустахками озмудашуда ва акли солиму сардро доро бошад. Амали кУр-кУрона ва таваккалона боиси барбоддодани хамаи сифатхои боло хохад буд. Инро хеч гох фаромУш накун. Акнун мегузарем ба масъалаи асосй: барои Марказ номи мустаори ту "Иванов" аст. Кори ту асосан дар акибгохи душман сурат мегирад. Албатта, макони кор бароят таре эчод нахохад кард, зеро забони немисиро мисли забони модариат медонй. Бароят хамааш фахмо? Сипае, Гарбуз ривояти хидматиеро, ки барояш омода шуда буд, пурра хонда, вазифахои асосй, тарзу васоити алока, тарчумаи холи нав ва максади асосии фаъолияти "Иванов"-ро фахмонида дод. Якчанд когазеро аз дУхтае (папка) бароварда, ба Рахим рУ овард: -Ин хуччатхоро пур кун, факат бодиккат. Кушиш намо, ки хама маълумот пурра ва бехато навишта шавад, хуб. Гарбуз як бори дигар ривояти хидматй ва вазифахои асосии Рахимро такрор намуда, саросемавор аз дар баромада рафт. Рахим кайдхои кардаашро бори дигар бо диккати т^мом мутолиа менамуд, ки ин дам Гарбуз аз рох^ш гашта: -Вокеан, Рахим, баъди пурра аз худ намудани ин навиштачот, сУзонданашро фаромУш накун. - Рахим бо аломати тасдик cap чунбонида, дарро аз кафои Гарбуз бает. Рахим вазифахои навбатиашро пурра хонда, хар кадоми онхоро дар худ хазм мекард. Онхо аз якчанд амалиёти чиддй иборат буданд: Кабл аз хама "Иванов" бояд ба боварии фармондехии немис даромада, коре карда вориди шахри Берлин мешуд ва бо мухочирон, алалхусус, бо сарони бо ном "Хукумати Туркистон", аз чумла, Валй Каюмхон дар тамос шуда, дар он чо мавкеияти худро пайдо карда, то ба хадди сардорй мерасид. Хамчунин, бо истифода аз шиносхои деринааш, бояд ба созмони зиддишУравии "Легиони Туркистон" дохил мешуд ва тибки накша маълумоти лозимаро ба Марказ ирсол менамуд. Рахим кй будани сарвари "Хукумати Туркистон" ва чй будани "Легиони Туркистон"-ро медонист ва холо аз ин варакхо накши хотиротро варак мегардонду донишашро мустахкам мекард. 8
Дар вокеъ, Валй Каюмхон кй буду легиони ташкилкардаи У бо чй максаду ният созмон дода шуда буданд? Валй Каюмхон соли 1904 дар шахри Тошканд таваллуд шуда, то соли 1922 дар он чо зиндагй кардааст. Соли 1922 дар хайати гурУхе, ки Рахим Бурхон ба Олмон барои тахсил фиристода шуда буд, дар Олмон, ба миллатгарои ашаддй табдил ёфта, дигар ба Иттиходи ШУравй барнамегардад. У дар катори миллатгароён Ахмад Наим, Афзал, Закй Валидов, Ахмад Шакурй ва дигарон сиёсати зиддишУравиро пеш гирифта, ба хар гуна тахрибкорй алайхи Иттиходи ШУравй машгул мешавад. Дар солхои Чанги Бузурги Ватанй "Легиони Туркистон"-ро аз хисоби асирони шУравии осиёимиёнагй ташкил намуда, ба он рохбарй мекард. Ба Бурхонов аз айёми наврасй бо назари шубха менигарист ва ба У эътимоди комил надошт.Умуман, Валй Каюмхон ба хар як асири тозаворид хисси нобоварй зохир мекард ва худро аз лихози ил му маърифат аз дигарон болотар мегузошт. Легиони Туркистон- кисми низомие буд, ки солхои чанги дуюми чахонй ба манфиати Олмони гитлерй ташкил карда шуда буд. Моххои аввали Чанги Бузурги Ватанй садхо нафар аскарони шУравй ба асирй гирифта шуданд. Дар байни онхо казокхо, Узбекхо, киргизхо, туркменхо, тоторхо, точикхо ва дигар халкхои Осиёи Марказй кам набуданд. Алфред Розенберг, ки вазирии идораи худуди ишголшудаи Рейхи 3-юм буд, дар масъалаи ташкили кисмхои харбй аз хисоби ин асиронро бар Ухда дошт,’ зери никоби озод кардани мусулмонони Туркистон аз Хукумати ШУравй таклиф пешниход кард. Фармондехии олии Артиши Олмон ин акидаро дастгирй намуд. 15 ноябри соли 1941 дар назди дивизияи мухофизи 444-уми Вермахт ташкилёбии аввалин кисми низомй тахти унвони "Полки Туркистонй” cap шуд. Барои чалби асирони харбй ба сафи ин кисмхои харбй, кори махсуси идеологи ва шахсони баобру лозим буданд. Бо ин максад яке аз рохбарони хизби "Алаш-Орда” сардори пештараи автономияи КУканд, Мустафо Шокайи казок, ки бо чурми алока доштан бо разведкаи Британия дар конслагер нигох дошта мешуд, чалб карда шуд. Ба ёрии У Валй Каюмхони Узбек низ вобаста кунонида шуд. Онхо ба конслагерхо рафта, дар назди асирони харбй: туркманхо, киргизхо, Узбекхо, казокхо ва точикхо баромад мекарданд. Талабот ба онхое, ки ба хидмат дар ин кием гирифта мешуданд, он кадар сахт набуд, масалаи, маълумотхое махфузанд, ки мувофики он ба "Полки Туркистон” хатто коммунисту комиссархо низ дохпл мешуданд. 9
Дар натича, феврали соли 1942 дар махаллаи Легионовои Полша (Лахистон) маркази таълимии "Легиони Туркистонй" ташкил дода шуд. Хамагй 24 даста (баталёон) ташкил ёфт. Инчунин, мохи январи соли 1944 дивизиям "СС"-и "Туркистони нав" ва "Полки шаркии- мусулмононии "СС" таъсис ёфт. Вазифаи асосии кисми нави низомиро А. Розенберг дар он медид, ки бояд дар акибгохи Иттиходи Чамохири Шуравии Сотсиалистй Харакати чудоихохии халкхои гайрирус барангехта шавад. Бо ин максад, хатто "Кумитаи милии Туркистон" ташкил шуд, ки вазифаи "хукумати миллй"-ро дар Туркистони аз тарафи немисхо озодшуда бояд ичро мекард. Аъзои Кумитаи мазкур ашхосе шуда метавонистанд, ки тачрибаи кории хизбй ва шУравй доштанд. Мувофики маълумоти муаррихон, дар дохили худи кумита ба таври сунъй мубориза ва мочарохо ба миён оварда мешуд, мубориза барои хокимият дар байни намояндагони миллатхои гуногун мерафт. Масалан, овозае пахн карданд, ки гУё М. Шокай захролуд карда шуда буд ва сабабашро низ нишон медоданд. У намехост аскарони туркистонй дар чангхое, ки барои Казокистон бурда намешуданд, иштирок намоянд. Шояд ин кори В. Каюмхон буд, ки баъди хони "Кумитаи миллим Туркистон" таъин шуданаш карда буд. Ба хар хол, нобовариро дар байни Кумита чунин шарх додан мумкин аст, ки туркманхо ба А. Розенберг пешниход карданд, ки хукумати худрр ташкил кунанд, казокхо бошанд, фикри бо тоторхо ва бошкирхо як шуданро доштанд. Бо вучуди ин, идеологиям дохилии ин чабха дар асоси ягонагии халкхои Туркистон ва пуштибонии Олмон бунёд карда мешуд. Барномаи хавасмандкунандае амал мекард, ки мувофики он аскарони нисбатан фаъолро дар Олмон саёхат медоданд ва бо гузаштаи бузурги Рейхи сеюм шинос мекарданд. Дар легионхои мусулмонй вазифаи муллогй чорй шуда буд. Тайёрии харбй ва сиёсии аскарон бо касами умумй ва супоридани парчами миллй анчом меёфт ва дар лагерхои холишуда ташкил додани кисмхои нави харбй cap мешуд. Барои легионерхо мачаллаи "Миллй Туркистон" ва рУзномаи дохилй, яъне баталёнй нашр мешуд. Якчанд нафар намояндагони миллатхои гуногун оиди ташвикоти берунй кор мекарданд. Ба гуфти собикадори Чанги Бузурги Ватанй, полковники мустаъфй Алй Иззатов, барои У таассуфовар буд, вакте ки бо фармони рохбари сиёсй барои чамъ кардани варакахои немисхо рафт, ки дар онхо ба забони тозаи казокй мурочиат шуда буд, то барои манфиати Россия 10
начанганд. Борхо мешуд, ки самолётхои немис дар болои кисмхои Харбин Артиши Сурх, ки дар онхо намояндагони Осиёи Марказй хизмат мекарданд, варакахо мепартофтанд. Вазифаи дигари "Иванов" он буд, ки накшаи фармондехии немисро дар робита бо минтакахои мусулмоннишини Йттиходи ШУравй омУхта, ба сохтори макомоти разведкавии Олмони фашистй рох ёфта, дар ин бора ба Марказ хабар медод. Накшаи кори Рахим хаматарафа тархрезй гашта, то андозае ходисахои ногахонй низ ба инобат гирифта шуда буд. Дар сурати вориди Берлин нашудан, "Иванов" бояд чорахои ба "Легиони Туркистон" ворид шудан ва миёни легионерхо пайдо намудани агентураи немисро дида мебаромад; агар мабодо легиони мазкур аз хатти пеШи чабха дур мешуд, бояд хамрохй легион акибнйшинй карда, тибки нишондод, ба идомаи ичрой супориш мепардохт; агар тарафи немисхо ба У пешниходи дар хоки Иттиходи ШУравй фаъолияти разведкавй бурданро мекарданд, мебоист розигй медод ва тибки супорйши мавчуда амал Мёкард; инчунин, "Иванов" бояд шахси ба Йттйходй Шуравй содикеро пайдо мекард ва Уро аз хатти чабха гузаронида, тавассути он бо мактуби шартй дар бораи худ маълумот медод. Фаъолияти разведкавии У аз чунин ва монанди хамин вазифахои пурмасъулияту хатарноке тархрезй карда шуда буд. Баъди хондани онхо, сари Рахим, ба дард даромад. Шояд аз масъулияти калони нигахон ба дУшаш афтода ва ё аз ачалаю саросема кардани Гарбуз бошад, ки Уро бахри хаёл дар огУши рангин ва хаячоннокаш чукуртар мекашид. Чй сангинихое Уро интизор буд, намедонист, вале кадом куввае хам буд, ки дилашро таСКин мебахшид ва умеде пайдо мекард. Аммо он чй куввае буд, Рахим то охир дарк карда наметавонист. Шояд он куввай бузург мехри Ватан-Модар буд, ки калбашро мустахкам мекард... Рахим хуччатхои аз Гарбуз гирифтаашро бо диккати тамом пур намуда, боз ба мутолиаи вазифахояш пардохт. Дар кУча шаби торику сард хукмфармо гашта буду хоби У парида. Бо чашмони сурху варамидааш хост рУзнома хонад, маколаеро хонда тамом карду дарк намуд, ки чизе ба магзаш надаромад. Фикру зикраш холо хам ба акибгохи душман банд буд. Пардаро яктарафа намуда, аз панчара ба берун нигарист. Шахр орому чарогон буд. Бинохои баландошёна дар шаб хусни хосае И
доштанд. Чарогхо як-як хомУш шудан гирифтанд ва ин холат чашмакзании ситорахоро мемонд. Ин манзара хатто нишонае аз цангро надошт. - Худое, агар ин чанги лаънатй намебуд, зиндагй чй ширин буд. Ватани зебову ободам имрУзхо аз дасти душмани гаддор нотинч аст, хамватанони бечораам хобу осоишро аз даст додаанд, чандин хазори онхо аз хонаву дар ва наздиконашон махрум шудаанд, чандин хазор занону кУдакони бечора беваю сагера гаштаанд, то имрУз чй Кадар кадрхои сохибихтисосро аз даст додаанд, чандин шахру дехоти ободи кишварам ба вайрона табдил ёфта, валангор гаштаанд, марг бар Гитлер! - аз дил гузаронид У ва ба соат нигарист - 00.30 дакика. Баъди ду рУз онхо ба рох баромаданд. 24 декабр онхо ба шахри Мински пойтахти Белоруссия расиданд. Гарбуз дар хамин чо бо Рахим худохофизй намуду ба Маскав баргашт. Минбаъд аз намояндагони бехатарии давлатй Рахимро корманди НКГБ капитан Симакуридзе ва ваколатдори калони ОКР "СМЕРШ" капитан Челишев хамрохй мекарданд. Рузи дигар ба У либосхои низомии Артиши Сурхро бо рутбаи капитанй оварданд. Баъди он либосхоро ба бар кардан, Рахим нигоххои пурмазмуни атрофиёнро мушохида кард, ки яке аз дигаре ба куллй фарк мекарданд. Нигохи касе, ки хисси ватандУстй ва механпарастиаш болотар буд, ба У бо нигохи хавас менигарист, ки чй шарафи бузурге ба хамдиёрам насиб шудааст! Ин вазифаи мухим он шабу рУзхо насиби хар кас хам намешу/^. Барои онро сазовор шудан, бояд солиёни зиёд биёмУзиву мехнат кунй. Вале онхое, ки дили тарсу доштанд, бо як рахмдилии хосе чонибаш менигаристанд ва худойро шукр мегуфтанд, онхо дар чои У нестанд. Рахим бошад, сарбаланду фохир буд, шукри онро мекард, ки донишхои андУхтааш бар абас нарафтанд ва имрУз Уро хамчун як фарзанди содику сазовори кишвар ба чунин вазифаи мухими давлатй сарфарбар намудаанд. Шаби 26 декабр тавассути дехаи Галачеви нохияи Чаусов Рахим бо либосхои капитани Артиши Сурх рохии хатти чабха гардид. Хамрохонаш хар кадом бо У гарм худохофизй карда, барори корашро хостанд ва гуселаш намуданд. Харчанд, ки ба симхорхо наздиктар мешуд, суръати задани калбаш низ меафзуд. Дар он хавои сард вучудашро гармии тасвирнопазире фаро гирифта буд. Кад-кади симхорхо мерафту мисли ин ки ба гУшхояш пахта андохта бошанд, аз хаячони зиёд чизеро намешунид. Аз шиддати сармову хаячон чашмонаш ба сУзиш даромада, пуроб мешуданд, дунёро хира мсдид. Кас гумон мекард, ки Рахим барои ичрои накше чалб карда шудаасту 12
бо завки тамом, ба зери обу арак мондаю ба атроф бо чашмони пурхаячон, пуртахлука, синчакорона нигох карда мехохад дар тасма сабт ёбаду ба тамошобин маъкул шавад. Эх, кош дар хакикат, ин холат ичрои накши филме мебуд, вале афсУс, ин хакикат буд. Минбаъд Бурхонов он лахзаро яке аз лахзахои вазнинтарини хаёташ мушуморид. У ба чое расид, ки порае аз симхор канда шудааст. Аз болои сими кандашуда кадами калони эхтиёткорона бардошту ба хоки ишголкардаи душман ворид шуда, чониби немисхо равон гашт. Харфхои Гарбуз ба ёдаш омад: "Амали кУр-кУрона боиси барбод рафтани...". Не, не, ин амали кУр-кУрона нест, ин амалест пурра тибки накшаи Марказ омодашуда. Кадамхояш бардамона буданд. ХанУз дах кадам нагузошта буд, ки садои "Дастхо ба боло!" шунида шуд. Рахим бидуни саросемагй, бо садои баланд чавоб дод: "Таслим мешавам”. Дар майдони мухорибаи 3-юми СБ 1109 СП 330 СД, ки "Иванов"-ро мушохида мекарданд, хама бехаракат, шах шуда буданд ва аз он, ки аз ягон чониб тирпарронй ба вукУъ напайваст, хама хушхол шуданд. Капитанхо Челишев ва Симакуридзе зуд аз паи ба Марказ хабар додани анчоми амалиёти мазкур гардиданд... Рахим Бурхонов бошад даст бардошта ба душман, ба ад У и кишвараш, ба оне, ки нисбаташ дар тамоми вучуд нафрат дошт, таслим шуд. Акнун У бояд бо онхо кор мекард. Коре, ки супоришаш додаанд ва У чун сарбози Ватан бояд онро ичро мекард. Аз кучое мушак парронданд ва ё ситорае парйд,' ки лахзае як гУшаи осмон равшан гашт. Ин шарори ногахонй ва лахзаина ба тори хаёлоти Бурхонов оташ андохт. Ёди гузашта Соли 1922. Шахри Берлин. Дар истгохи рохи охан катораи Берлин - Маскав истоду аз он як гурУх кУдакону наврасони сабзинаи камзУлу тУпипУше пиёда шуданд. Чехрахои онхо баъди ин рохи дурудароз хаставу зор ба назар мехУрданд. Теъдоди онхо такрибан 40-45 нафарро ташкил дода, онхо гурУх-гурУх дар як гУшаи истгох чамъ шуданд. Бачахои нисбатан хурдсолтар аз дасти рафикони худ чунон махкам дошта буданд, ки гумон мекардед пеш аз ин хам чандин дафъа шахди талхи гумшавиро чашида бошанд. Вакте ки онхоро назди мошин бурданд, кадамхояшон берабту нигоххояшон харосон буд. Рохбаладони онхо, агарчанде дар либосхои Аврупой буда, то 13
андозае шикпУш намоянд хам, вале аз кадду комат ва киёфахояшон маълум буд, ки аз мдрдумони Шарк хастанд. Чаноби Длимхон, ки раисии комискш оцд ба чавонон ва кУдаконро бар Ухда дошт, нихоят сертараддуд буда, гох бо намояндагони бачагони шарк ва гох бо якчанд намояндагони Вазорати маорифи Олмон чизеро аник карданй мешуд. Алимчон Идрис соли 1880 дар Дрим таваллуд шудааст. Миллаташ тотор. Маълумоти олиидинйдорад. Профессори теология, якчанд забонро медонад: олмонй, туркй, англисй, франсавй, арабй, Узбекй, русйва гайра. Дар Олмон ханУз аз замени Чанги якуми Чахон мукимй аст. Дар таъсиси гурУххои пантуркии зиддишУравии зиёде сахми худро гузоштааст. Бо тамоми ташкилотхо ва созмонхои зиддишУравии Олмонй фашистй муносибати хуб дошта, дар миёни рохбарони онхо яке аз шахсони бонуфуз махсуб мешуд. Ба баъзе масоили мухими марбут ба Осиёи Миёна таъсир расонида метавонист, зеро аз байни сарварони мухочирон бештар бо У маслихат мекарданд. Дар назди катора марди нуроние, ки аз шарк буданашро киёфааш гувохй медод, мунтазири мехмоне буд. У Идрисро аз дасташ дошта, чатри сиёхи бузургашро чамъ карда пурсид: -Окои Идрис, хеле серташвиш менамой, мисли ин ки мехмонеро пешвоз мегирй? Ин кУдакон аз кучо? -А, чаноби |Созим, Шумоед? Аз Бухоро мехмон дорем. Ме^мон хам ки не, балки барои тахсил бачахоро овардаем. -Барои тахсил? -Бале, илми имрУзй меомУзанд. Инхо хама фарзандони амалдорони Бухороянд, аксаран, бойбачахои собиканд. Хуб, сУхбат бокй, чаноб. Бахшиш, хеле серкорам, - гуфта, назди марди логарандоме, ки хамрохи бачахо омада буд, рафт. Он мард аз пушти Идрис нигохи дурудароз намуда, баргашта ба бачахо нигаристу боз дохили катораро ба назорат кардан даромад, маълум буд, ки мехмонашро то хол пайдо накардааст. Мунзим ду нафар писарони худро низ хамрох оварда буд. Мунзим - Мирзо Абдулвохид Бурхонов шоир, маорифпарвар ва инкилобчии бузург аз мутаффакирони барчаста ва адиби шинохтаи Бухоро буда, миёни ахли илму адаб ва амалдорони ин шахри кадима сохиби обрУю нуфуз махсуб мешуд. Удар сохаи фархангу сиёсат ва илму адаб сахми босазои худро гузоштааст. Дар макомоти болои 14
давлатй низ кор карда, чандиндафъа ба хоричи кишвар сафар карда, аз чумла корхои дипломатиро низ анчом додааст. Мирзо Абдулвохиди Мунзим соли 1875 дар шахри Бухоро ба дунё омадааст. Номи аслии У Абдулвохид буда, Мунзим тахаллуси шоирй ва Мирзо унвони муншигиаш мебошад. Абдулвохид дар синни хурдсолй аз падар ятим монда, ба тарбияи модараш мегузарад. Азбаски модараш зани донйшманду бомаърифати Бухоро ба шумор мерафт, ба таълиму тарбияи У ва хохараш ахамияти калон медодааст. Ба гайр аз тахсил дар дабистон У дар хона низ бо фарзандонаш даре туфта, дониши онхоро такмил медод. Мутаассифона, модараш низ умри дароз надидааст... Бо кУмаки яке аз дУстони падар, Мунзим ба хонаи Шарифчон Махдумн Садри Зиё ворид мегардад. Дар он замон манзили У макони илму маърифат буда, зуд-зуд дар он чо ашхоси донишманди Бухоро гирд омада, дар мавзУъхои гуногуни адабй бахсу мунозарахо анчом медоданд. Мухити мавчуда ба зехни Мунзим таъсири амике гузошт. У ба шеъру шоирй ва нависандагй майлу рагбат пайдо намуда, хам дар назм ва хам дар наср кувваозмой мекард. "Мунзим аз рУзхои хизматаш дар хонаи Шарифчон Махдуми Садри Зиё ба гайр аз гирифтани таълиму тарбия ва илму дониш, бо доираи адабй ва махофили хар хафтаинаи ин хонавода аз наздик шинос мегардад, ки ин тадричан Уро ба майдони адабиёт наоварда наметавонад" Баъди ошной бо асари ^адйби маорифпарвар Ахмади Дониш "Наводир-ул-вакоеъ "дар тафаккури Мунзим табаддулоти фикрй ба вучуд меояд. Махсусан, баъди рУнавис карданй он акоиди маорифпарварии У ташаккул ёфта, ба авчи камолот мерасад ва У чун хамсабаконаш Садриддин Айнй ва Дайрат ба харакати маорифпарварй огоз мекунад. Мирзо Абдулвохиди Мунзим баъди барпо шудани Докимияти Халкии Шуравин Бухоро ба вазифахои давлатй чалб шуда, чанд муддат ба хайси нозири халки маорифи ЧХШБ кор кардааст. Сипае, муддате чун нозири нигахдории тандурустй низ хизмат кардааст. Соли 1928 бо максади чорй кунонидани алифбои лотинй Мунзимро ба Чумхурии Мухтори ШУравии Точикистон ба хайси нойибн ранен ин Комисюн мефиристанд ва У бо ахли хонаводааш ба Точикистон мекУчад. Дар сохаи маорифи Точикистон Мунзим нихоят рерталаб ва сахтгир буд. Махз бо кУшиши У дар он давра дар хама махалхои Точикистон мактабхои занонаву мардона кушода шуданд. Сохпб Табаров? Мунзим. Душанбе 1991 15
Мунзим, инчунин дар тарбияи шоиру нависандагони чавон низ сахми босазои худро гузоштааст. Абдулло Сухайлй Чавхаризода, Мухаммадчон Рахимй, Чалол Икромй ва дигарон аз чумлаи шогирдони У махсуб мешуданд. Инчунин, дар манзили У зуд-зуд адибони точик мисли С. Айнй, А. Лохутй, Пайрав Сулаймонй ва гайрахо гирд ом ада, махфилхои адабй дойр мекарданд. ТУли фаъолияти хеш У дар риштахои адабиёту фарханг, илму маорифу корхои маърифатй сахми босазои худро гузошта аст. 4 марти соли 1934 Мирзо Абдулвохиди Мунзим баъди касалии начандон тУлоние аз олам чашм пУшид. У аз худ осори гаронбахоеро ба ёдгор мондааст, ки он аз асархои илмию бадей, публисистй ва таърихй иборат аст. Дар хамон шабу рУз Мунзим вазифаи вазири маорифи Бухороро бар Ухда дошт. Идрис хини пешвози онхо бо Мунзим вохУрии гарме намуду пурсид: -Устод, аз рУи шунидам шумо ду писаратонро бо худ гирифтаед, аммо рУихати пешниходкардаатон нишон медихад, ки онхо се нафаранд, инро чй хел фахмем? Ба назари ман ин як намуди худхохй менамояд. - Идрис, ки як миллатчии ашадй буд ва дар каъри дилаш нисбати Мунзим, ки точик буду бо забони точикй сУхбат мекард, як навъ нафрати нихонй дошт. -Дуруст гуфтед, дар байни ин гурУх се Бурхонов аст, вале ба худо касам, ки аз онхо факат дутояш писарони ман ха^танд. Йн як намуди неши акрабзании Идрис буд. У'то ин дам он рУихатро чандин маротиба таку рУ карда, хайати омадаро хуб омУхта буд ва хуб медонист, ки факат ду нафар писарони Мунзим барои тахсил ба Олмон омадаанд. Аслан У аз омадани худи Мунзим низ чандон розй набуд, мехост, ки намояндагиро ягон турктабор бар Ухда дошта бошад. Танхо ба хотири равняй чадидия ва чавонбухориёнро дастгирй кар дани Мунзим, Идрис ба сафари У ба Олмон розигй дод. Наврасонро мувофики синну сол ба якчанд гурУх таксим намуданд, аз чумла Рахим бо бародари худ Рашид муддати як сол дар шахри Берлин дар хонаи профессор Рейхарт, ки дар кУчаи Штубенраухштрасс чойгир буд, зиндагй карда, назди як муаллими олмонй даре мехонданд. Машгулияти онхо пурра аз омУхтани забони олмонй иборат буд ва вакте ки забони олмониро то андозае омУхтанд, гурУХИ 17-18-нафараро барои идомаи тахсил дар мактаби миёна ба шахри Кёслини Померания фиристоданд. Режими мактаби миёна нихоят сахт буда, мухассилин аз мухити гирду атроф пурра канда 16
шуда буданд, ба чуз хондан дигар хеч машгулияте надоштанд. Дар баробари мухассилини Осиёи Миёнагй, инчунин дар мактаби мазкур фарзандони немисхо низ тахсил мекарданд. Рахим - фарзанди нахустини Мунзим аз рУзхои аввали илмомУзй нихоят муносибати чиддй нисбати тахсил дошт, сари хар калимаи бетона зиёд кор мекард, ба талаффузи немисхо ахамият дода, мекУшид, ки хангоми сУхбат шабехи онхо сухан ронад. Вале Рашид, ки дар синну сол нисбатан хурдтар буд, хеле дилтанг мешуд, дам ба дам гиря мекард. Бародараш Уро дилбардорй карда мегуфт: - Додаракам, токат кун. Бубин кариб хама бачахо як худашон танхоянд, мо бошем ду нафар - ако укоем, боз падарамон хам хамин чост... Вале табиати Олмон хеч ба Рашид маъкул набуд. Бизохои модарро ёд мекард, афсонахои модаркалонро пазмон гашта буд. Шабхо Бухорову ахли оиларо хоб дида, бо гиря бедор мешуд, аммо мегУянд, ки "табиби хама дардхо вакт аст”, бо гузашти андаке Рашид низ ба боду хаво ва шароити Олмон одат карда, мустакилона дарсхояшро тайёр мекард. Албатта, бародари азизаш хамеша дар пахлУяш буд ва ба кУмакаш мешитофт. Тули солхое, ки онхо дар Олмон ба cap мебурданд, ба гайр аз омУхтани забони Олмонй бо тамоми чузъиёту лахчахояш, инчунин дарси маданиятро низ аз лихози урупой меомУхтанд, аз чумла, тарзи хУрдани хУрок, истифодаи кошуку панча ва корд хангоми хУрокхУрй, тарзи рох рафтану^сухан гуфтани дуруст ва гайраро аз бар намуданд. Хамаи ин нозук’ихои одоби муоширатро ба тарзи ашрофй? яъне тавассути намояндагони оилахои баландмартаба меомУхтанд. Чун кобилияти Рахим хам аз лихози дарсазхудкунй, хам аз чихати тартибу интизом фавкулодда баланд буд, диккати устодонашро ба худ чалб намуда, якбора аз синфи 2 ба синфи 4 гузаронида шуд. Агар Уро нисбати солхои гузашта мукоиса мекардед, тафовут аз замин то осмон буд. Хар пагохй аз хобаш хеста, чойгахашро чамъ намуда, ба варзиш машгул мешуд, дасту рУяшро шуста аз паи хУрдани субхона мешуд. Хамаи ин корхоро бидуни назорати калонсолон анчом медод ва аз ин рУ яке аз шогирдони намунавй махсуб мешуд. Мутаассифона, зери таъсири миллатчиён, ба монанди Идрис дар байни шогирдони бухорой таблиготу ташвикоти пантуркистй авч гирифта, рУз ба рУз реша медавонду рУ ба густариш мениход. Махсусан, гурУхи наврасони бузургсолтар, ки тоза хаёти аврупоиро ба худ мегирифтанд, зуд тахти таъсири идеологияи иртичой карор мегирифтанд. Кор то ба хадде расид, ки онхо нисбати Ватани хеш - 17
Иттиходи ШУравй бадбин шуда, дар симои халки рус душмаиеро медиданд, ки гУё мардуми мусалмони Шаркро аз дину ойин ва расму маросимхои гузаштагонашон дур намуда, ба онхо зуран тамаддуни русро тахмил мекарда бошанд. Кисмати зиёде аз онхо дигар хохиши ба Иттиходи Шуравй баргаштанро надоштанд. Намояндагони масъули Иттиходи Шуравй аз ин тахаввулоти фикрии наврасони бухорой огох шуда, аз пайи чустучУи тадбирхои зарурй гардиданд. Нихоят, чониби Шуравй карори махсусе баровард, ки тибки он бояд хамаи шогирдон зуд ба Ватани хеш - Бухоро баргардонида шаванд. Дар ин муддат кУшиши пантуркистон бар абас нарафта буд. Баъзеи аз толибилмон пантуркисти ашаддй гашта, барои амалй кардани максадхои хеш ба хама гуна курбонй омода. буданд. Чунончй, бо максади ба Иттиходи ШУравй барнагаштан, ба чони сардори Комиссияи оид ба баргардонидани хонандагон Меерсон сУикасд анчом 5 дода шуд, ки ин амал ба дасти як нафар аз шогирдони Бухорой Ахмад Шакурй тааллук дошт. Пантуркистхо хамачониба мекУшиданд коре карда шогирдони болаёкату содикашонро ба Иттиходи Шуравй барнагардонанд. На сУикасд, на тадбирхои дигари тахрибкорй натавонист, ки чавонон ва наврасони Бухоро дар Олмон бимонанд. Хамаи онхо гурУх- гурУх ба Ватани хеш баргаштанд. РУзхои аввал гурУхи 8-нафараи Кёслин, ки дар хайати он бародари Рахим Рашид низ буд, ба Иттиходи Шуравй баргаштанд. < Идрис хама кУшишхоро ба харч медод, то коре кунад, кй лоакал чанд нафари аз онхоро аз рох бигардонад, бинобар ин, У мачлиси пУшидае (махфй) даъват намуда, ба хайати гурУхи охирине, ки низ омодаи баргаштан буданд, рУй оварда гуфт: -Фарзандонам, Иттиходи ШУравй, ки душмани дину тамаддунамон аст, мехохад мо аз ачдодонамон бо хар рохе дур шуда, ба халки рус ва сиёсати он, яъне болшевизм бигаравем ва гуломи = халкабардУши русхо шавем. Мехнати чандсолаи моро барбод доданиянд, вале ман бо максади хифзи фархангу тамаддуни гузаштагонамон роххои дигареро пайдо намудам, гарчанде ки ин кор бароям осон набуд. Боварй дорам, ки хар яки шумо низ чавобгУи ин ; чонбозихои ман мешавед. Дар рУзхои наздик ман шумоёнро ба кишвари Туркия мефиристам, албатта бо рохи кочок. Чй илоч чораи дигаре надорем. Дар ин бора бо консулгарии Туркия маслихатхо кардаам, корхои санадиро У бояд хал карда бошад. Шумо ба хоки Туркия тавассути Варшава хохед гузашт. Ба фикри ман, ин бехтарин .. 18 j
pox аст, танхо хоки Лахистон метавонад Шуморо аз чашми Иттиходи Шуравй каме дур андозад. Умедворам, ки он сабакхоеро, ки то имрУз дар хусуси бедории миллати Туркистон ба шумо омУхтем, харгиз фаромУш нахохед кард ва то чон доред, бахри дастовардхои миллии миллати Туркистони бузург мубориза хохед бурд. ГурУхе иборат аз Мукимов Очилбек, Очилдиев Хазраткул, РУзиев Рахимкул, Хамроев ЧУракул, Рахимов Абдулло ва Бурхонов Рахим бо сардории Ахмад Наим рахти сафар баста, омодаи фармон буданд. Инак, мошин хам омаду бояд онхоро ба хоки Лахистон мебурд. Рахим парешонхотир буд. Намедонист окибати кор чй хохад буд, У аз калимаи "кочок" дар ташвиш афтида буд. Китобхояшро чамъ карда, дар халтаи латтагии худдУхти махсусе чой дода буд, вале фармон шуд, ки касе хамрохи худ хеч гуна китоб нагирад. Умуман, бо худ бори вазнин гирифтан ичозат набуд. Кабл аз он ки дар мошин нишинанд, Ахмад Наим, ки синну солаш калонтар буд, ба Рахим рУ оварда: -Рахимчон, устод Идрис таъкид кардаанд, ки ту ин чо бимонй,- гуфт. -Чй тавр? Барои чй? Чаро дирУз ин гапро нагуфт? - гуфта Рахим бо саволхои пай дар пай ба Наим хамла мекард. -Намедонам, он кас худашон сабабашро мефахмонанд, - гуфта Рахимро хайрон монда бо гурУх хамрох шуда рафт. Рахимро вохима зер карда буд, ки дар як мамлакати бегона танхо мемонад Кош Абдурашидро ба Бухоро намебурданд. Бетокатона омадани Идрисро мунтазир буд. Хатто токати нишастан надошт. Назди панчара омада, ба берун менигарист. Ашки чашмонаш катра-катра рУи навхаташро шуста ба замин мечакид. Интизорй зиёд тул накашид. Идрйс мошинро ба сархади Лахистон гусел намуда, зуд баргашт. Рахим аз баргаштани Идрис огох шуда, мисли тири аз камон часта, ба утоки сардори гурУх, ки одатан Идрис дар он чо вохУрихо ташкил мекард, хозир шуд. Ичозати вуруд пурсида, сабаби манъ карданашро чУё шуд. ГулУяшро чизе сахт фишор меовард. То тавонист тамоми кувваашро чамъ намуда, бугзи гулУяшро фурУ мебурд, вале дилаш аз шиддати фишор ба кафидан моил буд. Идрис эхтиёткорона ва хеле чиддй сУхбат мекард. У сари Рахимро сила карда гуфт: -Писарам, ту зик нашав, барои як чавонмард, бо садои гиряолуд сухан гуфтан айб аст. Ту дигар чавони бузург шудай. Нисбати ту ман 19
нияти дигар дорам. Кобилияти хамачониба баланди туро ба назар гирифта, мо туро ба Иттиходи Шуравй бармегардонем. Ту ба мо махз дар он чо лозимй, фахмидй. Ту бояд вазифахои мухиму масъулиятнок ва хеле чиддиро анчом дихй. Аз як тараф корхои сиёсй низ бигУем, галат намешавад. Як бори дигар таъкид мекунам! Ман махз туро барои ин кор интихоб намудам. - Ба Иттиходи Шуравй? - Бале, ба Узбекистан ё чои дигар. - Чои дигар? - Шояд, холо маълум нест. Идрис бо нигохи маккоронаи хеш худро чун одами наздиктарини Рахим вонамуд мекарду худ аксуламали ин рафтораш буд. У ба тарафи Рахим даст дароз карда: - Писарам, аз ту як хохиш: он дарсхое, ки дар ин мамлакат омУхтй, хеч гох фаромУш макун! Максадамро фахмидй? Аз нигоххои харосонаю саволомези Рахим У пай бурд, ки максадашро нафахмидааст, идома дод: -Он мачлисхое, ки дар ин чо барпо мекардем, хамеша дар гУшат нигах дор! Дар Бухоро, бо бачахо, ки вохУрдй, хатман сУхбатро дар он мавзУъхо идома бидех! Ман аз ту, писарам, умеди калон дорам. Ба гУши Рахим дигар чизе намедаромад. Пеши назар, аввал симои модаркалонаш омад, сипас модару дигар ахли оила, хеле шерак шуду пурсид: - Устод, кай «бармегардам? г. с - Хамин рУзхои наздик, холо бошад, рафта' ягон чиз хУрда, истирохат кун, сУхбат бокй. Ману ту холо сУхбатхои зиёде дар пеш дорем. Рахим аз назди Идрис баргашта, каме ором шуд, вале аз рафикон чудо шуданашро таври дигар мефахмид. Ба худ фикр мекард, ки гУё аз онхо акиб монда бошад, ё донишаш ба сатхи онхо нарасид, ки сафари Лахистону Туркия насибаш нагашт. Боз рУ ба китобхои ба гУшае гузоштааш оварду яке аз онхоро гирифта, бе максаде ба варакзанй даромад. Харосон буд. Андеша мекард. Боли саманди андеша Уро гохо ба гузашта, гохо ба хаёти хамонлахзаина ва гохо ба ояндаи номуайян мебурд. Аз хамон рУз cap карда, барои Рахим зиндагии мустакилона огоз шуд... Уро модару модарбузургаш нихоят гарм пешвоз гирифтанд. Харду гарм-гарм рухсорахои Уро бУсида, ба каду комат ва тарзи 20
рафтори У бо хавас менигаристанд. ХУрокхои лазизи дУстдоштаашро хозир намуда, нону самбУса ва дигар таомхои болаззатро омода месохтанд. Онхо аз тамошои Рахим сер намешуданд. - Рахимчон-бачекам, худи Гирмоноба рафта, хама чиза омУхта омадй, канй ба ман гУй чй, тухм аввал пайдо шуда будааст, ё ки мург? - гУён модаркалон бо завк хандид. Ахли оила аз суханони модаркалон бо як овоз кох-кох механдиданд.' Хинни бачагй Рахим бо ин савол модаркалонашро безор мекард. Модаркалон наметавонист чй чавоб дихад ва исбот намояд, то набераи кунчковаш каноатманд бошад, бинобар ин ба У мегуфт, ки сабр кун, калон, ки шудй, худат мефахмй. Вахте ки Уро ба Олмон гусел мекард, низ гуфта буд, ки аввал ба хамон саволат чавоб пайдо кун, бокимонда чизхоро охиста- охиста меомУзй. Модару модаркалон дар гирду атрофи Рахим парвона буданд ва хар гуна савол хо дода, аз хаёти Олмон пурсон мешуданд. Масал ан, модараш мепурсид, ки немисхо чй гуна таомхо мепухтанд ва чй мардуме буданд, умуман, хама чиз барояшон чолиб буд. Рахим ба саволхои онхо чавоб дода, баъзан шУхихое мекард, ки хар дуй онхо хайрон мешуданд. Рахим аллакай дарк мекард, ки нисбати онхо чй кадар пеш рафтааст, фикрронии атрофиён барояш соддалавхона менамуд. Нихоят, модаркалон сари максад омад: -Рахимчон, илми немиса омУхта, боз хати ниёгонамонро фаромУш накарда бошй. ~ . с -Не, бибичон, чй тавр ман чизи медонистагиамро фаромУш мекунам? Чизхои медонистагиамро хар доим такрор мекардам. -Ин тавр, ки бошад, ман хурсанд, сари ман осмонба мерасад,- гуфта, модаркалон сари Уро сила карда, аз пешонааш бУсид. Баъди чанде, вакте даврони мехмониаш гузашт, Рахим аз модараш пурсид: -Модарчон, маро бисёр ёд кардед-ха? -Ох, бачекам, напурс. Шабу рУз дар ёди шумоён будам, нони хУрдагиям захр буд. Аз падарат тарсида, чизе намегуфтам. Як-ду бор гуфтам, ки сарзаниш карда: -Ту намехохй, ки писаронамон дар оянда одам шаванд? Дар Аврупо хондан ба хар кас насиб намешавад, шукр кун, ки ин бахти баландро худованд насибамон кардааст, - гуфта буд. Баъди хамин, дигар факат дарун-дарун гам мехУрдам. -Модарчон, аз рУзи омаданам, "ёд кардем", "ёд кардем" мегУеду хеч ёд карданатонро надидем. 21
-Нафахмидам, чиро дар назар дорй? -Чй хел нафахмидед. Охир ман кариб се сол шуд, ки тухмбарак нахУрдам, кай мепазед? -Вай, мурам писаракамба, мани содда аз хурсандии дидората фаромУш кардам, ки тухмбараки дУстдоштаатро бароят пазам. Худи хамин рУз, худи хамин рУз тухмбараки бомазза мепазам. Модар зуд ба ошхона рафта, аз пайи омодагй шуд. Рахим назди токчаи китобхо рафта, китобхоро як ба як аз назар мегузаронид, ки ин дам Мунзим писарашро наздаш хонд. У ба утоке, ки падараш асосан дар хамон чо кор мекард, даромада, суоломез ба падар рУ овард: -Лаббай, дада? Мунзим рУи кУрпачаи махмал нишаста, дар наздаш китобхои зиёдеро чамъ карда буд. РУи пояи китобхонй китоби бузурге боз буд ва болои он айнакаш гузошта шуда, дар наздаш як чойник чой, як пиёла ва дар табакчае мавизу матзи бодом меистрд. У писарашро ба нишастан даъват карду аз cap то пои Уро аз назар гузаронид. Чехраи зебову дилкаш, харакатхои омирона, суханронии босаводона ва ботамкинии писараш Уро ба вачд меовард. Аз як кУдаки соддаи тарсу ба чунин чавони болаёкат табдил ёфтани писараш дар байни чанд соле мутахаййир буд. Рашид ончунон падарашро коил накарда буд. Тахсилу таълими аврупой ба писари хурдй он кадар таъсири амике нагузошта буд, аммо Рахим дар хакикат, шоёни тахсин буд. У д. сэхсосоташро пинхон карда, бо хамон чиддияти хосе, ки дошт, ба Рахим рУ овард: -Писарам, дар умри чавонат хамаи ин мусофирихо, гарибихо ва дурй аз наздиконро аз cap гузаронидй. Ин кори нихоят душвор буд. Барои ман низ мушкил буд. Аз фарзанд дур будан барои волидайн, махсусан падар хеле тарой аст, вале бори ин хама мушкилиро ман бар дУш гирифта токат кардам. Хамааш ба хотири чй буд? Албатта, ба хотири ояндаи дурахшони худату додаракат. Инак, ки ту баргаштй, сари ман ба осмон расид, илми то имрУз азбаркардаат низ барои Бухоро кофй аст, дар ин шахри кадимй, ки тоза рУ ба тараккй ниходааст, чун ту одами босавод, бо донистани забони олмонй ба нудрат ёфт мешавад. Донистани забони хоричй аз хунархои волост, вале ман мехохам туву додаракат донишатонро сайкал дихед. Тахсилатонро идома дихед, яъне бо ин дониши андУхтаатон кифоят накунед. Максади маро фахмидй? - Мунзим чунин хислат дошт, ки бо фарзандонаш хамеша мисли одами бузургсол хеле чиддй сУхбат мекард. Ту ба ин чй мегУй? 22
-Падарчон, хар фикре, ки доред, равшан бигУед. -Манзури ман ин аст, ки Бухоро шахри кадимии шаркист. Лз лихози тамаддун, гарчанде кадимй хам бошад, ба шахрхои бузурги Шуравй баробар шуда наметавонад. Ба гайр аз ин, забони олмонии омУхтаат, ин чо ба дарди касе намехУрад. -Чй кор кунам, падар? -Ман аз паи чустучУи мактаби олмонй мешавам. Хамин, ки ёфтам, туро он чо мефиристем. Агар шавад, боз хамрохи бародарат, вале мебинам, ки дар дили У он кадар шавки хондан нест. Рахим ба тамошои шахр баромад. Ба истиснои арку баъзе манорахои таърихй кУчаву хиёбонхои шахр барояш хеле кУчаку назарногир менамуданд. Мардуми шахр низ як навъ содда ба назар мехУрданд. Ба гайр аз китобхона Рахим чоеро барои худ пайдо накард. Дар миёни рафхои китоб гарк шуда, У аз пайи чустучУи китобхои ба забони олмонй гашт. Миёни душман Баъди аз назар гузаронидани кисахову бадани Рахим, ду нафар сарбози немис Уро пеш-пеши мили автомат назди сардор оварданд. Инчунин, як нафар мутарчими немис, ки ба забони русй канда-канда харф мезад, хозир шуд. Вакте ки аз забондонии Рахим огох шуданд, тарчумонро чавоб доданд. гt с Сардори ситод Штефан марди коматбаланди зардина бу да, чашмони обии дурушт дошт. МУйхои тиллорангаш ба як тараф шона шуда, хушсурат буд. Чехраи орому ботамкинаш ба чашмони тезу гирои серхаракаташ хамохангй намекард. У нобоварона ба Рахим ва рутбаи У нигариста: -Капитани ШУравй? Яку якбора таслим шудй? То имрУз кучо будй? Чаро то имрУз немисхоро ба катл расонидй? Чаро барвакттар ба тарафи мо нагузашти? Ха? Чосус! Чосус хастй! Гумон мекунй мо... -гУён якбора бо саволхои беохир Рахимро бомбаборон кард. Рахим саросема шуда, такрор ба такрор чизе мегуфт, аммо Штефен, ки рангу рУяш суп-сурх шуда буд, хамоно суол медод. Нихоят, Штефан ором шуду ба Рахим сухан дод, У оромона бо лахни фахмои немисй ба сухан баромад: -Роста ran, ман ин амали шумоёнро интизор набудам, гумон мекардам, ки маро хуш мепазиред, зеро хадафи ману шумо як аст. Ман аз аввал нисбати болшевизм ва Иттиходи Шуравй бадбин будам, 23
зеро таълиму тарбияро дар Олмон гирифтаам. То ин дам фурсати муносиб наёфтам, ки аз чанг фирор кунам ва хаминро таъкид карданиям, ки то имруз ман ягон касро накуштаам, олмонихо хамватани мананд... ИмрУз маро фурсат муносиб афтиду ман дар ин чоям. Барои як гунохи ночизам маро ба чабхаи чаримавй партофтанд. Аз он чо умеди зинда баргаштан набуд. Умуман, ба хотири дар Олмон тахсил карданам, чониби шуравй нисбати ман бадбин аст ва бо хар коре шуда, маро таъкиб мекунад. Штефан ба тарзи талаффуз ва нигоххои Рахим зехн монда гУш мекард, дастонаш ба ларзидан даромаданд. Чехраи аргувониву чашмони аз косахонаи cap баромадааш киёфаашро пурра дигаргун сохта буд. У ба Рахим наздик шуда, бо аломати инкор cap мечунбонид ва кас гумон мекард, ки хозир муштро ба кор мебарад, вале аз чй бошад, ки ин корро накарда боз пурсид: -Чй тавр то хадди капитанй расидй. Росташро гУй, забони олмониро хуб омУхтай, то ба ту бовар кунем. Харгиз! -МУхлатам омаду капитан шудам, барои ин ман хизмате хам накардаам. Вучуди Рахим аз хаячон меларзид, худ коил буд, ки чй гуна накшашро хуб мебозад, пурра вориди накш гашта буд. Аз муносибати немисхои атроф, ба гайр аз Штефан дарк мекард, ки то андозае ба У бовар кардаанд. Ин баъди он буд, ки онхо кадом миллат будан ва дар кадом шахрхои Олмон тахсил карданашро фахмиданд. Рахим хисси нафраташро нисбати Шуравй чунон самимона нишон дод, ‘ки’ немисхоро дигар мачоли савол додан хам намонда буд. Утоки ситоди немисхо бухории бузурге дошт ва он аз шиддати оташи баланд гулдуррос мезад. Штефан беист сигор мекашид ва бо муовинаш дар бораи шУравии таслимшуда ва кисми низомие, ки Рахим дар он хизмат мекард, маълумот мегирифт, зуд-зуд барои равшанй андохтан, ба У суолхои кУтохе низ медоданд. Инак, дафъаи чандум аст, ки Штефан аз сардин хона шикоят мекунад ва ба оташмон фармон медихад, ки оташро баланд кунад. Хавой хона гарму хафакунанда ва бо дуди сигор махлут гашта нафаскаширо вазнин мекард. Дар кунчи уток якчанд афсарони немис низ дукад шуда менишастанд, маълум буд, ки аз хавои сард дилгир шудаанд. "Хуш ба холатон, халки кабир, ки сардии иклиматонро танхо худатон мебардоред, барои тахаммули зимистонхои кахратун хазорхо ахсант. Биёеду бо хам тамошо кунем, ки чй гуна фашистов аз сардии табиати шумо дар азобанд, биёеду бо хам аз ларзиши баданашон завк 24
бубарем. Бародарони рус! Биёеду бо хам ба ин разилон мурочиат кунем: "Эй тУдаи аблахон! Магар забт кардани хоки бегона бароятон сахл намуд, чаро хонахои гарматонро чунин сард намудед"...- аз дил гузаронид Рахим. Бояд икрор шуд, ки дар масъалаи хУрок ба Рахим-аз чониби немисхо илтифот зиёд буд, хатто баъзан сигор низ- пешниход мекарданд. Хузури Рахим дар ситоди немисхо норохатй эчод мекард, зеро у гуфтахои онхоро пурра мефахмид, баъзан хузури Уро фаромУш карда, харфхои барои сиёсати худашон ночой низ мегуфтанд, аз кабили хастагй аз чанг, хасрати дидор, шароити мусоиди хона, пушаймонии зиёд, афсУси фаровон ва гайра. Баъди чанде истинтоку пурсишхо ва санчишхои зиёде, билохира, исбот шуд, ки Рахим дар хакикат аз Артиши ШУравй фирор карда, бо хохиши худаш ба чониби немисхо таслим гаштааст. Хатто, боре дар пурсиши сахте, ки дойр гардида буд, афсари немисхо нисбати У дагалии зиёд намуда, рУирост гуфта буд: "Хатман Уро ба катл расонидан лозим аст, то вакти киммати моро дигар нагирад”. Дар чунин лахза, инсон метавонад, заифй нишон дихад, вале Рахим, бо таассуфи зиёде чунин чавоб дода буд: "Ман аз беадолатихои ШУравй ба танг омада, ба шумо панох овардам, чй илоч, модоме ки шумо низ аз адолат бебахра бу да, эъдомам карданй бошед, ба катл расонед! Бигузор бимирам, то дигар дар ин дунё ба беадолатихо рУ ба рУ нагардам..." Рахимро ба шахри ^Борисов ба акибгохи душман бурданд, ки дар он чо асирони харбии Иттиходи Шуравй нигох дошта мешуданд. Миёнахои феврали соли 1944 Уро ба тими (командаи) АК-3 "Сеппелин" гузарониданд. Сардории онро гаупштурмфюрери СС Битс бар Ухда дошт. Битс Рахимро аз рУзхои аввал хуш пазируфт. Рахим низ ба хотири ба боварии пурраи немисхо даромадан, хама супоришхои гирифтаашро софдилона ичро мекард. Дар "Сеппелин" вазифаи асосии У аз пурсиш иборат буд, яъне асирони ШУравие, ки аз манотики Осиёи Марказй буданд, бештар аз чониби Рахим пурсида мешуданд. Хангоми пурсидан мекУшид, ки нисбати асирон дагалй накунад, вале дар хузури немисхо баъзан накш бозида, бо садои баланд ба пурсиш мепардохт. Рахим чониби немисхоро розй кунониданй мешуд, ки дар вакти пурсиш барои чизеро ноил шудан, садои баланд ба дард намехУрад. Масалан, У хангоми пурсиши казокписаре, ки тоза 18 сол дошт, хеле мулоиматй зохир кард ва аз чониби сардораш огохй гирифт. Рахим бо каме асабоният ба У арз кард: 25
- Ман намефахмам, чаро хама гумон мекунанд, ки махз садои баланду оханги тахдидомез асирро водор мекунад, ки дар бораи худ чизе бигУяд. Баръакс, бо ин асирон ба такдир тан дода, хеч чизро ошкор намекунанд. Бо ин таъкидхояш Рахим мехост нисбати хамватанони хеш андаке хам бошад сабукй орад. Мутаассифона, кисми зиёде аз онхоро урдугоххои шароиташ вазнин интизор буд. Рахим дар муддати кУтохе тавонист то андозае ба боварии тарафи немисхо дарояд ва ба рутбаи гаупштурмфюрери СС ноил гардад. Акнун У афсари асосии пурсанда махсуб мешуд. Он маълумоте, ки хинни пурсиш ба даст меоварданд, ба таври маълумотномаи умумй ба раёсати "Сеппелин"-и Берлин ирсол мекарданд ва ахбори тозаворид дар раёсати разведка хамчун маводи дастрасшуда оид ба Иттиходи ШУравй зам мешуд. Инак, Рахим пурра ба боварии чониби Олмон даромада буд, сардор зуд-зуд Уро ба наздаш даъват намуда, оиди хар гуна роххои пешрафти кор ва накшахои минбаъда бо У маслихатхо мекард, яъне Рахим аз шахсони ббэътимоди сардор махсуб мешуд. Акнун рохи максуди дар пеш истода ва асосии У хар чй зудтар ба "Легиони Туркистон" рох ёфтан буд. Дар баробари Рахим дигар ашхоси ШУравй, ки хоинона ба тарафи Олмон гузашта буданд, низ дар ин пурсишхо фаъолият мекарданд. Дар навбати аввал онхо бо Рахим муносибати хуб доштанд, вале болоравии нуфузи Уро дидгс, хисси хасудии онхо боло гирифта буд. Яке аз чунин симохо Шереметев буд. Шереметев ё Бобков Николай Иванович капитани Артиши Шуравй, солхои 1942 дар хоки Крим асири немисхо гаштааст. Такрибан 44-45 сола, миллаташ рус, ихтисосаш муаллим, миёнакад, ранги мУйхояш хурмоии баланд буда, чашмонаш кахвагун (мешй) ва нуги димогаш варамидаи сурхранг, шабехи майхорагон буд. Худи У низ ба шароб майлу рагбати фаровон дошт. Чониби немисхо ба У рутбаи капитани СС додаанд. У дар гурУхи "Сеппелин" хизмат мекард ва вазифаи асосиаш низ аз пурсиши асирони Шуравй иборат буд. Факат дар доираи пурсиши У асосан асирони русзабони Шуравй буданд. Баъдтар У дар урдугохи "СС”-и "Зандберг”-и Олмон гузашт ва рохбарии гурУхи русиро дар мактабе, ки афсарони пурсанда омода месохтанд, бар Ухда дошт. Сифати хоси Шереметев он буд, ки ба немисхо садокати комил дошт ва барои фаъолияти зиддишУравй бур дан, барои ичрои хама гуна фармон хозир ва барои ба хар кори паст даст задан кодир буд. 26
Рахим мекушид аз сУхбатхои У дур бошад, зеро Николай Иванович бахсро хеле дУст медошт ва Рахим аз асабонияти бемаврид хазар мекард. Чандин маротиба У ба Рахим дарафтода, исбот карданй мешуд, ки У чосуси шУравист. Рахим, ки тачрибаи хуби пинхонкорй пайдо карда буд, барои cap назадани шубхае аз маколи "Чавоби ахмак сукут” истифода мекард ва аз У худро канор мегирифт. Яке аз хамкору хамватани дигари Рахим - Исмоил буд. Соли таваллудаш тахминан 1914 буда, зодаи шахри Тошканд буд, миллаташ тотор. Бо ихтисоси коркуни савдо маълумоти олии нопурра дошт. То огози Чанги бузурги Ватанй, дар "Узбекторг", яъне сохаи савдои Чумхурии Узбекистан кору фаъолият мекард. Охирхои солхои 1941 ва аввалхои соли 1942 бо рутбаи лейтенантй ба асорати немисхо афтодааст. Дар урдугохи Борисов Рахим Уро бори аввал хамчун афсари пурсандаи "СС" бо рутбаи лейтенант вохУрда буд. Исмоил акоиди зиддишУравй дошта, дар хар кадам ин нафрати худро ошкоро баён мекард. Асирони шУравиро берахмона мепурсид, истинтокашон мекард. Барои саркашии ночизе онхоро мавриди латту кУби зиёде карор медод. Барои У Германияи фашиста ва тактикаи он аз хама мукаддасоти олам боло буд. У як марди миёнакади фарбех буда, рУи гирди камриш ва мУйсиёх буд. Чашмони танги хамранги мУяш медурахшиданд, ба забони Узбекй хуб харф мезанад, вале хангоми гуфтор шеваи тотрриаш бараъло хис карда мешуд. Кариб аксари аъзои "Кумитаи миллии Туркистон" нисбати Иттиходи Шуравй бадбин буданд ва пайваста дар бораи Ватанй худ бадгУй мекарданд, хар гуна латифахои тахкиромез бофта мебароварданд, асиронеро, ки ба хубй cap намефароварданд, зери шиканча карор медоданд. Онхо аз хисоби асирони Осиёи Марказй сафи хоинони Иттиходи ШУравиро зиёд мекарданд. Рахим низ барои шубхаи хамватанонашро наовардан, баъзе латифахои зиддишУравй бофта бароварда буд. Битс, ки аз сарсупурдахои фашизм ба шумор мерафт, дар симои Рахим, ба хайси одами донишманд ва сохибфарханг, ки аз лихози сиёсй босавод буд, яке аз ракибони асосии Иттиходи ШУравиро медид ва хар кори чиддиву махфиро бо У кисмат мекард. Борхо бо Рахим сУхбатхои дурудароз намуда, рУирост иброз карда буд: " Хеч гох фикр намекардам, ки аз як кишвари дурдасти Шарк чун Бухоро ё Сталинобод чунин шахси хозиразамон ва босавод баромада бошад". Ин таърифхои рУирост Рахимро рУхбаланд намуда, хисси 27
масъулияташ меафзуд ва бештар мекУшид, ки вазифаашро хубтару бехтар ичро намояд. Ин навбат Битс Рахимро 6а назди худ даъват карда, чун хамеша хуб пешвоз гирифт, сипае сигор равшан намуда гуфт: -Маро хайфам меояд, ки шумо барин шахси донишманд танхо ба пурсиши ду-се асири касифи шУравй машгул бошед ва донишхои аз бар намудаатонро бехуда барбод дихед. Барои пурсиши ин асирон дониши казой лозим нест. Бинобар ин, ман ба фикри бароятон пайдо намудани чои сазовор шуда, ба хулосае омадам. Шумо фардо бояд ба Берлин сафар кунед. -Ба Берлин? -Бале, ба Берлин. Албатта, маълум нест, барои чанд муддат, гумон мекунам дар он чо муддати тУлонй хохед монд. Ман аникашро фардо ба шумо мегУям. РУзи дигар Битс Рахимро чег зада, ба У лифофаеро дод, ки дар рУяш нишонй ва унвони ким кадом доктор Тайх навишта шуда буд. Баъдтар Рахим фахмид, ки ин нишони Сарраёсати бехатарии империяи Олмон буда, доктор Тайх рохбарии онро бар Ухда доштааст. Миёнахои мохи март. Табиат аз нав эхе мешавад. Насими гуворои бахорй накхати форам меорад. Хониши паррандахо инсонро ба олами дури рУъёхо мебарад. Омадани бахор дар хама шахрхои бузурги дунё яксон аст. Гумон меравад, ки шахрро бо оби мусаффо тоза ш^ста, ба дарахтон ва дигар рустанихо чилои^ махсусе дода бошанд. Ин лахзахо кас хатто аз чанг низ фаромУш мекунад. Агар дар шахр мошинхои зирехпУш, одамони аслихабардУш ва баъзе шиорхои чангй ба чашм намехУрданд, кас гумон намекард, ки ин кишвар дар холи чанг карор дорад. Чавони такрибан 30-солае бо комати баланду бозухои фарох ва гардани роста зебо, ки аз машки бадани У шаходат медод, бо пешонии васеи хамвор ва абрувони сиёхи камоншаклаш хеле диккатчалбкунанда ба назар мехУрд. Чашмони сиёхи бодомшакл ва димоги баланди кунгурадор, ки шабехи димоги юнониён буд, ба сурати ин чавон хусни хосае мебахшид. Рахим бо ин димоги юнонишаклаш миёни хамсабакони Маскавию Ленинградиаш хамчун "ученйй", яъне "олим" маъруф буд. Дандонхои сафеду хамвор ва манахи росташ хангоми сУхбат бо хам хамоханг буданд. У аз манзараи нотакрор ва боди форами бахорй халоват бурда, дар кУчахои Берлинкадам мезад. Ин фасли сол хотироти инсонро зинда мегардонад. У аз бахорони овони чавонй cap карда, хама бахорхои дигарро пай дар пай ба ёд 28
меовард. Инак, ним соат зиёд аст, ки У интизории доктор Тайхро мекашад. Аниктараш, Тайх бо зердастонаш мачлис мегузаронад. Рахим аз рУзи "таслим" шуданаш бо мачлисхои дам ба дами дилбазани ин ташкилот ошной дорад. У интизориро токат надошт. Хаёт хама интизорист, интизори сардор бу дан, интизори фармон бу дан, интизори вакт будан, интизори дидор будан ва хазорхо интизорихои дигар... Кош лоакал дар ичрои амал озод мебуд, лек ин такозои вазифа аст, ки рУз ба рУз масъулияташ сангинтару гаронтар гашта, бо бунбастхову печидагихои зиёде рУ ба рУ мегардад. Духтарчае дар тан болопУши пойизй ва дар cap кулохи кирмизй назди У медавад. - Амак, амакчон, гурбачаро аз дарахт фароред,?-гУён илтимос мекунад. Рахим ба назди дарахти санавбаре, ки рУи он гурбаи кУчаке бо думи варамида нишаста буд, рафт, чун гурба хеле баланд баромада буд, коре аз дасташ наомад. - Чй тавр шуд, ки У он чо баромад? - Аз саг тарсид. Аз Динго, саги хамсоя, саги хуб аст, вале гурбача инро намефахмад, аз чй бошад ки Уро хеле бад мебинад. Духтарак ханУз ба болои дарахт нигариста, гурбачаро бо л ахни ширини кудакона ба наздаш мехонд. Рахим Уро ором карда: - Ту хавотир нашав, У охиста-охиста мефарояд, - гуфту ба ёдаш оилааш, фарзандонаш, рталинобод омад. Лахзае, дакикае, шояд сонияе дилаш гум зад. Духтарчааш гУё аз каъри олами хотирот бо ин духтарак дари дилашро кУфт. Чандин бор ЛУъбатчони дУстрУякаш гурбачахоро гирифта ба хона меомад ва илтимос мекард, ки ичозат диханд, то онро дохили куттие чой дихад, вале на Уву на Мунирахон розй намешуданд, ки дар хона гурба нигах дошта шавад. Писараш Зафарчон бошад, орзу дошт, ки дар хавлй саг дошта бошанд, лекин волидайн, бинобар бузургии хавлй ба ин таклифи писарак комилан зид буданд. Рахим хис кард, ки чй кадар кУдаконашро пазмон шудааст, кош имкони як лахза дидорашон даст медод, то хар кадомашонро сахтакак ба огУш мекашиду гарм-гарм мебУсид, бо онхо бо лахни кУдакона сухан мегуфт. Рахим рафтор, амал ва хатто фикрашро пурра идора карда метавонист, ки ин яке аз истеъдодхои бузурги бо машкхо сайкал ёфтаи У буд. Зуд фикрашро чандин фарсах кУчонида, дохили Берлин шуд... Доктор Тайх мачлисро тамом карда, дар утоки кориаш менишаст, Рахимро хуш пазируфта, лифофаро кушода, ба хондани 29
он пардохт. Аз чину чуруки абрУхояш гумон мекардед, ки гУё он мактуб ба забони хоричй навишта шуда бошад. Рахим зехн монда, сурати Уро мушохида мекард. Баъди ошной бо аснод дар чехраи нихоят чиддии доктор табассусе хувайдо гашта, бо Рахим расман шинос шуда, Уро ба мошин даъват намуд ва онхо ба рох даромаданд. Дар кУчахои Берлин муносиботи дидбонхоро нисбати доктор Тайх дида, ба обрУву эътибори У коил шуд. Доктор Тайх Уро шахсан ба хонаи шумораи 56 оварда, тавассути яке аз зердастонаш бо хонаву чой ва шароити хуби зист таъмин намуда, худохофизй кард. Бо марди зердасташ чизеро бо садои паст дурудароз маслихат карда, ба Рахим таъкид намуд, ки ду рУз дар ихтиёр дорад, яъне метавонад ин ду рУз истирохату гардиш намуда, баъди он ба Тайх телефон кунад. Утоке, ки Рахим дар он чо зиндагй мекард, аз мехмонхонахои дарачаи аввали империя махсуб мешуд. Шароити зисти дарачаи аъло ва табиати зебо рУхи Рахимро ором мекард. Панчараро боз намуда, аз хусну таровати табиати афсункор халоват мебурд. Гарчанде хаво сард буд, вале муждаи бахор охиста майдони зимистонро танг мекард. Факат шабхо хаво сард гашта, чУю кУлчахо ях мебастанд. Кас аз нафаскашии хавои тоза сер намешуд... Аз чй бошад, ки Рахим якбора ба ёди бахори шахри Ленинград афтод... Вакте ки онхоро аз Олмон ба Бухоро баргардониданд, Рахим дар Бухоро^ имконияти идомаи тахсилро надошт, зеро ^ар Олмон тадрис ба’забони олмонй буд, инчунин, фанхое, ки дар он чо даре дода мешуд, аз мактабхои шУравй комилан фарк мекард. Мунзим ба хотири хифзи донишхои андУхтаи писараш аз паи чустучУи роххои бехтар гардид. Баъди пурсишхои зиёде тавассути риштаи маориф, ба у расониданд, ки дар шахри Ленинград мактаби немисие хает, ки писараш метавонад дар он тахсили илмашро идома дихад. Бахори аввали шахри Ленинград айнан чунин таассуроте дар хотири Рахим гузошта буд. Шахри бузурги бегона, бинои бохашамат, дур аз ёру диёр, ташнаи дидори наздикон ва нихоят хавои нотакрори бахорие, ки оламро ба шахри орзухо мебарад. Ёдаш омад, ки чй кадар дар омУзиши забони руей мекУшид. Муаллими забони русиаш Афанасий Степанович доимо таъкид мекард, ки забони русиро чун забони олмонй биёмУзад, Уро мачбур месохт, ки ваъда дихад, то ин забонро низ мисли забони модариву забони олмонй аз бар мекунад, вале Рахим ваъдаи бечо доданй набуд. У гумон мекард, ки забони руей аз дигар забонхо дида, мушкилтар 30
аст. Нихоят, ин забонро низ пурра аз бар намуд. Китобхои зиёди ба ин забои хондааш барои баёни фикр кУмак мекарданд. Махсусан, соли 1929, вакте ки мактаби ленинградиро тамом карда, ба фокултаи коргарии (рабфак) шахри Маскав дохил шуд, хама нерУяшро пурра ба омУзиши ин забои района сохт, ки минбаъд барои тахсил дар Академияи харбии мухандисй кУмаки зиёд кард. Баъзан фикр мекунад, ки забони олмониро хуб медонад ё забони русиро ва хулоса мекунад, ки хар ду забонро дар як сатх медонад. Аммо забони модарй, забони калби Уст, забони хамдаму хамрозаш, забоне, ки хинни баёни фикрхояш гиреххои бастаи дилашро боз мекунад. Забоне, ки бо он фикр мекунад, забоне, ки бо он нома менависад, забоне, ки бо он ба махбубааш изхори мухаббат мекунад, забоне, ки бо он мегиряду механдад, забоне, ки бо он фахр мекунад, забони точикии азизаш аст. Махз ин забони ширин аст, ки хама ёддоштхояшро тавассути он рУи когаз меорад, бештар баёнашро бо хуруфоти форсй менависад... Ду рУз баъд Рахим ба назди доктор Тайх хозир шуд. Ин дафъа низ Тайх Уро ба назди бинои бохашамат, ки дар сохили кУли зебое сохта шуда буд ва хеле назаррабо ба назар чилва медод, овард. Ин бино низ мехмонхонаи дигари империя буд, ки он чо ашхоси баландмартаба бояд зиндагй мекарданд.Дар яке аз утокхои ин бино сУхбати Тайх бо Рахим сурат гирифт. Тайх сУхбатро аввал тавассути тарчумон огоз кард. Чавони хушсурате, ки забони русиро хуб медонист, дар вакти харф задани тарафайн айнакхои нозукашро зуд-зуд аз болои биниаш рост мекард, гУшу хуши сУхбати он ду нафар буд. Рахим ба тарчумаи он чавон диккат дода, дар баъзе мавридхо равшанй меандохт. Чун Тайх аз забондонии хуби Рахим огох шуд, дигар хочати ба мутарчим рУй овардан набуд. Албатта, Рахим дар навбати аввал саросема шуда, дар интихоби калимахои мувофик танкисй мекашид, вале зуд худро ба даст гирифта, минбаъд бо забони хуби адабии олмонй ба муховара пардохт. Ин холат ба Тайх хеле хуш омад. У якчанд калимахои адабиеро, ки Рахим хини баёни фикраш истифода карда буд, такрор намуда, гуфт: -Ростй, Битс туро таърифи зиёде карда буд, вале махорати забондониатро то ин дарача интизор набудам. Дар вохУрии аввал гумон кардам, ки танхо забони гуфтугУиро хуб медонй, маълум шуд, ки ту устои ин за бон будай, дар хакикат хам маро хайрон сохтй. Бо чунин мардони маърифатнок сУхбат карданро хуш дорам, фикрамро 31
зуд мефахманд, вале вой бар холи шахсоне, ки чалласаводанд... Чанг дар хар давру замой баъзё ашхоси бесаводро низ тасодуфан ба майдон меорад, ки то аз байн рафтанашон хар кадоми онхо ба чамъият чй Кадар садама ворид меоваранд. Тайх, ки аз намуди машрубот бештар ба коняк рагбат дошт, дар ин вохУрй низ яке аз навъи аълои онро интихоб карда, Рахимро зиёфат дод. Ливонхои кУчаки зебои кирмизй рУи дастурхони сафеди охарй чилои ачибе мебахшиданд. Тайх баъди нУшидани ливони навбатй, заррае аз шоколади чормагзиро, ки низ хеле аз шоколадхои нодир махсуб мешуд, ба дахон бурда, ба Рахим ру овард: - Чаноби Бурхан, манзури даъвати маро шояд пай бурда бошед. Ман аз кордонй, тачрибаи кофй ва маълумоти шумо хабар дорам ва имрУз аз забондонии олии шумо низ огох шудам. Боиси хурсандист, ки чунин шахсони босавод дар замени мо хастанд ва ба онхо мешавад чандин корхои чиддиро бовар кард, яъне дар хамкории тарафайн мо метавонем натичаи назаррасеро ба даст биёварем. Дар бораи кори минбаъдаи шумо, яъне кори чиддй ва муфиде, ки махз саводи шумо ба дард мехУрад, ман якчанд пешниход дорам. Рахим, ки то имрУз аз кори кардааш чандон розй набуд, яъне гумон мекард, ки аз Ухдаи вазифа набаромада истодааст, чунин таклифот барояш айни муддао буд, бидуни тагйири киёфаи чиддй, ГуфТГ ~;L H.L - Бароям хеле чолиб аст бифахмам чй гуна пешниходотро метавонед ба ман пешкаш намоед? Тайх аз дохили дУхтаи махсус чанд варак бароварда, дар холате, ки чашм аз он когаз намеканд, гуфт: - Пешниходи аввали ман ин аст, ки дар худи хамин "Сеппелин" хидматро идома дихед; - пешниходи дуюм кор дар Гестапо; -пешниходи сеюм кор дар "Кумитаи Туркистон" ва нихоят, кор дар риштаи гайринизомй, яъне дар ягон созмони гайринизомй кор карда, хамзамон бо мо хамкорй хохед кард. Дар рУихати ман чанд адад аз ин коргоххо оварда шудааст, ки низ дар интихоби он пурра хакдор хастед. Аз ин чахор чои хеле мухими дастгохи марказй якеро бояд интихоб намоед ва аз паи амалй шудани накшахои кашидаамон шавед. Инро бояд кайд кард, ки ин чахор самт захмати зиёдеро металабад ва максади асосй аз хар яки мо ба хотири Германияи бузург хизмат карданро такозо мекунад. 32
Барои Рахим хар чахор таклиф хушоянд буд, зеро кор дар ин созмонхо майдони фаъолияти разведкавии Уро васеъ мекард, бинобар ин бо боварии том чавоб дод: -Дар чое мехохам кор кунам, ки дар мубориза алайхи болшевизм ва Иттиходи ШУравй фоидаам бирасад, мехохам фардо фарзандони сазовори Германияи бузург маро ба некй ёд кунанд. Аз ин чавоб доктор Тайх каноатманду болидахотир гашта, фикрашро чунин иброз дошт: -Ман низ хохони онам, ки чои интихобкардаатон табъи дил ва аз лихози дарача ба донишатон муносиб бошад. Хуб, ин чор масъала барои бехтар андеша карданй шумо хавола мегардад. Баъд аз як Хафта дар манзили ман, дар Ванзес вомехУрем. Ба шумо муваффакият ва комёбй хохонам. Ин вохУрй дар арафаи иди пасха сурат гирифт. Хини худохофизй Рахим аз Тайх ичозати чашнгирии иди пасхаро дар хонаи олмонидухтаре бо номи Пфлуг Гейдвиг, ки тоза ошной пайдо карда буд, гирифта, зуд рохи манзили онро пеш гирифт. Модари духтар дар дехаи наздики шахр зиндагй мекард. Ошной бо Гейдвиг хеле ачиб сурат гирифта буд. Вактхои нав ба Берлин омаданаш, дар мехмонхонае, ки дар кУчаи Курфюрстердам чойгир буд, Рахим хУроки нисфирУзиро хУрду каме хост, ки аз хавои бахории ин шахр нафас кашад. Шахр орому осуда буд. Дар кУчабоги наздикии мехмонхона Рахим нигохи ноаёни касеро( ба сУяш эхсос намуда, чониби он нигарист. Чанд кадам дуртар духтараки ситорагарме бо мУйхои тиллорангу чашмони обй тарафаш менигарист. Вакти чашм ба чашм хУрдан, духтарак нигохашро гурезонида, ба сУи фаввораи дар самти чап буда нигарист. Калби Рахим, ки солхои охир аз чунин нигоххои пурмехру бохарорат дур шуда буд, якбора гарм шуду охиста- охиста чониби духтар кадам бардошт. Духтарак ин холро дида, саросемавор самташро иваз намуда, ба рох даромад, вале кадаммониаш хеле охиста буд ва хар чй наздик шудани Рахимро интизор буд. Аз ин рафтори соддалавхонаи духтари ношинос Рахим завк бурда, ба У наздик шуда, бо садои махину оханги навозишкорона гуфт: -Салом арз мекунам, дУшизаи зебо. Духтарак бо лабони пуртабассум, бидуни он ки нигохе чониби Рахим андозад, сарашро бо аломати алейк чунбонид. -Ман метавонам, исми зебои шуморо бифахмам? - Бо хамон оханг идома дод Рахим ва зуд сУхбаташон кУр гирифт.Барои Рахим бо ин духтар шинос шудан чунон осон намуд, ки худ хайрон шуд, чй 33
тавр онхо барои рУзи дигар дар наздикии мехмонхонаи мазкур соати вохУрй таъйин намуданд. Баъди аз назди Пфлуг рафтан, Рахим соати вохУриро бетокатона интизорй мекашид. У дар тафовути мардуми Шарку Гарб зуд-зуд хайрон мешуд, махсусан, вакте занхову духтарони Шаркро бо Fap6 мукоиса мекард. Мунирахон, ки бо Рахим гахворабахш шуда буданд, танхо баъди тУи арУсй бо хам хамгап шуданд; то ин вакт Рахим факат фурсат мекофт, ки аккалан як-ду калима харф бизанад, вале Мунира хамин, ки Уро медид, мисли тири аз камон часта, бо шаст рохи гурезро пеш мегирифт. Умуман, Рахим ёд надорад, ки бо духтаре дар Бухоро ё дар Сталинобод дУстй карда бошад. Чун умри зиёди У дар Гарб ва шахрхои аврупой сипарй шуда буд, бинобар ин ба бисёр нозукихои шаркиёна сарфахм намерафт. Инак, лахзаи дидор наздик буду кал би Рахим аз харвакта дида сахттар метапид. У дасташро рУи калбаш бурда, худро ором карданй шуд: - Ором шав Рахим, наход як духтарча калби ту барин капитани "СС"-ро чунин биларзонад... Мутаассифона, дар соати мавъуд вохУрии онхо сурат нагирифт, зеро он соат хатари хавой эълон карданд. Шахр аз чониби хавопаймохои чангии англисй бомбаборон карда шуд. Нихоят, соати 5-и бегох садои таркиш кам гашту Рахим бо Пфлуг вохУрданд. Онхо дар шахр гардиш карда, дар толори кино филмеро дар бораи аспсаворй ва саворагон тамошо карданд. Хини тамошои филм Рахим хис мекард, ки Пфлуг дуздида ба У менигарад, вале худро чунин саргарми тамошои филм вонамуд мекард, ки гУё ин.нигохи мехрбор, санчанда, пурхавасро хис.. намекунад. Рахим бо ин бепарвой мехост, ки духтарак худашро гум накунад. Чун дид, ки духтар аз У чашм намеканад, як ба тарафаш нигаристу дастони нозуку латифи Уро дар дасташ гузошта, ба тамошои филм идома дод... Иди пасха яке аз идхои писандидаи Рахим буд. Умуман, У хамагуна идро дуст медошт, чй идхои мусалмонй, чй идхои масехй ва чй идхои давлатиро. Иди дУстдоштатарини У иди Соли нави масехй буд. Ин иди афсонавиро У хангоми дар Ленинграду Маскав хонданаш бештар дарк кардаву дУст дошта буд. Махсусан, ороиши арчаи солинавй аз шугли дУстдоштааш буд. Хадя кардан ва кабули хар гуна тУхфахоро У бесаброна интизорй мекашид ва доим таъкид мекард, ки хар соли нав ман ба кУдаки маъсум табдил меёбам. Вакте бузургтар шуд, бештар аз У хохиш мекарданд, ки накши бобои барфиро ичро кунад, ки ин барояш он кадар хушоянд набуд. Бо вучуди ин дар чандин шабнишинихо Уро ба сифати бобои барфй истифода бурданд. 34
Дар иди пасха ранг кардани тухмхоро меписандид. Пфлуг ба цухтани кулчаи идона (кулич) ва хар гуна пухтупази дигар машгул буд. Рахим бошад, тухмхоро ранг карда, рУи табакча мечид ва аз тамошои онхо завк мебурд. Хонаи дехотии немисй дар фасли бахор манзараи ачибе дорад. Хамаи пухтупазро Пфлуг дар бухории дохили хона мепухт. Дохили хонаро 6уи хуши кулчакандхои гарм фаро гирифта буд. У якчаНд кулчакандии идонаро пухта, рУи онхоро бо орди ранга оро дода, ба рУи миз гузошт. Ба сифати колаби кулчакандхо Пфлуг куттихои консерваро истифода мебурд. Онхо бо андозахои гуногуну шакли рангорангашон рУи мизро хусн бахшида буданд. Пфлуг дар даст чанд порча матоъи ранга назди Рахим омаду гуфт: -Ман шакли дигари ранг кардани тухмро ба ту нишон медихам. Ва матоъеро гирифта, даври як тухм печонида, бо ресмоне нозукона баста, дохили косае, ки барои ранг кардани тухмхо истифода мешуд, гузошт. Хамин тавр, хар як тухмро бо матоъхои гуногун печонида, рУи оташ гузошт. Баъди чанде Рахим манзараи ачиберо дид. Рангу гули матоъхо пурра дар рУи хар як тухм накш баста буд ва кас аз тамошои онхо сер намешуд. -Офарин, Пфлуг, чй тавр ин фикр ба сарат омад.- пурсид Рахим. -Ин фикри ман нест, ин корро хама мекунанд. Боз чандин тарзи ранг кардани тухмхоро медонам. Масалан, тавассути барги растанй. -Чй тавр? -Ин хеле осон аст. Барги растаниро мегирию айнан хамин тавр бо реем он ба танаи тухм мебандй,, накши он растанй дар рУи тухм мемонад. Кадом растанй мешавад? -Хама намуди растанй, масалан, шибит, кашниз, чаъфарй ва гайра. -Як озмуда мебинем? -Хуб! Ман аввал пирогро пухта монам, баъд, майлаш? Барои Рахим хамаи ин корхо хеле чолиб буд. У идхои Рамазон ва Курбонро ба хотир овард. ХанУз дар Бухоро овони кУдакиашро мисли хоб дар дар ёд дорад, ки бибию модараш ба ин идхо чй кадар тайёрй медиданд. СамбУсаву озук, хар гуна кулчаву нонхои гуногун, фатири варакин, хамири бирён ва дигар масолехро омода месохтанд. Падараш бошад, намудхои гуногуни халво - кунчид, пашмак, офтобпараст, халвой сурх ва гайра меовард. Аз он рУзхо бисер хотирахои хубе ба ёдгор мондааст. Дар Сталинобод низ ин идхоро чашн мегирифтанд, албатта, каме дар шакли пУшида, зеро ин идхо мусулмонй буданд ва сохти 35
ичтимой чашни озодонаи онхоро ичозат намедод, хатто рУзхои ид кор мекарданд. Хамсояхояшон аз хар гУшаву канори Точикистон буданд ва хар кадом расму русуми ба худ хосе доштанд. Дар байни онхо хам дарвозиву хам хисорй, хам кУлобиву хам хучандй зиндагй мекарданд ва пухтупазашон низ гуногун буд. Пфлуг хама корхояшро анчом дода, ба ранг кардани тухмхои навбатй пардохт, Рахим низ кУмак кард. Сипае, ба ошхона, барои бахо додан ба махсулоти хамирии Пфлуг рафтанд. -Канй, азизам, бигУ, номи ин чизи пухтаат чист? Бо оханги расмие пурсид Рахим. -Номи ин кулчаканд кулич аст, номи инаш бошад, пасха... Хамин тавр, духтарак чизхои пухтаашро як ба як шарх медод. Инак, рУзи ид низ фаро расид. Мардум хама хурсанд буданд, хамдигарро саломи идона дода, Исой масехро васф мекарданд. Якчанд хамсояхо ба хонаи Пфлуг хам омаданд ва якчоя гирди мизи идона чамъ шуданд. Кулчакандхои идонаи Пфлуг хушмазза буда, ба Рахим хеле писанд омаданд ва У ба таърифу гавсифи пазандааш даромад. Дар чунин лахзахои идона нишонае аз он чанги хонумонсУз ба назар намерасид. Нишастагон аз шиддати хаячон чехраи аргувонй доштанд. Хамсояхо, ки кам-кам аз хУрданихои худтайёркарда дастовез оварда буданд, бо навбат аз рУи дастурхон нозу неъматхоро мечашиданд ва ба он бахо медоданд. -Кош хамеша чунин хушхолу шодон бошй, Пфлуги азиз!-гУён Рахим дасти Пфлугро гирифта, бУсид‘. - Ин дастони нозуки ту хама мУъчизаанд, дастонат дардро набинад... ВохУрии навбатии Рахим бо доктор Тайх дар шахри Ванзес дар манзили Тайх сурат ширифт. Рахим хеле хушхол менамуд. Маълум буд, ки Тайх низ хурсанд аст. -Хуб, мебинам, ки идро ба табъи дил гузарондай. -Бале, хеле олй буд, аз расму оинхои шумо хеле хушам меояд. Махсусан, агар он дар дехот чашн гирифта шавад. Мардуми дех бо соддагии хоси худ дар хама кор самимият нишон медиханд. Хеле хуб гузашт. -Идхои шумо магар чолиб нестанд? -Чаро, хеле чолибанд. Мо соле ду иди маросимй дорем, Иди Курбон ва Иди Рамазон, лекин вактхои охир, аз рУзе, ки русхо омадаанд, ба гумон аст, ки ба мо ичозати гузаронидани идхоямонро диханд. -Ин ду иди шумо, ба фикрам бештар дар масчид мегузаранд? 36
-Не, дар масчид - ку намегузаранд, лекин намозхои идй хатман дар масчидхо гузорида мешаванд. Аз ороишоти дастурхону пазироии мардум идхои мо ба идхои масехиён хеле шабохат доранд. Лекин солхои охир гузаронидани идхоро хеле махдуд кардаанд. Дар баъзе дехоти дурдасти Точикистон танхо кУдакони хурдсол хона ба хона гашта, мардумро бо ид табрик мегУянд ва онхо ба кУдакон хадяхои гуногун месупоранд. -Танхо кУдакон? -Бале, лекин агар мактаббача бошад, хатман аз чониби мактаб чазо мегирад.. -Дуруст мегУед, сиёсати Иттиходи ШУравй атеистй, яъне бехудоист. Ин албатта, сиёсати нодуруст аст, болшевизм анъанахои гузаштагони хама миллатро рад мекунад, аз байн мебарад. Бо мурури вакт мардум низ аз таре ба ин одат мекунанд, наели дигар, ки ба воя расид, хатман хамин тавр бедин мешаванд, хисси ачдодпарастй гум мешавад. Ман мефахмам, мардуми ШУравиро, хаминаш намерасад, ки баъди чашни ид боз ба махбас кашида шавй... -Худо бад надихад, Тайх ба сари максад омада, чашмонашро нимпУш намуда, пурсид: -Хуб, ба чй хулоса омадед? -Гумон мекунам, хамин кори пешинаам, дар системаи "Сеппелин" бехтар аст.( -Хёлё хуб, ман аз ин интихоби шумо бенихоят шод'ам ва дар ин бора накшае низ омода сохтаам. Шумо дар Селизияи Боло дар лагери Занберг кор хохед кард. Дар он чо ният дорам мактаби афсарони пурсандаро боз намоям. Хонандагони онхо асосан аз шахрвандони асирафтодаи шуравй иборат хоханд буд... Рахим ин таклифи Тайхро бо чону дил пазируфт, зеро дар он чо барои ба даст овардани хар гуна мавод ва маълумотхои зарурй шароити хубе фарохам оварда буд. Баъди ду рУз ба утоки кории Тайх омада, роххат ва лифофаеро ба номи сардори мактаби урдугохи Занберг фон-Бурман гирифта, хангоми худохофизй бо хам дастфишорй намуданд. Доктор Тайх бо табассуми хамешагиаш гуфт: -Чаноби Рахим, умедворам чавобгУи боварии ман хохед шуд, ба шумо барору комёбй хохонам. Хар мушкилие пеш омад, метавонед шахсан ба худам мурочиат намоед. - Ташаккур, доктор Тайх, худо хофиз. 37
Миёнахои мохи апрели соли 1944 Рахим ба кор пардохт. Дар урдугохи мазкур фон-Бурман ду гурУхи калонеро ташкил карда буд. ГурУхи якум аз асирони русзабон ва гурУхи дигар аз чумлаи асирони озарбойчонии Шуравй иборат буданд. Ба гурУхи якум Бобков сардорй мекард. Бурхоновро хамчун сардорй гурУхи озарбойчонихо таъйин намуданд. Ба Бурхонов супориш дода шуд, ки барои гурУхаш дар мавзУъхои гуногун якчанд баромад тайёр кунад. МавзУъхои баромадхо тахминан чунин буданд: тарзу усулхои пурсиши асирон, роххои асосии дастрас намудани маълумоти мухим тавассути пурсиши асир, муносибат ва муомилаи пурсанда асирро, кадом маълумот ва хабар барои разведкаи низомии Олмон мухим аст ва дигар мавзУъхо. У аз рУи ин мавзУъхо лексияхо хонда, дар охири дарсхояш бахсхои доманадор мекард. Асирон назари худашонро нисбати дарсхои гузашта иброз медоштанд. Дар яке аз ин дарсхо Рашиди Фитрат ном озарбойчонии эронинажод фикрашро нисбати Иттиходи Шуравй чунин баён кард: "...Иттиходи шУравй бар чони садхо нафар мардуми бегунохи на танхо шУравй, балки хоричиён низ чабри зиёде ворид овардааст. Мардуми гайр ташвики галати ин давлатро бовар карда, бо ангезахои мухталиф, асосан сиёсй ба ин кишвар рУ оварда, ба сарнавишти нихоят талх рУ ба рУ шудаанд. Масалан, иддае аз коммунистони эронй бо ормонхои зиё^е ба ин кишвар панох бурдаанд, вале онхо зуд мутаваччех 'шудаанд, ки чй гуна курбонии ин давлати’ дурУгин гаштаанд. Дар нихоят, аксарияти ин афрод муттахам ба чосусй гашта, окибат ба катл расидаанд ва ё дар зиндонхои сталинии дурдасти иклими яхбандон ба сахтй чон додаанд...” Рахим, ки чунин ранг гирифтани бахсро интизор набуд, бидуни он ки суханони Рашиди Фитратро рад кунад, илова кард: -Бале, дуруст мегУед. Ман низ сиёсати галати ин давлатро дида, ба Олмон панох бурдам, то курбонии сиёсати шУравй нагардам. Солхои 20-ум маро худи ШУравй ба Олмон барои тахсил фиристода буд, вале то охир дар симои ман чосусй Олмонро медид. Таъкиби хамешагии болшевизм ба чонам заду ман аз нав рУ ба Германияи бузург овардам. У мекУшид коре карда, бахсро хотима дихад, вале хамоно миёни гурУх шУру гавго баланд буд. Чашми Рахим ба асире афтод, ки чониби У бо нафрати тамом мшигарад. Аз нигохи хашмолуди У аён буд, ки хозир аст Рахим ро Ом* 38
панчахояш пора-пора кунад. Дар назари У Рахим хоини миллату кишвари Шуравй чилвагар буд. Он асир, ки хеле логарандому чехраи зарди маризона дошт, дар гУшае нишаста, ба бахс хамрох намешуд, факат хамаи баромадкунандагонро гУш карда, аз нотавонии хеш афсУс мехУрд. Ин хиссиёти Уро Рахим бараъло хис мекард, вале афсУс, он асир намедонист, ки хар як бахсхои зиддишУравй чй кадар кал би Рзхимро меозоранд, У намедонист, ки Рахим чй вазифаи душвореро бар душ дорад, ки бахри ичрои он мачбур аст, ки чунин харфхои кабехро нисбати Ватанй хеш гУш дихаду чизе гуфта натавонад, баръакс, онхоро дастгирй намояд... Чй илоч, чораи дигар набуд. Нигоххои махзунонаи он асир Рахимро таккон доданд. Дар чунин лахзахо, ки инсон нотавон аст, калби Рахим мегирист. У эхсосоти он асирро хуб дарк мекард. Мусаллам аст, ки он асир аз вазифаи Рахим бехабар аст ва Уро чун хоини Ватанаш кабул кардааст, бинобар ин, чунин нигохи нафратоварро насибаш кунонид. Кош фурсати муносиб меёфту коре карда, асли вокеаро ба он асир мефахмонид, кош У лоакал то дами маргаш мефахмид, ки Рахим хоин нест, балки ба хотири Ватанй азизаш мачбур аст чунин накш бозад. Рахим хуб медонист, ки асири бетараф чун он асири логарандом дар ин урдугох дер намепояд, медонист, ки У низ аз окибати такдираш огах аст, вале шаъну шарафи Ватану миллатро боло гузошта чонашро курбон мекунад. Рахим нуктае мекофт, то нигохашро дар он чой кунонад, чун тобу токати бархУрди навбатй бо нигохи он асирро надошт. Афкораш парешону мушавваш гашта буд.... Баъди ин бахси доманадор Рахим бо хотири озурда ва аъсоби хароб ба хонааш баргашт. Аз тарафи донишгох Уро бо хонаву чой таъмин карда буданд. Дар ин хона, инчунин хамкораш Юлдош Маннон ном хоини ШУравй низ зиндагй мекард. У сардорй гурУхи махсусе буд, ки аз онхо разведчикии алокачй тайёр карда, ба хоки ШУравй мепартофтанд. Юлдош сохаи алокаро хеле хуб медонист. То огоэи Чанги Бузурги Ватанй У дар кадом як муассисаи алока ба хайси сардор кор мекардааст. Рахим бо он, ки сардарди шадиде оромаш намегузошт, барои худаш кахва омода карду бидуни канд онро нУшида ба Юлдош рУ овард: -Юлдош, дарсхои ту низ чунин пургавго мегузаранд? -Ба кадом маънй? - аз китоб cap набардошта пурсид У. -Манзури ман ин аст, ки асирон хар як мавзУъро бисер газаболуд тахлил мекунанд. 39
-Албатта, мусаллам аст, вакте ба онхо озодй додй, дигар чй бояд мешуд? Хеч гох имконияти озод сухан гуфтани асирро надех, онхо асиранд. Ту фикр кун, ки вакте хайвоне, ё паррандае аз кафас берун мешавад, дар чй хол карор мегирад. Инсон хам аз онхо бех нест. Вакте ту ба онхо озодй медихй, ба болои сарат менишинанд. Ба фикрам чунон лачоми суханро гирифтанд, ки дигар ба худат сухан надоданд? -Хеле хастакунанда буд. -Рахим, ту факат як чизро фикр кун, бояд икрор шуд, ки хар кас асир намешавад, яъне ё инсони тарсу бошй, ё коре шудааст, ки корд ба устухон расида, дигар рохи баргаштан нест ва дигар ходисахои номатлуб инсонро водор месозад, ки Ватану модарашро иваз намояд. Дуру ст аст? Бинобар ин, ба чунин мушкилоти чузъй ахамият додан лозим нест. Ба хусус, дар ин урдугох хама шаркиёнанд. Рухи шаркй хеле нозуку мураккаб аст. Бояд аз лихози равонй бо онхо сухан гуфт. Ба як чиз бояд таваччУХ кунй: касе, ки иродаи кавй дорад, дар У хисси хиёнатро бедор кардан имконнопазир аст. КУшиши бехуда ба харч додан нашояд. -Барои чй? Баъзе асирон бо амри такдир ба ин чо афтодаанд. - фикрашро баён кард Рахим. -Не, ин тавр намешавад, одами тасодуфй наст. Дудилагй мешавад, вале асосан барои асир шудан сахми худи онхо бештар аст. Масалан, худи ту, гарчанде ки асир хам набошй, вале дар накши асирй/ Агар туро ба минтакаи чаримавй намепарт'офтанд, хеч гох чониби немисхо намегузаштй. Капитани Шуравй будй. Барои як точик дар Иттиходи Шуравй боз чй лозим? Дуруст аст? - Ин суханхоро Юлдош бидуни хеч гуна эхсосоте туфта, боз ба хондани китоб пардохт. Рахим нигохи хашмолуди он асирро ба Юлдош хикоя кард: -Ман сад дар сад боварй дорам, агар он марди логар имконият медошт, маро пора-пора месохт, вале, тавре ки мебинем, У низ асир аст ва то имрУз зинда мондааст. -Дар ин сурат, дар зинда мондани У рУзхои башуморе мондаанд. Ман аз ин кабил асиронро бисёр дидаам. Махсусан, точикхои шумо хеле саркашанд. Чй кадари онхо метавонистанд зинда монанд, вале харфе нагуфта ба катл расидаанд. Аввалхои чанг буд. Боре наздики 20 нафар асирро ба ситод оварданд. Он вакт ман алокаи ситодро таъмин мекардам. Фармон шуд, ки агар касе ба манфиати Олмонй фашистй хизмат карданй аст, ба як тараф гузарад. Бовар кун, аз байни 20 нафар танхо се нафар дар чояшон истоданд. Баъдтар маълум 40
гардид, ки хар сей онхо точиканд. Ман ба соддагии онхо коил шудам. Ба хотири чй? Оё касе номи онхоро ба некй ба ёд меорад? Касоне, ки хамрохи онхо асир афтода буд, то хол зиндаанд. Аксари онхо чавонони 19-20 сола буданд. Дар рУихат онхо номи асирро ба худ гирифтаанд. Рахим саросема шуда, чуръат накард, ки аз У сабаби асораташро бипурсад, инчунин, намехост рУи ин масъала баргардад, зеро Юлдош бисер одами бохуш ва зирак менамуд. Рохбарии гурУхи разведкаи алокачй низ кори сахл набуд... То ними шаб нигоххои махзуну пургазаби асир аз пеши чашмони Рахим, дур намешуданд. У ба худ фикр мекард, ки хатман У бояд , точик бошад ва аз точик будани Рахим нафраташ омада буд. Кавл дод, ки фардо хатман дар бораи он асир маълумот мегирад. Каме осуда шуду ба хоб рафт. Субх зуд ба назди асирон рафта, он марди логарандомро миёни онхо пайдо накард. Маълум гардид, ки барои ичро накардани кадом як амри дидбони немис ва саркашии пай дар паяш, он асирро латту кУби зиёде кардаанд, ки дар натича ба халокат расидааст. Дили Рахим < реш-реш шуд. У афсУс мехУрд, ки мархум Рахимро чуз як хоини ватанфурУш, каси дигаре тасаввур карда наметавонист ва бо ин нафрати зиёде нисбати У аз олам гузашт. Чун руихати фавтидагонро тартиб медод, барояш равшан шуд, ки мархум - Шарифов Рахим зодаи Точикистон будааст... Байни оташи чабхаи ноаён Чои кори Рахим макони маълумотхои зарурии разведка махсуб мешуд, вале он мушкилие, ки чанд рУзи охир Уро безобита мекард, канда шудани алока бо Марказ буд. У воситаи алокаро гум карда буд. Имконияти ирсоли ахбори дастрасшударо надошт. Худ ба худ фикр мекард: "Аз алока канда шудани разведкачй чй маъно дорад? Яъне бекурб бу дану пурра аз ахамият холй будани ахбори У, яъне тамоман ба худихо лозим набудану барои душман акаллан тарсу вахм эчод накардани он разведкачй. Разведкачии бесамар мисли тУдаи чавохиротест, ки дар каъри бахр маскан гирифта, дастрас асту кимате надорад ва фоидае намеорад..."- чунин афкори мушавваш калби ъ Рахимро мефишурд. Тибки накшаи алока, Рахим бояд коре карда ба Берлин мерафт ва дар он чо бо косиди (курер) разведкаи шуравй дар тамос мешуд. Чою макон ва соати он аник шуда буд. Бинобар ин, бо бахонаи 41
овардани баъзе чизхои зарурии зиндагй, ки гУё дар шахри Борисов монда буд, У аз рохбари урдугох барои ба ин шахр рафтан рухсат . гирифт. Рохбарият ба У ичозат дода, хамчунин накшаи самти харакат кашиданд, ки тибки он У бояд тавассути шахрхои Бреслау, Варшава, Белосток ба командаи АК-3 "Сеппелин" мерасид. Вале У ният дошт, ки самти худро тавассути Берлин анчом медихад ва он маводу асноде, ки дар даст дорад, ба Марказ мерасонад. Зеро корхоеро, ки У ба субот расонида буд барои Марказ ахамияти хоса доштанду мутаассифона, имкони ирсолашонро наёфта буд. Бинобар, хини бозгашт, ин рохи хатарнокро пеш гирифта, рохии Берлин гашт... 10 майи соли 1944 Рахим аз чониби жандармерии Олмон ба хабе гирифта шуд. РУзи дигар Уро ба зиндони шахри Лобен (Селезияи боло) оварданд. Хабе карданду аммо касе истинток он сУ истад, хатто намепурсид. 30 рУз бад-ин минвол гузашт. Сипае, Уро ба зиндони Ораниенбургерштрассеи шахри Берлин кУчониданд. Аз ин зиндон низ Рахимро ба Александрплатсе интикол доданд ва то мохи августа соли 1944 тахти назорати чиддй (стража) буд. Билохира, аз аввалхои мохи август то 1 сентябри хамон сол Уро ба Плетсензаи Берлин оварданд. Нихоят пурсиш огоз гашт. Тафтишро афсарони Гестапо мебурданд. Чй хадамоте буд Гестапо. Хадамоти махфии Олмонй фашистй. СД, яъне хадамоти . махфии амнйяти миллатгароии фашистон мебошад. Раёсатй разведкаи СС мохи марти соли 1934 ташкил ёфтааст. Дар аввал он бо максади таъмини амнияти Адолф Гитлер ва рохбарияти фашистй созмон ёфта буд. Вактхои аввал СД ба сифати полней ёридиханда ё иловагй ба зухур омад, ки зери итоати хизби миллатгарой буд, вале бо мурури замон ба худ ахамияти хосае пайдо кард. Аз лихози назариявй СД дар итоати вазири корхои дохилии Германия Вигелм Фрик буд, вале дар асл он ба Гейдрих ва Гиммлер итоат мекард. СД асосан ба масъалахои амнияти дохилии Рейхи сеюм машгул буд. Гестапо (Gestapo, шакли кУтохшудаи Geheime Staatspolizei мебошад) -органи сохтори давлат ва полней махфии давлатии Рейхи сеюм ба шумор рафта, вазифаи асосии он асосан аз мубориза алайхи гайрандешй, норизогй ва мухолифини режими фашистй иборат буд. Хадамоти марказии он 1500 коргар дошта, рохбарии онро дар солхои Чанги Бузурги Ватанй Генрих Мюллер бар Ухда дошт. Соли 1945, маглубшавии Германия наздик шудан гирифт ва бо фармони Мюллер 42
кисмати асосии асноди Гестапо сУзонида шуда, рУихати кормандони он дастрас нагардид. Тахмин меравад, ки теъдоди онхо ба 25 000 мерасид. Инчунин дар сафи онхо агентхо, кормандони ихтиёрй ва .хабарчихо низ фаъолият мекарданд, Бо вучуди он ки техникаи хадамоти Мюллер мисли америкоихо пурра мучаххаз набошад хам, хама сУхбатхои телефонй ва хатти алокаву почта низ тахти назорати катъй карор гирифта буд. Ин тарзи кори хадамоти Мюллерро дар кишвархои дигари гарбй низ истифода мебурданд. Хангоми пурсиш афсарон расмият ва чиддияти калоне нишон медоданд, ба чуз саволхои марбут ба кор, чизи иловагие намегуфтанд. Саволхои ин пурсишхо асосан иборат буданд аз: тарчумаи холи муфассали У, тахсил дар хоричи кишвар ва дигар шахрхои Иттиходи ШУравй, фаъолияти хидмат дар Артиши Сурх, сабабхои асосии гузаштан ба чониби немисхо, муносиботи У бо асирони дар режими сахт карордошта ва нихоят, сабаби асосии тагйири самти харакат ба шахри Борисов. Саволе, ки бадани Рахимро таккон дод, дар бораи "Кумитаи Туркистон", рохбари У Валй Каюмхон ва муносибати Рахим бо онхо буд. У худ ба худ фикр мекард, ки ин саволхо ба тагйири самти харакати У чй дахл дошта бошад. Зери коса нимкосае нихон буд... Ба хамаи суол^ои муфаттишон Рахим тибки ривояти хидматй чавоб медод. Дар мунбсибат бо Валй Каюмхон ва Кумитаи он бошад, Рахим шиносоии аввал ва муносиботи минбаъдаи хешро бо У гуфта дод. Валй Каюмхонро Рахим ханУз аз солхои 1922-25 дар Кёслини Олмон мешинохт. У аз чумлаи ашхосе буд, ки бо Идрис, Ахмад Наим, Афзал ва дигар миллатчиёни туркзабон зуд-зуд ба мактаби онхо омада, сиёсати зиддишУравй мебурданд. Бо акидахои миллатгароёнаи худ Валй Каюмхон аз шахсони иртичоии Кумитаи мазкур махсуб шуда, бо кисми зиёде аз хаммаслаконаш дар холи хусумат буд. Валй Каюмхон марди миёнакад буда, мУйхои сип - сиёхи гафсаш ба тарафи акиб шона шуда, дар назар бисёр шахси олуфта метофт. Хамеша сурати поку тоза дощц ва гумон мекардед, ки ба ягон мачлиси мухиме омодагй гирифтааст.. Сабаби тагйирм самти харакаташро Рахим чунин маънидод кард, ки гУё махз ба хотири духтараки дУстдоштааш Пфлуг тавассути Берлин ба Занбер баргаштан мехост, чунки Уро хеле пазмони гашта буд.. 43
Хабари ба хабе гирифтани Рахим доктор Тайхро озурда кард. У аз пн кадри чавон умедхои зиёд дошт, накшахои зиёде хам нисбати У кашида буд, вале яку якбора умедаш барбод рафт. Хамин шабу руз назди вай директори донишгохи разведкавии "Арбатгемайншафт- Туркестан”, хауптштурмфюрери "СС" Рейнер Олтсша омада, дар хусуси ба донишгохи У гузаронидани Рахим сУхбат орост. Ин бори чандум буд, ки У барои ба кор гирифтани Рахим бо Тайх маслихат мекард. Бори аввал У дар ин хусус ду мох кабл аз Тайх хохиш карда буд: -Махз ба хотири тачрибаи кофй ва хуб донистани забони немисиаш Рахим Бурхон барои донишгохи мо чун обу хаво лозим аст. Инчунин У шароити зисту зиндагонии Осиёи Миёнаро бехтар аз хама медонад. Бинобар ин, ман фикр мекунам, ки У ба мо бештар лозим аст. Доктор Тайх суханхои Рейнерро хуб гУш карда, хамаи тавсифхояшро тасдик намуда, чавоб дод: -Ман ба хама гуфтахоятон комилан розиям. Маълумотнокй, саводу дониши баланди Бурхон ва кабл аз хама забондонии У ба ман хам хеле писанд омад. Ман Уро хамчун яке аз кадрхои баландихтисоси сохаи худам мешуморам ва дар муносибати У накшахои зиёде дорам. Рейнер Олтсша идома дод: -Ман низ ба хама гуфтахоятон сад фй сад розиям, вале донишгохи мо бевосита истеъдоди Уро дар баробари корхои разведка, инчунин аз лихози илмй низ истифода хохад- бурд ва дар оянда корхои анчомдодаамон хамчун маводи хуби таърих ва хронологй ба дарди наелхои ояндаи Германияи бузург хоханд хУрд. Риштаи илмро низ тараккй бояд дод. Доктор Тайх, ки шахси илмдУст буда, ахли маърифатро эхтиром мекарду илмро хамеша дар зинаи аввал мегузошт, бо шунидани ин фикри доктор Олтсша дудила шуда гуфт: -Ин фикри шумо хам дуруст аст. Хуб, дар ин масъала сонитар фикр мекунем, холо У тоза корро шурУъ кардааст, бубинем, ки аз кадом лихоз фаъолтар хохад буд, шумо такрибан баъди ду-се мох ташриф биёред, рУи ин таклифатон ягон тасмиме хохем гирифт. Рейнер Олтсша соли 1912 дар шахри Ауэрбах (Саксония)-и Олмон ба дунё омадааст, миллаташ немис, аз соли 1933 аъзои хизби фашистии Олмон, вазифаи сардорй Раёсати "Шаркии” Сарраёсати Империяи бехатарй ва раиси донишгохи "Арбайтс Гемайншафт- Туркестан”, ё шакли кУтохаш ”АТ СС”-ро бар Ухда дорад. Ин донишгох 44
асосам маркази омузиши разведкавй буда, инчунин баъзе тадкикотхои илмиро низ дар он ба рох монда буданд. Раиси донишгох шахси донишманд буда, забонхои туркй, русй ва хатто форсиро каму беш медонист. Дар шахри Дрездер бо рутбаи капитани "СС" хизмат мекард. Инак, ду мох сипарй шуду Рейнер Олтсша боз назди Тайх •омадааст. Тайх хотири озурда дошт ва уро хеле сард пешвоз гирифт. -Табиати маро напурс, ин дуюмин коргари ман аст, ки дастагуламро ба об медихад. Ман намефахмам, чй тавр одамон аз боварии инсон метавонанд суиистифода кунанд, махсусан, дар шароити Чанг, дар холе, ки маълум нест, мо маглуб мешавем ё пирУз. Ман аз аввал ба хама таъкид мекунам, ки бо асирон ва касоне, ки ба тарафи мо гузаштаанд, хеле эхтиёткор бошед. Чй тавр ман дар шинохтани шахсияти инсонхо хамеша сахв мекунам, худам хам намедонам... - У бесаброна сигор мекашид ва чандин ливон кахваро низ худ нафахмида дам кашида буд. -Чй ran шудааст? Доктор Тайх, шумо асабонй нашавед. Манзуратон Рахим Бурхон аст? Магар У чй коре кардааст? -Ман Уро одами боаклу боандеша мегуфтам, гумон мекардам, ки аз оилаи ашрофзодагон асту дар кор чиддй рафтор мекунад, босавод асту аз дигар аблахон фарк мекунад, аммо... Барои як духтарча шуда, барои маъшукае, ки ду-се рУз боз шинос шудааст, чунин беахамиятй карда... Охир ман дирУзакак Уро назди хамон духтар ичозат дода будам. Чй тавр? Империяро, наход Империяро чунин беобрУ кунй? Эх! - Тайх саросемавор сигори навбатиро р'авшан кард. - Холо У дар кучо аст? -Дар зиндони Александр-платс. Барои хамон духтарча шуда, самти харакаташро тагйир дода, ба шахри Ютербок рафтааст ва бинбар бе ичозати рохбарият ба он чо рафтанаш, аз тарафи жандармерии Берлин ба хабе гирифта шудааст. Баъди тафтиши хуччатхояш, вакте аник шудааст, ки У корманди "СС" аст, зуд ба ман хабар доданд, то аз паи озодиаш бошам, вале ман барои хал ос карданаш кУшиш хам накардам ва намекунам, барои ман тартибу интизом ва эхтироми конун аз хама болотар аст. Нуфузи то имрУз ба даст овардаи Раёсати бехатарии Империяро ман ба хотири кадом як шУравии шаркй аз даст доданй нестам. Разведка хунукназариро намеписандад. Баъди худохофизй бо доктор Тайх, Райнер Олтсша тасмим гирифт, КИ худ аз паи озод карданй Рахим бикУшад, лоакал хакикатро бифахмад, Дар фикри У чандин далели шубха чарх мезад, ки бесаброна чавобашро аник карданй буд, Аввал ин, ки Рахим чаро махз дар 45
лахзахои душвори чанг, дар охири чанг, замоне, ки эхтимоли маглубияти Германия ба вучуд омада буд, ба тарафи немисхо гузашт. Дуюм ин, ки аз рУи гуфтахои худи У, гУё дар Артиши Сурх Рахим бо рутбаи капитан дар кУшунхои сапёрй хизмат мекард ва бо чурми кадом хатогиаш хамчун чазо Уро ба да стаи чаримавй гузарониданд, вале ба гунохаш икрор намешуд. Боз чандин суолхои дигар Рейнерро ба чунин карор овард, ки У яке аз коргарони боэътимодашро бо номи Клянхаузро барои ба пурсиш овардани Рахим фиристод. Клянхауз Уро ба Раёсати "СС", ки дар Берлин-Грюневалд мустакар буд, овард. Аз рУзхои аввал муносибати Рейнер бо Рахим хуб буд, хатто гуфтан мумкин аст, ин вохУрихо на дар шакли пурсиш, балки дар шакли сУхбат сурат мегирифтанд. Махсусан, вакте У фахмид Рахим чурме надорад. Хар як пурсише, ки Олтсша мегузаронид, тахлили амикеро мегузашт. Коршиносони варзидаро чамъ карда, бори дигар натичаи он пурсишхоро аз назар мегузаронид. Доктор Олтсша олими ботачрибаву кордон буд ва умуман, дар кору зиндагй кам хато мекард, бинобар ин атрофиён ба У эътимоди калон доштанд. У низ хар корро бо чиддияти тамом анчом медод. Хамин тавр, 1 сентябр Гестапо барои исботи содир намудани чиноят аз чониби Рахим Бурхон далеле пайдо накарда, инчунин бо дастгирии Рейнер Олтсша Уро аз хабе озод намуд. Рахим баъди озод шудан бо рохбаладии ёрдамчии Олтсша Кляйн ба шахри Дрезден омад. То ин муддат доктор Олтсша ба ёрдамчии худ Клянгауз супориш дода буд, ки Рахим Бурхоновро бо сару либоси хуб таъмин намуда, муддати 2 хафта шароити истирохат фарохам биёрад. Бо ин максад, Клянгауз назди Шломс Конрада Фридрихович рафт. Шломс дар соли 1913 дар шахри Пулснитси Саксония таваллуд шуда, миллаташ немис буд. Бисёр марди кунчкову хамадон буд. Сари хар мавзУи даркору нодаркор таваччУхи зиёде дошт ва бештари вакташро ба корхои бехуда сарф мекард. Дар яке аз раёсатхои разведкавии донишгохи "Арбайтс Гемайншафт Туркестан" хизмат мекард. -Кй аст Рахим Бурхон? Чаро доктор Олтсша ин кадар аз У мувозибат мекунад? -пурсид Шломс. -Бурхонов дар яке аз урдугоххои махсуси ”СД"-и Зандберг омодагии разведкавй мегирифт. Ният доштанд, ки Уро бо максади ахбори разведкавй додан, ба акибгохи Артиши Шуравй партоянд. У худ каблан дар Олмон тахсил карда, дар майдони чанг ихтиёран ба тарафи мо гузаштааст. -Наход? Яку якбора? Амали шубхаангез! 46
Клянхауз бо боварии комил гуфт: -Хамачониба пурра тафтиш кардаанд, шубхае дар миён нест. -Хуб, шахси боэътимод будааст... -Вале, ин кор, яъне накшаи кашидаи Империя ба амал наомад. -Чаро? -Чунки баъди хатми мактаби мазкур, У бо як немисдухтар алока баркарор намуда, аз боварй баромад. -Факат хамин, танхо барои як духтарак шуда, накшаи разведкавиро вайрон карданд? -Не, ба гайр аз ин, рохбаронии урдугохи махсуси "СД" ва шУъбаи "6-ТС" Энгелгаупт ба харфхои У шубха карда, корро таваккалй накарданду якбора фикрашонро иваз намуданд... Олтсша аз рУзхои аввал ба У ваъда дода буд, ки аз рУи ихтисосаш кор хохад кард, бинобар ин Рахим бидуни дудилагй ин таклифро хуб пазируфт. У дар яке аз шУъбахои Донишгохи Туркистон, ки ба сохаи мухандисй-иктисодй машгул буд, ба хидмат пардохт. Ин донишгох аз органхои разведкавии Олмон махсуб шуда, бо номи "Арбайте Гемайншафт Туркестан” машхур буд. Донишгохи мазкур дар бораи Иттиходи Шуравй, махсусан, оиди чумхурихои Осиёимиёнагй ахбори чосусй чамъ меовард. Тарзи чамъоварии маълумоти чосусй асосан дар шакли маводи илмй барои таълифи китоб ташкил шуда буд. Олтсша бошад бештар ба ^сохаи иктисодиёти Иттиходи ШУравй таваччУх дошт. У бо воситайТпахрвандони миллатгарои асируфтодаи Иттиходи Шуравй, ки ба сифати корманди донишгохаш кабул карда буд, маълумоти чосусии лозимаро дастрас мекард. Олтсша кУшиши зиёде карда, аз байни асирон ашхоси дорой маълумоти олй ё унвони илмй доштаро ба донишгохи худ чалб карда буд. Хар кадоми онхо хурдтарин маълумотро рочеъ ба сохахои иктисодиёт пешкаш мекарданд. Аз чумла, дар бораи вазъи иктисодии колхозу совхозхо, заводу фабрикахо, корхонахои хурду бузург, микдори кормандон ва хизматчиёне, ки дар ин муассисахо кор мекунанд ва гайраро пешкаши рохбарияти донишгох мекарданд. Вакте ки Рахим дар донишгох ба кор пардохт, аз чониби рохбарият якчанд супориш дода шуд, ки рочеъ ба корхонае, ки то замони чанг дар он кор мекард, маколае нависад. У чораи дигаре надошт, бинобар ин дар бораи Донишкадаи техникии сохтмони шахри Сталинобод, ки замоне он чо кор мекард, маколае навишта, хама 47
асноди додашударо чандин маротиба камтар нитон дод. Макола ба рохбарият писанд омаду супориши дигаре доданд, ки рочеъ ба мактабхои олии чумхурй ва риштахои фаъолияти онхо маълумот дихад. Рахим чунин нишон дод, ки дар маколанависй махорат надорад ва хохиш намуд, ки бештар дар риштаи забоншиносй, дар бахши лингвистика машгул шавад, зеро дар ин соха шавку рагбати зиёд дорад ва хуб мебуд дар сохаи мазкур ба тадкикот машгул бошад. Хохиши Уро ба инобат гирифта, Уро ба шУъбаи лингвистикаи донишгохи гузарониданд. Аз рУзхои аввали фаъолият ба У супориши махсусе дода шуд, ки дар бораи "забони ягонаи Туркистон" дастурамале таълиф намояд. Дар Дрезден сафи миллатгароёни туркнажод рУз то рУз меафзуд. Хар кадом роху равиши ба худ хоса доштанд, вале максади хар яки онхо муттахид намудани Туркистон ба мамлакат, давлатй ягона буд. Рахим бо аъзои "Кумитаи Туркистон" - Бокй-зода, доктор Муборак ва доктор Карими муносибати хуби дУстй пайдо намуда, баъзе чизхоро барои худаш дониста гирифт. Аз чумла, У фахмид, ки сабаби асосии ба хабе гирифтани У аз чониби Гестапо, маълумоти Валй Каюмхон будааст. Муносибати хуби доктор Тайх ва талошхои Олтсша барои ба хамкорй даъват намудани Рахимро дида, дар дили Валй Каюмхон хисси хасудй пайдо шуда, дар симои У ракибашро мебинад ва барои аз рох дур кардани У, ба ин кор даст мезанад. Яъне ба Гестапо хабар додааст, ки гУё Рахим Бурхон чосуси Шуравй буда, ба ин чо барои чамъ кардани маълумоти разведкавй омадааст.Сонитар дар ин бора доктор Олтсша низ Рахимро ёдрас карда буд. Рахим ба ёд овард, ки ана барои чй, хангоми пурсишхои Гестапо аз Валй Каюмхон ва "Кумитаи Туркистон" ёдрас шуда будаанд... РУзхои аввали кор дар донишгох доктор Олтсша Рахимро ба утоки кориаш даъват намуда, таъкид карда буд: -Чаноби Рахим, баъди як бор пешпо хУрдан, шуморо лозим аст, ки бисёр хушёр бошед. Ба хар кас бовар кардан нашояд, новобаста ба он ки хамшахр ё хамватани шумо бошад. Рахим тахминан медонист У чиро дар назар дорад, вале барои аниктар кардан, пурсид: -Манзуратонро нафахмидам. -Манзурам ин аст, ки дар бораи аз чониби Гестапо хабе шуданатон, ба касе дахон накушоед. Ман медонам, ки шуморо 48
тасодуфан, бо нишондоди галати баъзе аблахон дастгир намуда буданд, вале дар хар сурат корманди донишгохи ман бояд холй аз хар гуна камбудй бошад. -Дар кучо буданамро чй тавр фахмонам? -Дар бемористон буДй, бар асари бомбаборон захм бардошта будй ва то имруз онро табобат мекардй. Фахмо? • -Бале. Тибки маслихати дучониба, Рахим худро тоза аз бемористон омада нишон медод, вале чанде нагузашта, бо шарофати хамшахрихои хоинаш, овозаи дар Гестапо хабе бу дани У хамаи донишгохро фаро гирифт. Дар ин миён Легиони Туркистон рУз то рУз сафхои худро зиёдтар мекард. ХанУз соли 1942 легиони тоторхои Криму калмик низ ташкил дода шуд, ки баъзе аз гурУххои онхо дар акибгохи Артиши шуравй фаъолият мекарданд. Созмондихии кУшунхои миллияти гайриориёй, яъне туркнажод ва мугултаборро Гитлер хамачониба дастгирй намуда, баръакс, ба мукобили кУшунхои иттифокчии русхо баромада, вучуди онхоро дар байни дигар легионерхо рад намуд, ки ин амали У бори дигар нафрати беандозаи Уро нисбати русхо нишон медод. Аввалин харакатхои чангии легионхои шаркй охирхои соли 1942 аз чониби Лахистон огоз гардид, ки дар он 6 дастаи бузурги туркистонй мечангид. Дар fxap як даста иборат аз 130-200 нафар чанговар мечангиданд. Дар мачмУъ ин дастахо иборат аз 800-1000 нафарй буда, аз байни онхо 60 нафарашон хатман бояд аз чанговарони касбии немис иборат мебуданд. Ин дастахо пурра бо васоили чангй мучаххаз буданд. Бо вучуди ин хама омодагихо, дар байни ин дастахо гурУххои махфиёна ташкил мешуданд, ки бо даст ёфтани имконот, ба манфиати Иттиходи Шуравй мечангиданд, ки ин албатта, хеле хатарнок буд. Чунин дастахо, хар лахзаву соатро ганимат шуморида, ба чониби Шуравй мегузаштанд. КУшиши бомуваффакияти чунин гурУх мохи феврали соли 1943 дар вилояти Витебск сурат гирифт. Баталъони тотории раками 825 дар амалиёти чангии хеш беш аз 800 нафар сарбозони немисро ба хал окат расонида, бо лавозимоти чангии хеш ба тарафи партизанхо гузаштанд. Инчунин, мохи сентябри хамин сол се дастаи мусаллахи туркистонй, афсарони немисро аз байн бурда, дар нохияи Оболони ба чониби шуравй гузаштанд. Чунин ходисахо хушдоре буд ба Артиши Олмон. Минбаъд кУшунхои миллии чабхаи 49
Шаркиро, чун кУшунхои дуюминдарача ба акибгох партофтанд. Ии буд натачай тарбияи ватандУстй. Халки Шуравй хамеша бо хам дусту бародар ва дар лахзахои душвор ба дарди хам шарик буданд. Албатта, нафароне, ки ба рУихати Бурхонов дохил шуда буданд ва чун маводи мухиме барои Марказ махсуб мешуданд, аз чумлаи ашхосе буданд, ки бидуни дудилагй рохи хиёнатро пеша карда буданд. Аксари онхо фикри ояндаро низ намекарданд, хатто дар сурати анчом ёфтани чанг ба манфиати Иттиходи Шуравй омода буданд, ки давлати дигареро мавриди зиндагии худ карор диханд. Ба Марказ мунтазам аз чонбозихо ва муваффакиятхои ба даст овардаи баъзе дастахои асируфтода маълумот мерасид, вале аз омодагии дастачамъии Легиони Туркистон алайхи Иттиходи ШУравй низ огах буданд. Бештари легионерхо мачбур буданд, ки ба амру фармони душман итоат кунанд. Барои сарпечй аз ичрои фармонхои онхо, кисмати зиёди асирони шУравй ба катл расида буданд. Чониби немисхо барои чунин ашхос марги мудхишро раво медиданд. Буданд ходисахое, ки низ асирони Шуравии бо амри такдир бандии фашистони хунхор гардида, даст ба худкушй зада, бо ормонхои зиёде бо хаёт падруд гуфтаанд. Мутаассифона, шахсони зиёде низ пайдо шуданд, ки аз бахри Ватани азиз ва зану фарзанди хеш баромада, даст ба хиёнат зада, миллату сарзамини худро фурУхтанд... Аз чумлаи асирони Шуравй дар донишгох шахсони зиёде фаъол^ят мекарданд, ки хисси баланди миллатчигй дошта, то метав'онистанд, дар хакки Иттиходи. Шуравй хар гуна овозаву бУхтонхоро раво медиданд. Махсусан, ходимони илм, ки ба онхо дар Донишгохи мазкур ахамияти калоне медоданд, бо маколахои тУхматомезашон барои Олмонй фашистй содикона хизмат мекарданд. Масалан, Тинибеков Хаким ва Кайгин Асан, ки хар дуяшон казок буданд, аз муаллифони хамин гуна маколахои миллатчии донишгох махсуб мешуданд. Маколахояшонро зуд-зуд дар мачаллаву рУзномахои таъсискардаи "Кумитаи миллии Туркистон” ба табъ мерасониданд. Тули фаъолияти Бурхонов дар хоки Олмонй фашистй, У бо ашхоси зиёди шУравй вохУрд, ки сиёсати алайхи онро пеш гирифта буданд, Дар рУихати У табакахои гуногуни афроди Шуравй гирд оварда шуда буданд, ки барои ояндаи дурахшони кишвараш ашхоси харобкор махсуб мешуданд. Дар баробари Алимхон Идрисй ва Валй Каюмхон шахси дигаре бо номи Хаитов фаъолият мекард, ки диккати Бурхоновро бештар ба худ чалб карда буд. 50
Хаитов ё Гайт ё Гаити ё Гаит-Огли Баймирза, соли таваллудаш соли 1905-06 зодаи шахри КУканд ё Намангон, маълумоташ омУзгорй, миллаташ Узбек. Бурхонов дар кайдхояш дар бораи Хаитов чунин навиштааст: миёиакад, сабзина, кавипайкар, чашмонаш кахвагии смех, сафедии чашмонаш бо ранги баланди худ дар хамохангй бо гавхараки .сиёхи баландаш нигохи зангиёна мебахшид, мУйхояш сиёхи гафс. Аввалхои солхои 1942 асир уфтода, бо кУмаки Валй Каюмхон озод гардида, сипас иттифокчии вафодори У гашт. Худи хамон сол сардори шУъбаи низомии "Кумитаи миллиии Туркистон” таъйин гардида, ба мукобили сиёсати Иттиходи ШУравй муборизаи беамон мебурд. Аксаран У бо либоси низомй мегашт ва зуд-зуд ба легионхои асирон рафта, аз байни онхо барои худ иттифокчй мекофт, яъне ба кори худ чалб мекард. Дар хама фаъолиятхои Валй Каюмхон хамкорй мекард ва худ низ китоберо, ки дар он cap то по асноди галат оварда шуда буд ва "Таърихи Туркистон" ном дошт, аз чоп баровард. Хаит бо Бурхонов муносибати миёна дошт. Дар шабнишинихо кУшиш мекард, ки Рахимро даъват накунанд, зеро аз сатхи дониши баланди У хавотир буда, медонист, ки бо хузураш ба лоф заданхои Хаит музохим мешавад. Аз рУи акидаи Рахим, Хаит вактхои охир дар разведкаи амрикоихо хизмат мекард ва миёни мухочирони Осиёи Миёна фаъолияти разведкавй мебурд. Яке _аз(дУстони наздики У ватанфурУш Каримов Саид буд. Каримов Саид Маъруфович\ соли 1908,-09 дар шахри Тошканд ба дунё омада, миллаташ Узбек аст, маълумоташ олй буда, касбаш духтурист. Марди миёнакади мУйсиёх, чашмони кахвай, овози махин, хангоми сУхбат бо дастонаш ишорати зиёд мекунад. Аввалхои солхои 1942 У ба дасти немисхо асир афтода, дар асорат бо Валй Каюмхон дУстй пайдо кард. Дар Кумитаи миллим Туркистон ба хайси директори генералй кор мекард. Миёни кормандони ин Кумита Каримов Саид аз шахсони бонуфуз буда, хатто гапаш ба Валй Каюмхон хам мегузашт. Кайгин Асан, (тахаллуси нависандагиаш мебошад), соли таваллудаш 1906, миллаташ казок. Дар донишгохи "Арбайтс Гемайншафт" вазифаи сардори шУъбаи адабиёт ва фолклори Туркистонро бар Ухда дошт. Инчунин, дар рУзномаву мачаллахо маколахои зиддишУравй менавишт. 51
У чун яке аз миллатчиёни зидди инкилобй миёни миллатгароёни Узбеку казок игво андохта мегашт. Боре Рахим аз хондани маколаи Кайгин Асан нихоят асабонй гашт. Хаёл мекард наздаш бошаду сарашро канда партояд, то майнаи захролудаш тУъмаи сагхо шаванд, вале кахру газаби худро фуру мебурд. Кайгин Асан дар рУзномаи "Янги Туркестан", яъне Туркистони нав маколаеро тахти унвони "Дар кишвари ШУрохо" ба чоп расонид, ки дар он сохти ШУравиро тахти тозиёнаи танкид карор дода буд. У навишта буд:"... Дар cap то сари Шуравй гуруснагиву кахтй хукмрон аст. Хатто баъзан дар маркази мамлакат низ нишонахои гуруснагиву кахтиро дидан мумкин аст. Дуруст аст, ки дар шахрхои калон, аз чумла пойтахти кишвар - Маскав ва Ленинград ахамияти хосае дода мешавад, бинобар ин, дар ин шахрхо аломатхои кашшокй кам ба назар мехУранд. Умуман, ба гирду атроф, яъне Кафкоз ва кишвархои Осиёи Миёна диккате дода намешавад. Мардуми минтакахои Осиёи Миёна ва Кафкоз аз сиёсати пешгирифтаи Иттиходи ШУравй норозианд, вале чорае надоранд, аз тарси он ки ба хабе гирифта нашаванд сукутро ихтиёр кардаанд...” Ё ин ки асири дигаре бо номи Максудов Махмуд навишта буд: "...Дар тамоми чамохири Шуравй Хизби Коммунист ва макомоти он хукм меронад. Озукавории Марказ аз тамоми минтакахои гайрируснишини кишвар кашонида мешавад. Дар он чойхо бошад, мардум танхо озукаи дуюминдарача ё пасмондаро истеъмол мекунанд. Масалан, ман (Максудов) барои ба кУдаконам харидани меваи дарачаи аъло тамоми шахри Тошкандро кофта наёфтам. Махсулоти хуб катора- катора ба Марказ кашонида мешавад. Талаботи халкхои мусулмон аслан ба назар гирифта намешавад Бурхонов дар маълумотнои хеш нисбати Максудов чунин овардааст: Максудов Махмуд, соли таваллудаш 1910, миллаташ Узбек, зодаи шахри Намангон ё КУканд, дорой маълумоти олй, хатмкардаи донишгохи иктисодй, дотсент, инчунин маълумоти юридикй низ дорад. Миёнакад, логарандом, сурати кУчаки гирд ва бинии пахн дорад, мУи сараш сиёхи тор-тор мУйхои сафед дорад. Дар Артиши шуравй бо рутбаи лейтенант хизмат мекардааст, соли 1942 асири немисхо гашта, каме дар урдугоххо нигох дошта шуда, сипас бо кУмаки Валй Каюмхон ба "Кумитаи Туркистон" дохил гардидааст. Дар баробари он дар донишгохи "Арбайтс Гемайншафт"-и Дрезнер хамкории илмй мекардааст. Ба боварии Олтсша даромада, яке аз шахсони боэътимоди 52
разведкам Олмон махсуб мешуд. Маколахои бисёри тУхматомез бо сиёх карданй сохти Иттиходи Шуравй менавишт. Бо хидояти Олтсша Максудов зуд-зуд ба командировка ба шахрхои Вена ва Берлин мерафт. Максудов рутбаи лейтенанта "СС"-ро дошта, аз либоси низомии фашистов хушаш меомад ва бо либоси низомй гашта хаваси дилашро мешикаст. Миллатгарои дигар бо номи Чумъабоев А. маълуму машхур аст. Дар бораи У Бурхонов чунин маълумот додааст: Чумъабоев Арзмбой, соли таваллудаш 1901, миллаташ киргиз, зодаи нохияи Наукатски Чумхурии Киргизистон. Хатмкардаи мактаби ятимон буда, соли 1926 то 1927 мактаби олии хизби коммунистиро ба итмом расонидааст. Дар як муддат сардорй чангалпарварии минтакавй буда, инчунин вазифаи фармондехии дастаи ихтиёрии зиддибосмачиёнро низ бар Ухда дошт. Солхои 1930-31 дар шахри Маскав мактаби марказии ОГПУ-ро хатм карда, то 12 июли соли 1942 дар макомоти давлатии ВКД кор кардааст. Замони Чанги Бузурги Ватанй дар хоки Смоленск ба асорат афтида, то моххои июли соли 1943 дар урдугоххои Лахистон, Латвия ва Белорусияи гарбй нигох дошта мешавад. Сипае, ба Германия оварда шуда буд. Зуд тахти таъсири миллатгароён афтида, ба шУъбаи 6 "СС” кабул мешавад ва то замони галаба дар дастаи партизании Чехословакия бо номи "Ярмока" фаъолият кардааст. Аз миллатгароёни ашаддии онзамон махсуб мешуд. Хинни дар шУъбаи 6 "СС” кор карданаш бо Олтсша муносиботи хуб дошта, тавассути У бо Бурхонов низ шинос шудааст. Нисбати Бурхонов бадбин буд. Дар байни миллатчиёни мусулмон, инчунин, шаркшиносе, ки каблан дар Сталинобод зиндагй ва фаъолият дошт, бо кори таргиботи зиддишУравй машгул буд. Уро Климчинский мегуфтанд. Климчитский Сергей Иванович, соли таваллудаш 1895-1905, миллаташ рус, аз соли 1927 то замони чанг дар Сталинобод зиндагй карда, дар Вазорати миориф кор мекардааст. Тахсилоташ олй буда, Донишгохи Шаркшиносии Ленинградро хатм кардааст. Вакте ки Рахим августа соли 1944 дар урдугохи Гестапо боздошт шуда буд, бо У рУ ба рУ карда буданд ва Рахим ба хулосае омад, ки У агенти варзидаи Гестапо аст. Миёнакад, логарандом, чашмонаш кахвай, сурати дарозшакл, риши борики бемУйлаб дорад. Овозаш махини занона, суръати суханрониаш тез. Сергей Иванович низ дар бораи Сталинобод хар гуна маколахои зиддишУравй менавишт. Масалан, У навишта буд, ки гарчанде чумхурй 53
помп Точикистонро дошта бошад хам, дар тамоми органхои он, чун бехатарии давлатй, марказхои иктисодй ва илмй-оммавй асосан русхо кор мекунанд. Дар сурати нишон додани камтарин хиссн миллй ба фишорхои сахт дучор шудан мумкин аст. Чанд сол кабл дар Точикистон ва Узбекистан гурУх-гурУх одамонро барои бедории хиссн миллиашон ба хабе гирифта, бадарга карда, кариб аксари онхоро нобуд сохта буданд. Умуман, дар Иттиходи Шуравй, касоне, ки хукмронанд, хуб зиндагй мекунанд, дар бахри сарвату боигарй шино мекунанд, аммо дигарон бошанд, кашшокй мекашанду аз таре сукутро ихтиёр кардаанд. Худи Сергей Иванович, ки забонхои Шаркро хуб медонисту расму оинхои точиконро аз бар карда буд, факат барои илм омУхтани донишчУён ба дард мехУрад. Барои корхои давлат Уро хатто наздик рох намедиханд, ва гайраву ва хоказохо... Махсусан, Рахим аз онхое, ки ба мукобили Иттиходи ШУравй чангидаанд, нафраташон меомад. Чй тавр бар зидди Ватани хеш мешавад чангид, бар зидди падару модар ва бародару хохари хеш чй гуна метавон аз камон оташ кушод? Чанд нафар асирони шУравй, ки низ алайхи кишвари хеш чангида буданд, Рахимро асабонй мекарданд: Эгамбердиев Р., Турдикулов А., Юлчиев А., Мамаджонов М.,Хусейн- зода А., Маннонов А. ва гайрахо аз кабили он ашхос буданд. Бурхонов Р. дар бораи хамаи ин асирон маълумоти лозимаро чамъ намуда, хангоми боздиду вохУрихо бо воситаи косид, дастраси Марказ мегардонид. Канотбои Карис, соли таваллудаш тахмин солхои '1910-11, миллаташ казок, тахассусаш мухандиси кухй, солхои 1942 асир уфтода, аввал узв ва сипас хамчун котиби генералии "Кумитаи Туркистон" фаъолият кардааст. Охирхои соли 1944 У аз хайати гурУхи Валй Каюмхон баромада, бо хоини Шуравй Власов пайваст. Мохи марти соли 1945 дар шахри Карлсбади Чехословакия бо Рахим Мунзим бори аввал вохУрдааст. Канотбай шахси миёнакад, логарандом, чехраи хоси мугулй дошт. Лабхои тунук дошта, чашмони кУчаки тангаш доимо варамида ба назар мерасиданд. МУйхояш сиёхи ба пушт шона зада. Рун пешонй болои чашми рост, ба андозаи 4 см доираи фурурафтае дошт, ки беустухон буд. Мохи феврали соли 1944 дар шахри Дрезден Рахим бо Умаров Ахмадчон, ки миллаташ Узбек буд, ошно шуд, Баъдтар дар шахри Вайсенфелс У дар бораи Канотбой ва нияти У, яъне бар хилофи Валй Каюмхон, барпо намудани "Кумитаи нави Туркистон" накл намуд. 54
Хамон вакт Умаров аз номи Канотбой номае гирифта буд, ки дар он У Умаровро барои ташкили "Кумитаи Туркистон" ба шахри Карсбад даъват менамуд. Умаров ба Рахим низ пешниход мекунад, ки хамчун намояндаи точикхо дар ташкили он кумита иштирок намояд. Бо максади ошноии наздик бо кумитаи мазкур, Рахим пешниходи Умаровро пазируфта, рохи шахри Карлсбадро пеш гирифт ва дар он чо бо Канотбой шинос шуд. Канотбой рУирост эътирози худро аз Кумитаи Туркистонии Валй Каюмхон баён намуда, онхоро баташкили Кумитаи нави Туркистон даъват намуд. Минбаъд Рахим Бурхонов ба хайси сардори шУъбаи низомии ин кумита таъин карда мешавад. Сабаби суитафохуми Канотбой ва Валй Каюмхон асосан дар миллати онхо буд, яъне чун Валй Каюмхон Узбек буд, мехост Узбекхо кувваи пешбаранда бошанд, Канотбой, ки казок буд, мехост, ки казокхо кувваи асосй бошанд. Ба гайр аз ин, Канотбой чонибдори Кумитаи "Озодкунии халкхои Россия” буда, Валй Каюмхон бошад, муборизи чудоиталаб буд. Ба акидаи Рахим Мунзим Канотбой миллатгарои ашаддй буда, акоиди зиддишУравй дошт ва максад аз барпо намудани Кумитаи нав низ, муборизаи шадид алайхи .Иттиходи Шуравй буд. РУзхои охир шахри Дрезден ноором буд, кариб хар рУз зери бомбаи ангисхо карор дошт. Умуман, бараъло хис мешуд, ки мамлакат дар холи чанг асту тарафи мукобил, яъне Иттиходи Шуравй голибият ба даст хохад овард. Дар донишгох Рахим бештар бо шаркшиноси немис Бентсинг Ганс табодули назар мекард. Бентсинг соли 1908 дар Олмон таваллуд шуда, бисер шах си донишманд ба шумор мерафт. Забонхои олмонй ва шаркро ба монанди точикй, форсй, Узбекй ва гайрахоро хуб медонист ва унвони докторй дошт. Дар Донишгох шУъбаи лингвистикаи забоншиносиро рохбарй мекард. Рахим бо У бахсхои илмии дурудароз мебурд, махсусан дар мавзУъхои Шарк ва забонхои кадимии он, дар бораи забонхои сугдй ва пахлавй, дар бораи миллати ориёй ва халкхои мансуб ба он. Бентсинг марди миёнакади шабехи шаркиён буд, яъне он аз он комати баланди олмониён махрум буд, хамеша китоб мехонд, дар бораи чанг кам ran мезад. Бо Рахим дар бораи лахчахои гуногунй точикй сУхбат мекард. Дар бораи Самарканду Бухоро, бо айби кй аз Точикистон чудо гаштани ин ду шахри таърихй бахс мекард. Боре У аз Рахим пурсида буд: 55
-Чаро волидайни шумо аз Бухоро ба Сталинобод куч бастанд? -Зеро падарамро махз дар хамон чо вазифа доданд ва дигар ахли хонаводаамон низ ба ин шахр кУчиданд. -Ман фикр мекунам, ки шумо гарчанде точик бошед хам, дар Бухоро ба тангии маърифатй дучор шудед, падару модаратон махз дар Точикистон рахоиву озодй пайдо карданд, бинобар ин ба он чо кУчидед. -Не, сабаб онест, ки гуфтам. -Ман чандин вакт аст, ки бо точикону Узбекхо сарукор дорам ва то андозае ин ду миллати осиёиро шинохтаам. Самарканду Бухоро, ки ду шахри кадимаи точикнишин буданд, бо мурури вахту замон ба Узбекистан дохил шуда, аз чум ла хувияти миллати точик низ аз байн рафт. Ман дар он акидаам, ки волидайни шумо махз аз хамин сабаб ба Точикистон кУчидаанд - тангии маишат ва хисси миллй. Ман то имрУз хисси миллии хам точикхо ва хам Узбекхоро низ бо тарозу бар кашидаам гУем хам мешавад. -Хуб, хисси миллии кадомамон баландтар будааст? -Рахим, илтимос, ин мушохидахо танхо барои ман зарур аст, шарт нест, ки ба ин сахт ахамият дихй. Ман як чизро гуфтаниям, ки точикхо ватандУстанд, вале бечурътанд, мустакилона кореро анчом намедиханд, як каме хисси тарсашон баландтар аст, ё шояд аз хад зиёд эхтиёткоранд, лекин ман ин халкро миёни шаркиён аз хама зиёдтар дуст медорам. L -Вале ман, аз он тарсухояш нестам... ХанУз Рахим суханашрб тамом накарда буд, ки Доктор Бентсинг дасташро дошта: -Ман аз шумо хохиш мекунам, ин танхо мушохидахои ман аст, дар байни хама хал к хастанд хам хубу хам бад, дуру ст аст? Факат ман аз як чиз хайронам, ки миллатхои Осиёи Марказй хатто дар гарибй низ нисбати хамдигар хушбин нестанд. Ман таърихи миллатхои Осиёи Марказиро омУхтаам ва хуб медонам. Миллати точик миллатест, ки сохиби хама чиз буд, аммо имрУз он хамаро аз даст додааст. -Яъне чй тавр? -Ман чунин фикр мекунам, ки Эрон, Афгонистон ва Точикистон бояд аз лихози фархангй хеле муттахид бошанд, зеро онхо таърихан ба хам наздиканд, баъди инкилоб Точикистон аз ин ду хеле дур шуда, бар замми ин, дороии худ Самарканду Бухороро низ аз даст дод. Хусумати имрУзаи мардуми Осиёи Марказй нисбати хамдигар окибати чудоиталабй дорад. 56
-Яъне... -Яъне, хатто агар Иттиходи Шуравй дар ин чанг пирУзй ба даст биёрад хам, дер ё зуд миёни чамохири ин кишвар нофахмиву хусумат пайдо хохад шуд ва окибат ин мамлакати абаркудрат аз байн хохад рафт, яъне шарт нест, ки барои пош хУрдани ин мамлакат хатман ачнабиён хучум оваранд, ин хулосаро ман баъди бо асирони Шуравй кор кардан баровардам... 13 феврали соли 1945, бино бар бомборонхои пай дар пай Донишгохи "Арбайтс Гемайншафт" ба шахри Вайсенфелс кУчонида шуд, вале дар он чо донишгох пурра аз фаъолият боз монд, зеро аксари кормандон дар пайи ба чойхои амнтар, яъне ба чануби Олмон кУчонидани оилахои худ буданд. Аз мохи марти соли 1945 дар саросари Олмон, махсусан Раёсати Империяи бехатарй хама ба тахлука афтида монданд. Тахдиди хатари маглубияти империяи фашистй бараъло намоён шуда, мансабдорони ин Раёсат ба хар чониб рохи гурез мекофтанд. Албатта, буданд он сарсупурдагоне, ки аз асирй ё ба чое гурехтан маргро авлотар медонистанд. Чунин шахсони сарсупурдаи Олмонй фашистй, агарчй хеле кам бошанд хам, ба хама кор кодир буданд. Канотбоев як катор хаммаслакони худро дар атрофаш чамъ карда, бо нияти ба ситоди Власов дохил шудан, ба шахри Карлсбоди Чехословакия рохй шуд. Аз чумла, Бурхонов низ бо ин гурУх бе ичозати доктор Олтсша ба.Карлсбод район шуд. Баъди муддате У ба Олтсша мактуб навишта, бинобар бе ичозат рафтанаш узрхохй намуда, ба хамаи ин ходисахо вазъияти ба вукУъомадаро сабаб дониста, аз окибатхои фаъолият дар чабхаи душман ба У мисол овард ва хабар дод, ки дар ситоди Власов кор мекунад. Замоне расида буд, ки артиши Олмон шитобкорона ба Гарб акибнишинй мекард. Фармондехии кУшунхои амрикой ва англис, тибки карордоди бо Иттиходи ШУравй бастаашон бояд пеши рохи фашистонро мебаст, вале бар хилофи он карордод, баръакс онхо барои гузаштани фашистон ба минтакаи ишголиашон мусоидат мекарданд. Дар ин бобат фамондехии шУравй чандин маротиба эътироз карда буд, вале окибат хама кУшишхо бенатича монданд. Генерали хоини ШУравй Власов "Армияи озодибахши Русия"- ро таъсис дода буд ва дар хайати он, инчунин Кумитаи начоти халкхои Русия (КОНР) ташкил шуда буд. Мохи марти соли 1945 бошад, бо 57
кушишу муборизахои зиёде Корис Канотбоев дар дохили ситоди Власов Кумитаи миллии Туркистонро таъсис дода, сардорй шУъбаи низомй Бурхоновро таъйин намуда буд. Баъди каме хизмат дар ин Кумита Бурхонов Рахим аз чониби Канотбоев ба рутбаи майори "СС", яъне штурмбанфюрер сазовор гашт. Гарчанде охирхои чанг хам бошад, маводи ба дастомада меафзуд. Дар чои кори нави Рахим имкони чамъ намудани маълумоти разведкавй зиёдтар буд, вале роххои дастрас намудани онхо ба Марказ рУз то рУз мушкилтар гашта буд. Охирин бор мохи марти соли 1945 У бояд маводи ба дастомадаро тавассути миёнарав Марковини Алма ба Марказ мефиристод. Ин зани литвонии 35-сола чандин сол буд, ки барои дастрас намудани маълумоти чамъшуда ба Бурхонов кУмак мекард ва шахси боэътимоди У ба шумор мерафт, аммо вактхои охир байни Уву Рахим алока канда шуда буд. Рахим Бурхонов хам аз гайб задани Алма ва хам аз гайрифаъол гаштани кори разведкавиаш парешон буд. У мачбур шуд, ки ба ин кор хамон Пфлуги вафодорашро чалб намояд, зеро хис мекард, ки ин духтарак ба У таваччУхи хосае зохир кардааст ва ба кору фаъолияташ бефарк нест. Се хафта кабл аз вуруди Артиши Шуравй Бурхонов ба хонаи Пфлуг омад. Хавой хуби бахорй буд. Насими форам як-як ба машом расида, рУхи касро болида месохт. Хониши паррандагон ба табиати тозабедор накхати наве мебахшид. Табиати пав бедоргашта лахза ба лахза либоси нав ба бар мекард. Нурхои офтоб бо гармии хеш ба L дарахту растанихо мисли рУху чон навозит мекарданд. Мардум, ки аз сардин дароз дилтанг гашта буданд, бо дидани шуоъи офтоб, бо вучуди салкинии хаво аллакай ба либосхои тунук гузашта буданд. Пфлуг тани куртаи охарии беостини ранги гулобй, мУйхои тиллоранги худро якто бофта, гулхои тубакчахояшро рУи хавлй катор карда, бо обпошак баргхояшонро мешуст. У ба садои афтидани бомбахо ахамият надода, оинаи тирезахояшро шуста буд, мехост ба гулхо низ чилои поку таровати тозае бахшад. Пардахову сачокхои шустааш сари тори хавлй хушк мешуданд. Рахим бо дидани духтар омадани бахорро эхсос кард. Духтарак Уро дида, аз хушхолй ба гарданаш овезон шуда, намедонист пазмон шуданашро чй гуна изхор намояд. Баъди ин вохУрии самимй Рахим шУхиомез ба рутбаи навбатиаш ишора карда гуфт: -Метавонй маро табрик кунй. Пфлуг, ки чандон ба ин рутбахо сарфахм намерафт, хис кард, ки Рахим рутбаи болотарро ноил шудааст ва Уро сахт ба огУш гирифта табрик кард, вале аз нигоххояш дарк кард, ки Рахим аз чизе норохат аст. 58
-Азизам, ман мефахмам, ки дар шароити имрУза, яъне дар арафаи маглубияти Германия рутба гирифтанат чандон ба ту ахамият надорад, вале дар хар сурат ин хам муваффакияти бузург аст, ки дар ин лахзахои душвор ба чунин унвон ноил шудй. Аз чизе хавотирй. -Не, хавотир ку нестам, факат мехостам оиди як масъалаи мухим бо ту сУхбат кунам. Пфлуг хавотир шуда: -Бо ман? Руи кадом масъалаи мухим? -Бале, азизам, факат дар ин чо не, ба хона дароем.- гУён дасташро ба китфи Пфлуг гузошта, ба хона даромад. Духтарак бетокат шуда пурсид: -Зудтар гУй, ягон вокеа рух додааст? -Не, ором шав, хамааш хуб аст. Ман мехостам ба ту якчанд супориш дихам. -Супориш? Супориши мухим? Кори разведкавй? - пай дар пай суол мекард У. Рахим харфи Уро бурида гуфт: -Бале, ту бояд ба хотири ман як корро анчом дихй. -Барои ту азизам, ман ба хама кор хозирам. Сипае, Бурхонов ба У фахмонд, ки баробари ворид шудани Артиши Шуравй ба дехаи онхо, У бояд назди намояндагии онхо рафта, хохиш намояд, ки имконияти вохУрй бо намояндаи НКВД-ро барояш фарохам кунанд. Пфлуг бо намояндаи НКВД бояд бо тахаллусн "Идрис" мулокот намояд ва дар бораи Рахим Бурхон маълумот дихад. Маълумоти У бояд чунин мазмун дошта бошад: "Рахим Бурхон, яъне разведками "Иванов"-ро мешиносам. У аз Ухдаи хама супоришхои додашудаи разведкам Шуравй баромад, аммо баъди аз чониби Гестапо хабе шудан, "Иванов" воситахои алокаашро гум карда, дигар натавонист ахбори лозимаро ба Марказ расонад. Ин маълумот тавассути хабаррасон Марговина Алма муфассал ирсол карда шудааст". Дастаи Власовчиён низ мешитобиданд, ки ба минтакаи ишголии Амрико гузаранд. Худи Власов низ бо онхо буд. Чонибн ШУравй карор бароварда буд, ки Власовро зинда дастгир намоянд, то барои гуноххои кардааш чазои. сазоворро бинад. Дастгир намудани У ба зиммаи дастаи капитан Якушов М. И. гузошта шуда буд. Баъди набардхои зиёде, билохира Власовро дастгир намуданд. У дар мошини сабукрави колоннае, ки акибнишинй мекард, дар зери латтапорахо ва сэру либоси кУхна пинхол шуда, худро хамчун сарбози мариз 59
вонамуд мекард. Бо чунин найрангаш тири У хок хУрд, посбонони ситоди шУравй дар як он Уро шинохтанд ва шахсияташро муайян намуда, ба хабе гирифтанд. Пфлуг Хейдвиг супориши додай Рахим Бурхонро пурра дар хотир гирифта, хамин, ки киемхои низомии Артиши Сурх вориди дехаашон гардиданд, назди онхо рафта, бо намояндаи НКВД вохУрду ахбори лбзимаро расонид... Хаминро бояд кайд кард, ки тУли фаъолияти хеш дар акибгохи душман Бурхонов ба разведкаи Олмонй фашистй ва созмонхои зиддишУравй рох ёфта, ба боварии онхо даромада, як катор хоину ватанфурУшонро фош менамояд. Инчунин баъзе маълумоти кобили арзишро то Марказ расонида, бо ин амалаш, супориши додай разведкаи ШУравиро ичро кардааст. Махз тавассути чунин фарзандони шучоъу далер ва вафодори хеш Ватани азизамон бар фашистон пирУз шуд... Нафаси тоза дар хавои Ватан Рахим Бурхон бо чехраи хаставу андоми логаргаштааш рУ ба рУи сардори шУъбаи якуми Сарраёсати НКВД полковник Гукасов нишаста, як ба як ба хама саволхои У чавоб медод. Гукасов ба сурати У зехн монда гуфт: -ДУстам Рахим?д&р ин солхо чунон тагйири киёфа кар дай, кй • кас ба зудй туро намешиносад. Маълум аст, ки хизмат душвор буд. Хатто гумон мекунам, ки коматат хам каме хам шудааст... -Не, коматам рост аст, рафик полковник, ин хамй аломати хастагии тУлонй ва бехобист. Се шабонарУз аст, ки чашмамро напУшидаам. -Чй илоч, дУстам, хамаамон дар хамин вазъият карор дорем. Аз хама му хим пирУзист. Баъзе саволхоро полковник ду-се маротиба такроран мепурсид ва аз чавобхои "Иванов” каноатманд шуда, аз чояш хесту ба суй Рахим даст дароз кард: -Рафик Бурхонов, шумо бо ин корнамоихоятон обрУи НКВД- ро боз хам баланд бардоштед. Офарин, барои делерию шучоататон. Албатта, ин хама кахрамонихоятонро Ватан ва рафик Сталин кадрдонй хоханд кард.- гУён дасти Рахимро сахт фишурда, таккон дод. Бурхонов аз хушхолй сараш ба осмон расида буд, У наметавонист чй гуна ин хиссиётро ба полковник Гукасов иброз кунад. Сипае, 60
полковник ба Бурхонов супориш дод, ки фаъолияти 17-мохаашро дар акибгохи душман муфассал, ба таври хаттй хисобот дихад ва худ дар маълумотномае, ки ба рохбарият пешниход намуда буд, кайд кард: "Бурхонов Р.М. хангоми амалиёт дар акибгохи душман, тУли солхои 1944-45 ба разведкаи Олмон ворйд шуда, ба кадри имконоти фарохамомада, аз Ухдаи супориши додашуда баромад. Аз чумла, дар ин муддат, Бурхонов ба "Легиони Туркистон" ва дигар гурУххои каблан нишондодшуда ворид шуда, ба боварии сарони онхо даромада, баъзе асноди зарурй ва як катор хоинони Ватанро, ки ба мукобили Иттиходи Шуравй муборизаи хусуматомез мебурданд, муайян намуда, рУихати онхоро ба Марказ пешниход кард. Барои ин хизматхои шоёнаш, У ба гирифтани медалхои "Барои галаба бар Олмон" ва "Барои шучоат", инчунин мукофоти пулй ба маблаги 10.000 сУм сазовор аст." Баъди гирифтани хисобот, тафтишот идома меёфт. Бурхоновро инчунин, аз чандин хамкорони собикаш, ки ба асорат афтида буданд, пурсиданд. Масалан, Раиси донишгохи "Арбайтс Гемайншафт Туркистон" доктор Райнер Олтсша ва корманди донишгохи мазкур Шломс Конрадро низ асир гирифтанд. Дар вакти пурсиши онхо маълум гашт, ки гуфтахои Бурхонов Р.М. комилан дурустанд. Хамам он мукофотхову медалхое, ки аз чониби рохбарият пешниход шуда буданд, ба Бурхонов Рахим ботантана супориданд ва У бо сари баланд ба Ватани хеш баргашт... s Рахим дар бораи бозгашташ ба хона хабар надода буд, мехост омаданаш ногахонй ва гайричашмдошт бошад. Чанде дар шахри Маскав буд. Бо дУсташ Шохмурод хама гузаштахои дуру наздикро ёдоварй намуда, шахрро тамошо карданд. Шохмурод дар чанг аз як пояш махрум гашта, нисбати фашистон нафрати беандоза дошт.У ба захми пояш нигох накарда, ба кадри имкон ба сайругашт мебаромад. Хар кунчи ин шахр барои Рахим хотирае дошт. Аз магозахои Маскав барои ахли хонавода тУхфахо харида омода карда буд. Сталинободи баъдичангй барои Бурхонов Рахим хеле чолиб менамуд. Мардум бо рУхи болида аз пайи мехнату кор буданд, толибилмон бо гайрату кУшиши дучанд аз паи омУзиш буданд. Шахр ба худ хусну таровати хос дошт. Одамон нисбати хамдигар бомурооту самимитар гашта буданд. Субхи барвакт Мунирахон хавлиро об зада рУфта, рУи кат дастурхон пахн карда буд, вале сари дастурхон факат модаркалон 61
менишасту, пинак рафта, корхои Мунирахонро тамошо мекард. Кампир дар холи нишастагй ганаб рафта, аз хобаш як кад парида, гуфт: -Сахар катя ин кадар хобам бурда истодааст, ба гумопам ягон мехмони деринтизор меояд. (У деринтизор гуфта, Рахимро дар назар дошт). Кош писаракам имрУз меомаду ба орзую максадам мерасидам. Як боракак баъди тамомшавии чанг мактуб навишт, ки ман зинда, меоям. Тамом. Дигар на хат, на хабар. Чашмонам аз рахпоия канда шуданд. -Ман хам хамин шаб нони бисер хоб дидам, гУед. Дастурхону меваи фаровон, хамин рУз хатман мехмон меояд, модарчон, - гУён Мунирахон омада рУи кУрпача нишаст. -Бачахоя бедор накардй? Дерхезиба одат карда, мактаб, ки cap шуд, азоб мекашанд. Сахархезба худо ризк чудо кардагй. Одат кунондан даркор, ки минбаъд сахар катй хама гирди дастурхон бошанд. Бухороба касе, ки дер мехест, чои нахор намедоданд. Мохона хамин хел чазо медоданд. Дер, ки хестй, на каймокасту на ширу на канд, факат нони коку чой,- гапи кампир нотамом буд, ки дарвоза як кушода шуду боз пУшида шуданд. Мунирахон беруни дарвозаро низ об зада рУфта буд, бинобар ин, дарвоза аз субхи содик кушода буд. Аз зери дарвоза пои касе намудор шуд. Модаркалон синчакорона нигариста: -Касе пойида истодааст. Кй бошад? Духтарам, рафта бин. - гУён бо оханги илтимос ба Мунира нигох кард. Мунира ханУз аз чояш нахеста дарвоза кушода шуду: Ьсй гуфтаст, ки шумоён бе ман нахор кунед-ха? - гУён Рахим вориди хавлй гашт. Мунирахон, модаркалон аз чояшон хеста, ба сУи У давиданд. Модаркалон -"Худоро шукр, ба зиндагем насиби дидор будааст",- гУён писарро ба огУш кашида, ашки шодй мерехт. Мунирахон шармида, даст дароз карда буд, ки Рахим Уро низ ба огуш кашид. Баъди вохУрии пурсадо кУдакон низ як-як аз хоб хеста, хар кадом дасту рУяшонро шуста, бо падарашон вохурй мекарданд. ЛУъбатхону Зафарчон, ки аллакай калонакак буданд, зуд омада рУи зонуи падар нишастанд, Анварчону Алимчон бошад, шарм дошта, ба замин нигариста, рост меистоданд. Рахим аз дасти Алимчони 3-сола гирифта, Уро ба багал кашида аз рухсорахояш мебУсид. Баъди каме ба худ омадан Рахим ба хама фарзандон назар афканда: -Эха, ин кадар хамаатон калон шудед, канй Зафар ба фикрам бо гУштй ту маро зУр меорй,- гУён ба каду комати писари калониаш назар андохт. ЛУъбатхон ба гардани падар овезон буд. 62
Бурхонов ба донишгохи дУстдоштааш ба кор рафт. Рохбарияти Донишгох Уро хуш пазируфтанд, зеро мутахассисеро чун У бо чунин донишу тачриба дар чумхурй пайдо кардан душвор буд. Уро ба хайси муаллими калони кафедраи забонхои олмонй ба кор гирифтанд. Махз забондонии Уро ба назар гирифта, хамаи донишчУён мехостанд ба гурУхи Бурхонов гузаранд, аммо ба хама даре додан имконнопазир буд. У дарсхоро пурра ба забони олмонй мегузаронид. Лахчахои саксонй, боварй, отришй ва дигар мавзеъхои Олмонро низ ба баъзе хаводорон меомУхт. Худи Бурхонов Донишгохро хеле дуст медошт. МекУшид дар дарсхояш барои чалби донишчУён навигарихо чорй намояд, аз хар гуна мачаллахои аз Олмону Маскав овардааш истифода мебурд. Махсусан, ба назарияи тарчума бештар таваччУХ зохир мекард, то донишчУён дар оянда хангоми тарчума ба мушкилй дучор нашаваид. Аз рУзномахои кУхнаву нав истифода мебурд, муховарахои хеле чолиб ташкил мекард. Дар байни хамкорон низ обруи баланд дошт. На танхо дониши баланди забондонй, балки маданияти баланду одамгарии Уро ба назар гирифта, ахли хамкорон хурматашро ба чо меоварданд. Дар донистани хам забони точикй, хам руей, хам олмонй ва хам Узбекй махорати беандоза зохир мекард. Хамкорон ба У хамчун ба инсони донову окил, худодод, хамадон менигаристанд, вале касе хабар надошт, ки ин инсони бузург барои халку Ватанй хеш чони худро ба гарав монда, чй гуна роххои пурпечу тоби зиндагиро пушти cap намудааст. Хамкорони дар чанг иштироккардааш дар бораи корномахои чангашон наклхо мекарданд. Умуман, чун чанг нав ба охир расида буд, дар мавзУи он зиёд харф мезаданд, вале Бурхонов гУё аслан чанг нарафта бошад, хамеша сокиту сабур буд. Баъзан ба У бо назари шубха менигаристанд, ки оё У чангро дидааст ё не? Вале хабар надоштанд, ки Бурхонов хар шаб дар хобхояш урдугоххои Гестапоро медид ва хамеша ба забони олмонй харф мезад... Дар олами илму дониш Тирамохи соли 1946. Донишгохи Сталинобод, ки Бурхонов он чо забони олмонй меомУзонд, донишчУён огози соли тахсилро хеле хуш пазируфта, хар кадом бо шавку рагбати хосе ба ин даргохи ил?/ омада буданд. Синфхонахо баъди таъмири тобистона бУи тозагй 63
гирифта, оинахои панчарахо чилои махсусе медоданд. ТУли чанд мохи чудоии таътил донишчУён низ хеле тагйири киёфа карда, ба хамдигар боз хам мехрубонтар гашта буданд. Дар дахлезе, ки чадвали дарсхо овезон буд, хама чашму дар синфхонахо гУшу хуш буданд. Устодони нави худро ба якдигар муаррифй мекарданд. Инак гурУхе аз донишчУён чун диданд, ки аз забони олмонй муаллими калон Бархонов даре хохад гуфт, беихтиёр мисли бачахои кУдакистон бо садои баланд хушхолй намуданд. Ин дам аз деканат чонишини декан баромада, ба онхо огохй дод. ДонишчУён бо хушхолй ба У фахмонданд, ки сабаби хушхолиашон чист ва якбора аз утоки деканат баромадани Бурхоновро нафахмида монданд. Хама баробар ба У салом доданд. Бурхонов аз ин нигоххои донишчУён каме худашро гум карда, чониби кафедраи худ равон гашт. Табиати Сталинобод дар фасли тирамох ачаб зебост. Сахархояш салкину рУзхояш гарм ва шабхояш чй насими чонбахше доранд. Кас тирамохи Точикистонро дида, ба фасли пойиздУстии А.С.Пушкин коил мешавад. Чунин фасли тиллоранги табиат шоирро шефтаи худ гардонида, илхоми фаровон бахшидааст, ки дар натича асархои зиёди пуркиматаш дар он фасл тавлид ёфтаанд. У хатман чунин пойизро дУст медоштааст, пойизе, ки инсонро ба эчод даъват мекунад, инсонро ба андеша водор мекунад, натичаи мехнаташро пеши рУ меорад. Обхои мусаффои ин диёр дар ин фасл мисли чашмасорон софу зулоланд. Хар касе, ки андак табуьи шоирй дошта бошад, хатман дар бораи ин фасли пурбаракат шёъраке ё таронае дорад. Дуруст аст, ки мегУянд зеботарин фаелхо бахор аст, вале зебоии пойизи Точикистонро насурудан гунох аст. Хусусан, вакте ки назди фавворахои шахр нафас мекашй, гумон мекунй, ки насими намноки атрофи он, хонаи калбатро покиза карда, рУху чони нав мебахшад. Дарахтони сарсабз, ки ягон-ягон баргхояшон ба зардй майл дошта ва мисли парвонахои рангоранг парвозкунон ба замин мерезанд, ба хама зебоии ин фасл хусни наве ато мекунанд. Ана дар хамин фасли зебои сол хар рУз Бурхонов бо рУхи болида, пагохии барвакт пои пиёда сУи донишгох рахсипор мегардад. Аз дарвозаи он, ки дохил шуд, бо табассуми хосае ба саломхои донишчУён алейкгУён то ба кафедра мерасид. Вакте ки портфелашро рУи мизаш мегузорад, аввал панчараро боз карда, бо ду бех гуле, ки дар тубакхои миёна шинонида шуда буданд, мисли ин ки салом мекарда бошад, нигохи дурудароз афканда, аз зарфи махсуси шишагине, ки каблан бо об пур карда шуда буд, онхоро об медихад, баъзеи ин ба 64
корхои дигар мепардозад. Дар бораи ин гулхо сухан ронда, аввал номи лотиниашонро номбар мекарду баъд хосияти парвариши онхоро ба хар як омада шарх медод. Сипае дафтарашро кушода, онро як аз назар гузаронида, омодагй мегирифт. Хамкорон аз У мепурсиданд, ки бо ин хама донишу тачриба, оё хочати такрори хамарУзаи дарсхо ва омодагии каблй зарур аст. У чавоб медод, ки "даре мисли як рУзест, ки бояд яке аз дигараш хатман фарк кунад, яъне якранг набошад, зеро дарси якрангу якнавохт ба дили донишчУ мезанад ва дар У хохиши хонданро мекушад". Он рУз низ мисли рУзхои маъмулй Бурхонов се чуфт дарсро тамом карду дар кафедра чизе менавишт. Чанд нафар донишчУён омада, бо навбат чизеро пурсида, каноатмандона аз кафедра хорич шуданд. Шахси ношиносе, ки холй шудани Уро интизор буд, беруни дар меистод. Бурхонов гумон кард, ки донишУ аст, вале чун матлабро фахмонида когазеро дароз кард, киёфаи Бурхонов ранги дигар гирифта, китобу дафтархояшро чамъ карда ба портфел гузошту рохии хона гашт. Рахорах ёдаш омад, ки Мунирахон бо Анварчону Алимчон ба Харангон ба мехмонй рафтаанд ва дар ноомади кор рохи хонаи онхоро намедонад. Чй бояд кард. Хатман онхоро худи хамин рУз рафта овардан лозим меояд. Мунирахон дерест, ки аз чониби хамин шиносхои дерина ва дУсти оилавиашон ба Харангон даъватй буд, насибаш хамин рУз будааст, вале боз чунин холат... Бурхонов ба хона омада: -ЛУъбатчон, ин чб оиё, -гУён аз рухсораи У бУсида, пурсид - Духтарам, ту хонаи хамон Бобои Махсумро медонй? ЛУъбатхон хамрохи таго ва янгааш як бор ба он чо рафта буд, рохро хуб дар ёд надошт, вале хохиши саёхаташ зУрй карда, чавоб дод: -Ха, папачон, медонам, чй буд? -Модаратро овардан лозим, бачем. Модаркалон хавотир шуда: -Тинчй - мй, писарам, худаш чй ran? Чаро Мунирахона тез овардан лозим мегУй? Тезтар ran зан, ки дилам мекафад. -Хеч ran не, хамин хел. Мехмониаш тамом шуд, ба хона биёяд охир. Писарчахояма ёд кардам. -Не, писарам, ким чй хел нигарон менамой, хамин пагохй ба мехмонй рафтанду онхоро ба ин зудй ёд кардй? Росташро ran зан? -Модарчон, маро ба Маскав даъват кардаанд, бояд фардо сафар кунам. Мунира биёяд, ки як чиз ним чизамро тайёр кунад, шумо бошед, хавотир нашавед, шукр замон тенчй шудааст... 65
Бурхонов духтарашро бо худ шрифта, мошинеро карор намуду рохии самти Харангон гашт. Манзарахои афсонавии ин дараи хушманзара, хеле диккатчалбкунанда буданд. Дараи Варзоб, ки макони афсонавист, хавои пойизии ачибе дошт. Дар руи дараву адирхо рамаи бузу гУсфандон тасвири кашидаи рассомеро мемонд, махсусан, барраву бузголахо мисли иуктаяке дунболи модаронашон медавиданд, вале азбаскй даъвати навбатй барои Бурхонов норавшан буд, то андозае дилаш хавотир гашта, ин хама хусну зебоиро дарк намекард, хаёлаш парешон буд. ЛУъбатхон бошад, хар як кУчаву тангкУчаро батокатона аз назар гузаронида, дунболи кУчаи ошно буд. -ХУш, ЛУъбатчон, холо дур аст? Саволи ногахонии падар ЛУъбатро аз чояш як кад парронд. У сарсема шуда: -Кучое хаминчохоба буд, пешашба чУйчаи об, боз чй буд? Ха каме дуртар, кимчй хел дУконча, боз... Папачон, ман фаромУш кардам... ЛУъбат кариб буд, ки инони гиряро cap дихад, вале осори табассумро дар чехраи падар дида, ором шуд. Бурхонов чизе нагуфта, ба ронанда ишорат кард, ки мошинро дар ягон чой нигох дорад. У аз мошин фаромада, назди якчанд мУйсафеде, ки рУи хараке нишаста буданд, рафта сурогаи Бобои Махсумро пурсид. Маълум шуд, ки онхо аз хонаи У кайхо гузаштаанд. Билохира, хонаро пайдо намуданд. Бобои Махсум ва ахли оилааш ба нею нестони Бурхонов нигох накарда, Уро низ мехмондорй намуданду сипас, хамагй ба хона баргаштанд. Наздики шом буд. Рахиму Мунирахон баъзан дохили уток- мешуданду баъзан рУи хавлй ва байни худ пичир-пичир мекарданд. Маълум буд, ки гуфтугУи чиддиест. Модаркалон бо хаёли мушавваш, гох оби дида пок мекарду гох ба сУхбати писару келинаш шарик мешуд. -Модарчон, охир чаро оби дида мерезед? Магар якум бор аст, ки аз наздатон дур меравам? Вохимая нагз мебинед - а? -Вохима нею, чудой осон-мй, писарам. Боз дар синну соли ман. Кй медонад, чанд соли зиндагиям мондааст, мехохам, ки фарзандонам дар гирду атрофам бошанд. Маскав рахи кам-мй. Рафту ягон балою вокеа шавад, то ту меой, ки... -Шуд, тахминхои шума монед, модарчон, чаро факат дили шумо аз бадихо гувохй медихад. Ягон гапи хуша ба ёд биёред. Масалан, ягон хурсандии калона..., Рахим фикр карду чизе ба ёдаш наомад ва ноилоч давом дод: -Фахмидед, чй кор кардан лозим? Ман тез-тез ба шумо хат менависам. Илтимос, пеш аз сафар диламро реш накунед... 66
Субхи барвакт, ханУз кУдакон масти хоб буданд, ки Мунирахон Рахимро то майдони хавоии Сталинобод бурда, ту сел кард ва соатхои 10-и пагохи буд, ки бо чашмони варамида, ба хона баргашт... Даъвати дуюм Баъди шикает хурдани Олмонй гитлерй дар чанги дуюми чахон тибки карордоди 5 июни соли 1945 хоки он зери тасарруфи 4 давлатй бузурги чахон - Иттиходи Чамохири Сотсиалистии Шуравй, Англия, Иёлоти Муттахидаи Амрико ва Фаронса карор гирифт, яъне Олмон ба 4 минтакаи ишголй: минтакаи ишголии шУравй, минтакаи ишголии бритонй, минтакаи ишголии амрикой ва минтакаи ишголии фаронсавй таксим шуд. Вазифаи асосии кишвархои мазкур иборат аз он буд, ки кишвари ягонаи Олмонй демократиро бо сиёсати сулххохона дастгирй намоянд. Пойтахти Олмонй демократй шахри Берлин тахти раёсати комендатураи шУравй карор дошт. Мутаассифона, бар хилофи карордоди мазкур, ИМА, Англия ва Фаронса минтакахои ишголии худро муттахид намуда, давлатй сепаратии Олмонй гарбиро ташкил намуданд ва аз Иттиходи Шуравй рУй тофтанд. То ин муддат хоинони ШУравй, алалхусус хоинони Осиёи Миёна дар урдугоххои манотики ишголии ин давлатхо боздошт ва дар он чо нигох дошта мешуданд. Баъди бекор кардани карордод, онхо озод гардиданд. Хавфи аз нав фаъол гардидани "Легиони Туркистон" ва дигар харакатхои миллатгарой 'Туркистон cap зад. Ин дафъа миллатгароён : дар кисМати гарбии Олмон фаъолият мекарданд. Хусу сан, сарони онхо Валй Каюмхон, Алимхон Идрис, Канотбой ва гайрахо. Мохи октябри соли 1946 Рахим Бурхонов ба Вазорати амнияти давлатии Иттиходи Шуравй даъват шуда, бори дуюм бо супориши махсус ба Олмон фиристода шуд. Ин дафъа мебоист Бурхонов бо тахаллуси "Шаляпин" амал карда, дар кисмати гарбии Олмон, дар минтакаи ишголии мамолики Аврупо фаъолияти разведкавй мебурд. Фаъолияти навбатй шабехи фаъолияти каблй буда, бештар ба даст овардани маълумоти дакик дар масъалаи накшахои хоинони Иттиходи Шуравй ва кормандони минтакахои ишголй максади ин амал буд. Ин дафъа Рахимовро корхои мухимтару хатарноке дар пеш буданд, зеро кабл аз хама У бояд сабаби чанд муддат гайб заданашро ба миллатгароёни Туркистонй мефахмонид. Ба гайр аз ин, ба У донистани комили забони англией лозим буд ва ин корро Рахим бояд хар чй зудтар огоз менамуд. 67
Бурхонов дар ин сафар нисбатан ботачриба, аз лихози синну сол бузургтар ва мухим аз хама дар замони осоиштагй ба хоки Олмон гузаронида шуд. Чун дафъаи гузашта на пояш ларзиду на дилаш тапид, на чашмаш хира гашту на сараш чарх зад, балки мисли ин ки ба хонаи худ омада бошад, ба кор пардохт. Вале ба боварии миллатгароёни хоин даромадан низ душвор буд, чй гуна ба муддати 2 сол гай б заданашро маънидод мекунад. "Легиони Туркистон", бахусус Алимчон Идрисй ва Валй Каюмхонро ба доми фиреб даровардан кори сахл набуд. Барои анчоми ин кор санъату махорати баланди кашшофй лозим буд. Бурхонов дар навбати аввал дар шахри Берлин ба хонаи Блашек Лона ном олмонизане, ки шавхараш аз чониби яке аз секторхои фаврии шахри Берлин ба хабе гирифта шуда буд, рох ёфт. Чанде дар он чо зиндагй карда, миёнахои соли 1947 ба Марказ хабар дод, ки хузури худро дар хонаи ин хонум мётавонад хамчун ривояти хидматй истифода барад, яъне ба муддати 2 сол гайб заданашро чунин маънидод кунад, ки гУё хонум Блашекро ба занй гирифта, аз чашми макомоти шуравй бо пинхон шудан дар хонаи У панох бурдааст. Аз Марказ чавоби мусбат гирифт, инчунин барои У накшаи минбаъдаро омода сохта буданд: гУё У аз таъкиби органхои амниятии шУравй огох шуда, мохи августи соли 1947 бо кУмаки волидайни хонум Блаше^к ба минтакаи амрикой "гурезонида" мешавад’. Хонум , Блашек бошад, то миёнахои соли 1948 воситаи алокаи байни Марказ ва "Шаляпин" карор дошт. У аз робитаи Бурхонов бо разведкаи Шуравй хеле барвакттар хабардор буда, бидуни дудилагй барои кУмак ба У дар ин фаъолияти махфй розигй дод. Минбаъд У бо тавсияи "Шаляпин" бо тахаллуси "Марго" ба корхои разведкавии Шуравй чалб мешавад. Бурхонов дар тавсияномае, ки ба Марказ пешниход намуд, оварда буд: Лона Блашек интернатсионали асил, дар сУхбату бахсхо сиёсати сотсиализмро дастгирй мекунад, аз корхои истилогаронаи фашистон нафрат дорад. Сифатхояш барои сарчашма будан комилан мувофикат мекунад: зебост, нотарсу часур аст, чуръати кавй дошта фазилату фарханги баланд дорад, махорати хуби хамсУхбатро ба худ чалб карданро дороет. Аз камбудихояш: Баъзан инону ихтиёрро ба эхеосот медихад ва рУи ин масъала кор кардан мебояд. Ба фикри ман У барои хамкорй бо разведка пурра сазовор аст. 68
Бурхонов бо истифодаи ривояти хидматии мазкур ба минтакаи ишголии амикоихо гузашта, сокини шахри Бад-Киссинген гардид. Яке аз вазифахои асосии У ворид шудан ба ташкилотхои мухочиратии ин минтака буда, то кадри имкон ашхоси боэътимодеро пайдо карда, барои ба даст овардани ахбори лозима ва ба чониби шУравй расонйдани он кУмак мекарданд, вале дар он замон аз касе боварй набуд, пайдо кардани чунин шахе барои Бурхонов амри махол гардида буд. Анчоми хамаи ин корхо басо мушкилу хатарнок ва мехнатталаб буд. Гарчанде У бевосита, дохили он созмонхо нагар ди да бошад хам, вале бо гурУххои мухочирон пайваста дар там ос буд ва аз рафти он мунтазам ба Марказ хабар медод. У дар сурогаи Гартманштрасс 17 хонаи Майер ном зани олмониро ба ичора гирифт. Ин зани калонсол хеле озода буда, бо У муносибати хуб мекард. Аз лихози манзил таъмин шуда, Бурхонов роххои бо легионерхо дар тамос шуданро чустучУ мекард. Шумораи онхо нихоят зиёд буд. Рахимов Чаббор, Хаитов Боймирзо, Умаров Ахмад, Каримов Борис, Мубораков Собир, Салим Анвар, Хусейн- зода, Умаров Махкам, Максудов Махмуд ва гайрахо аз чумлаи миллатгароёни минтакаи гарбии Олмон буданд. Мухочирони Шуравй дар манотики гуногуни кишвари Олмон чамъомаду нишастхо барпо намуда, дар мавзУъхои зиддишУравй баромадхои ташвикотй мебурданд ва сафхои худро меафзуданд. Тирамохи соли 1947 Бурхонов дар шахри Бад-Киссинген дар яке аз чамъомадхои Туркистон ширкат варзид. Музокирачиён Хаитов Боймирзо ва хаммаслакаш Акрам ва Каримов Саид буд. Онхо аз номи мухочирони нави туркистонй маърУза карда буданд. Дар маърУзахояшон чамъомадагонро аз сиёсати шУравй метарсониданд. Онхо мегуфтанд, ки Иттиходи Шуравй бо хар рох гурУххои миллатгароро ба сУи тафохум бурда, ба мафкураашон таъсир хоханд расонид, аз чумла, дар маърУзаи 2-соата онхо мардумро ба хушёрй ва зиракй даъват мекарданд, то фирефтаи тадбирхои 11 гтпходи Шуравй нагарданд. Аз кайдхои Бурхонов Р.М.: Луфд.у; марди 38-40-сола, миёнакад, тануманд, чехраи Узбекй дорад, мУйхояш сиёх, ранги чашмонаш низ сиёхи мешй, киёфааш чиддй, хангоми сУхбат орому ботамкин аст. Дар он чамъомад Хаит Акрамро хамчун сардори кисмати молиявии "Кумитаи Туркистон" муаррифй намуда буданд. У асосан 69
аз вазъи иктисодии Кумита маълумот дода, хаккулузвияти месупурдаро шарх дод ва дар охир аз хозирин барои фонди Кумитаи Туркистон 10 маркай чамъ намуд. Он замон Акрам дар шахри Мюнхен зиндагй мекард. Бахори соли 1948, вакте ки бо дУсти Узбекаш Умаров Ахмадчон дар шахри Мюнхен-Пазин сайр мекард, дар куча бо се нафар велосипедсавор вохУрданд. Гарчанде ки ба тарафи се нафар нигох хам накарда бошанд хам, онхо пиёда шуда вохУрии самими намуданд. Он се нафар Узбекхо Акрам, Махкам Маниопа ва як нафари дигар буданд. Онхо аз хаёти шахри Бад-Киссинген ва зиндагии хамшахрихояшон пурсон шуданд. Аз Умар дар бораи профессор-теолог Идрис Алимхон пурсиданд. Он замон Идрис Алимхон ба рохй намудани мусалмонони мухочир ба кишвархои Туркия ва Миер машгул буд. Охирхои соли 1948 Рахим аз Умаров фахмид, ки Акрам яке аз наздикони рохбари "Кумитаи Туркистон” Вали Каюмхон мебошад. Инчунин У шунид, ки Акрам аз шахри Мюнхен ба шахри Миден, ки дар минтакаи америкой чойгир аст, кУчидааст ва созмонеро аз чум лай зиёиёни Туркистон ташкил дода, ба корхои зиддишУравй машгул аст. ВохУрихои Бурхонов бештар бо Рахимов Чаббор дар Мюнхен сурат мегирифт. У дар кУчаи Малзенштрасс 76 зиндагй мекард. Боре дар рафти сУхбат Чаббор пурсид: -Оё рохи халли чунин мушкилй..., яъне, чй тавр ба ту фахмонам. Оё мумкин аст, рохеро пайдо кунем, ки бо вичдони пок ва хотири осуда ба Ватан баргардем? Барои Рахим ин харфхо ногахонй буданд. У, ки Чабборро хуб намедонист, ин суханхоро як навъ имтихони озмоишй кабул карда, бидуни тагйири киёфа ба У нигариста монд. Рахимро тобистони соли 1947 рафикаш Умаров Ахмад бо Чаббор муаррифй карда буд. Чандин бор чамъ шуда дар атрофи дастурхони гизохои миллй бо хам менишастанд. Албатта ёди ёру диёр мекарданд, вале афсУсхУриву ангушти надомат газидани хеч кадом аз онхоро надида буд. Рахим дид, ки Чаббор бо оханги пурсиш посухи Уро интизор аст, китф дар хам кашид. Миллати Рахимов Чаббор Узбек буда, тахассусаш духтурй буд. Тибки маълумоти худаш, гУё Чаббор дар солхои Чанги Бузурги Ватанй дар хайати Артиши Шуравй ба хайсидухтур хизмат мекардааст. Вакте 70
ки асири немисхо гашт, ба хайати ташкилоти миллатгароии Олмон дохил шуда, он чо низ ба хайси духтур кор кардааст. Баъди маглубияти гитлерчиён аз масъулияти чавобгарй тарсида, ба Иттиходи Шуравй барнагашта, дар минтакаи ишголии гарбии Олмон мондааст. -Ба ростй, Рахимчон. Бовар кун, пазмони халку Ватанй хеш шудаам. Гарибй ба чонам зад. Барои шаркиён хаёти Гарбро бардоштан хеле гарон аст. - Чй фарк дорад? Боду хаво як аст. Агар гизохои Узбекиро ёд карда бошй, кариб хар мох хамон палаву кабобро пухта мазза карда мехУрй, хайр агар мантуву самбУсаро дар назар дошта бошй.... Мебахшию мо хозир кудрати бо хамир сару кор доштанро надорем. Лекин ростй гапро гУям, ман хам тухмбараки модарамро чунон ёд кардаам ки... -Магар факат ran дар хУрдан аст? -Гап дар чй аст, набошад? -Хавояшро пазмон шудаам. Мехмоннавозихои халкамро. Мефахмй? Рахимчон, беватанию гарибй чй кадар мушкил аст, дар ин чо мо касе нестем. Намедонам, ин эхсосот танхо дар ман аст, ё дар хамаамон. -Дар Узбекистан чй? Чй касем? - Шарт нест, ки махз ба Узбекистан баргардем. Хар нуктаи Иттиходи Шуравй бароям Ватан аст. Вактхои охир маро зуд-зуд чунин хиссиёт фаро мегирад, ё синн^ солам боло рафта истодааст, барои хамин бошад. Хобхоямро намёгУй кариб хар шаб худамро дар Узбекистан мебинам. -Чангро хоб намебинй, чангро?-пурсид шУхиомез Рахим, - Як санчида бин канй? Окибати баргаштанро фикр кардй? То имрУз дар Шуравй ягон хоинро набахшидаанд, окибати хар яки мо дар Ватан кунчи зиндон аст, фахмо? Барои хамин хам ин ёд карданхоятро як тараф мону вокеиятро фикр кун. -Медонй-чй, дУстам, ман чангро тез-тез хоб мебинам. Ба наздикй хоб дидам, ки гУё ба мукобили Германия чанг мекарда бошам ва якбора, сарбозони хамярокам, яъне тарафи Шуравй "ура" -гУён пеш медаванд. Харчанд зУр мезанам, ки ман хам "ура” гУям, садоям намебарояд. Пойхоям низ бехол шуда, мачоли давидан надоштанд. Аз хамсангаронам дур монда, дуди гализе маро гУё ихота карда бошад. Гирду атроф сокит, дахшатнок ва ман он чо тани танхо мондаам... Медонам, ки таъбираш хуб нест, аниктараш таъбираш аллакай амалй гаштааст. 71
-Амалй гаштааст? Чй тавр? -Ман танхо монданамро дар назар дорам, ба ин тараф гузаштанам-чй? -А-ах, ахамият надех. Ман рУи ин мавзУъ аслан фикр намекунам. Хоб хам намебинам. Хар рохеро, ки интихоб кардем, таваккалаш бар худо. Биё мон, харфхои дилбазанро. Бехтараш дар бораи оянда фикр кун. Чй кор кунем, ки савдоямон хуб шавад? Бою сарватманд шавем, хонахои бохашамат созему бо ягон духтараки очеш бУса накардагй хонадор шавем, ха? Фикри зУр-ха.-дар лаб чунин харфхову дар cap фикри дигар дошт Рахим. Уро мавзУи сУхбат гарант карда буд. Самими бошад, ё озмоишй... Дар хар сурат ба ин кор чиддй рафтор кардан мебояд. Бурхонов то нисфи шаб дар бораи суханони Чаббор фикр кард. Дар симои У дурУягиро дидан душвор буд, хеле самими харф мезад. Агар тахмину хадс заданхояш галат набароянд, дар бораи чал би У ба кори разведкаи шУравй бояд хатман ва очил ба Марказ хабар дод... Боре, хангоми фаъолияти разведкавй дар минтакаи ишголии Амрико Бурхонов бо Умаров вохУрд. Умаровро У ханУз аз солхои Чанги Бузурги Ватанй мешинохт. У яке аз аъзои фаъол ва ташкилотчии "Кумитаи миллии Туркистон" ба шумор мерафт ва рохбарии шУъбаи табъу нашр ва таблиготро бар Ухда дошт. Муддате тарафдор ва хаммаслаки Валй Каюмхон буд. Аввалхои соли 1945 байни онхо ,сУи тафохум ба амал омад ва бо дастури Валй Каюмхон аз чониби гестапо Умаров ба хабе гирифта шуд. Чурми ба хабегирии У ин буд, ки гУё Умаров хар гуна овозахои таслимталабона, яъне аз шикстхУрии кумита хар гуна гапхоро пахн мекарда бошад. Баъди 1- 2 рУзи махбуей бо кУмаки Канотбой У аз хабе озод гардид. То мохи марти соли 1945 Умаров дар донишгохи ”Арбг.йтс Гемайншафт”-и Дрезден тахти сарварии доктор Олтсша кор карда, сипас бо Канотбой ба Карлсбоди Чехословакия панох бурд. Умаров то солхои 1947 дар урдугохи амрикоихо боздошт шуда буд, баъди аз он чо озод шудан, дар шахри Швабахи Олмон узви "Кумитаи мусалмонй” шуда, хеле фаъолона кор кардааст. Дар он чо то ба зинаи муовини раиси Кумитаи мазкур расидааст. Инак, Бурхонов чандин дафъа аст, ки бо Умаров рУ ба рУ шуда, ба хонаи хамдигар ба мехмонй мераванд ва сУхбатхои самими дойр мекунанд. Дар кайдхои Бурхонов омадааст: Умаров 40 сола буда, миллаташ узбек буд. Худаш кадпасти фарбех, каллакалон, 72
сермУй, рУи гирди васеъ дошт, лунчхои варамида, чашмони танги сиёх, бинии майда, дандонхояш сафеди хамвор, рангаш сабзина, серриш, гУшхояшмиёна, ба забонируей бо хатовулакнат харф мезад. То солхои чанг котибидуюм ва сеюми кумитаи хизбии шахри Тошканд шуда кор мекард. Дар солхои Чанги Бузурги Ватанй ба хайсирохбари сиёсии кисмати Артиши ШУравй кор кардааст. Соли 1942 ба асорат афтид. Дини асирй дар Кумитаи миллим Туркистон ба хайси рохбари шУъбаи табъу нашр ва таблигот хизмат кардааст. Баъди шикасти Олмонй фашистй дар минтакаи шимолии амрикоии Олмон, дар шахри Бад-Киссинген зиндагй мекард. Чои таваллудаш шахри Тошканд буда, зануду фарзандаш дар он чо мондаанд. Ин ду нафар мухлиси ашаддии шохмотанд. Дар хар вохУрй аз 3 то 4-5 давр шохмотбозй карда мебаранду мебозанд. Мехмононро гусел карда, Рахим хонаро ба тартиб оварду зарфхои ошхонаро шуста, рУи рахти хоб дароз кашид. Холо вакти хоб рафтани У нашуда буд. Дар сараш сад хазор чаро?-хо давр мезаданд. Мисли ин ки садои касе дар гУшаш чарангос мезаданд, харф заданхои пай дар пай хотирашро мушавваш сохта, сарашро ба дард дароварда буданд. У пушти миз нишаста, блокноти кУчакашро аз рафи китобхо гирифта, бо хуруфоти зебову хонои форей, бо ду чумлаи кУтохе хотираи рУзи сипаригаштаро чамъбаст кард: "ИмрУз хам гузашт. Табиатам хуш буд, бо дУстон нишаста, ба ёди ёру диёр афтодем. Аз хама мухимаш шохмот буд, хар як бурду бохти он бароям хуш аст..." Мехост чизи дигаре бинависад, аммо байни магзу калам алока ба куллй канда шуда буд. "...Худоё, чаро зиёд фикр мекунам? КУмак кун, ки ин фикрхоямро тавассути калам ифода кунам, шояд сарам сабук шавад. Чаро хамин ки каламро ба даст бигирам, нУги он "мешикаста бошад”? Магар сари хама бандахои ту чунин шулуганд (бетартиб, берабт)? Аз тамоми аъзои баданам, танхо магзам хает, ки бетанаффус кор мекунад, кош, чой тугмаи онро медонистаму як дамакак хомУшаш мекардам, то дам бигирад...” -чунин хаёлхо аъсоби Рахимро парешон карда, Уро боз хам хастатар месохтанд. Кош имкон даст медод, то ой маводе, ки чамъоварй кардааст, сари вакт ба чои лозима супорад, кош ашхосе, ки тахти мушохидаи Уст ба бовариаш сазовор бошанд. Гарки чунин андешахо Рахим хуб медонист, ки рохи пешакардаащ аз дигар роххо ба куллй фарк мекунад ва на ба хотири чустани хар гуна саргузаштхо, балки махз фахмиши баланди сиёсй, дУст доштани гояхои сотсиалистй ва кор дар инкилобй 73
чахонй Уро ба ин чода овардааст. У истилоххои озодй, демократия ва сулхро аз хама гуна ганчхои дунё болотар шуморида, хаёташро ба онхо бахшида буд... Зиндагй дар хонаи хонум Блашек барои Бурхонов беасар намонда буд. Ин зани зебои олмонй дар калби хассоси Рахим чой гирифта буд ва хар бор чехраи У ба ёдаш меомад, як хиссиёти гамангезе вучудашро фаро мегирифт, ки он дарди хичрон буд. Лона Блашек зебоии комили занони Аврупоиро доро буд. Бинии кашида, лабхои нозук, чашмони дурушти обй, мУйхои нарми тиллоранг, пайкари на борику на фарбехаш бо овози махин дар калби У хона карда буд. Рахим хар шаб пеш аз хоб барои маъшукааш дилтангй мекард ва сУхбатхои гарму ширинашро ба ёд меовард. Чй кадар дурии У ба ин чавони ошиктабиат таъсир карда буд. У ба Лона Блашек навозишкорона "Лолахон" гуфта мурочиат мекард, У низ чавоби хама гуна мухаббати Рахимро мегардонид... Рахим ба ёд меовард, ки махз барои ба Ватан хизмат кардан, У аз зану кУдаконаш дур афтода аст, вале мУъчизаи табиат аст, ки дар лахзахои хубу бад, Уро бо касе рУ ба рУ месозад, ки оромбахши рУху тан мегардад. Баъзан барои Мунирахон дилаш месУхт, ки аз дурии У одат карда, мехрашро кисмат кардааст, боз худро тасаллй дода фикр мекард, ки Мунирахон низ мисли У карзи модариашро адо карда истодааст, яъне У низ дар хидмат аст, тарбияи фарзанд аз хизматхои волотарини инсон аст барои наиъият. Бинобар ин, мехри У дар чои алохидаи калбаш лона дорад, ки касе хеч гох чои онро гирифта наметавонад... Мохи октябри соли 1947 Бурхонов дар шахри Швабах бо яке аз мухочирини нави миллатгаро профессор Абдурахмонов Кунта шинос шуд. Дар маълумотномаи Бурхонов кайд шудааст: Абдурахман Кунта - соли таваллудаш 1912, миллаташ чечен, профессор, миёнакад, логарандом, чашмонаш калони мешй, мУйхояш сиёх, одатан айнаки шохии сиёх мепУшид. Ба асирй аз соли 1942афтода буд ва дар мудда ти кУтохе аз хисоби асирон "Кумитаи миллии Кафкоз "-ро ташкил намуда, сиёсати зиддишУравй мебурд. Соли 1947 Абдурахмон дар шахри Швабах Котибигенералии "Кумитаимусулмонон"-ро бар Ухда дошта, мекУшид, ки сафи худро аз хисоби асирони Осиёи Марказй зиёд кунад. У бо Умаров ва Канатбаев муносибати хуби дУстй дошт, аз чумла онхо чунин акида доштанд, ки барои мубориза алайхи Иттиходи Шуравй ба мухочироти нав бояд такя кард. 74
Соли 1948 Абдурахмон мухарририи сиёсии рУзномаи таъсисдодаи Канатбай "Янги юл" -ро бар Ухда дошт. Дар ин кор чандон муваффак нашуда, охири хамин сол У бо зани рус ва се фарзандаш ба шахри Мюнхен кУчида, дар яке аз урдугоххои гурезагон чойгир шуд. Профессор Номиток - Бо супориши сардор Бурхонов Рахим якчанд маротиба бо профессор Номиток, ки он замон "Кумитаи мусалмонон"-ро рохбарй мекард, боздид ба амал овард. Миллати У черкес буда, солиёни дароз дар шахри Швабахи Олмон мухочират мекард ва сафи аъзои кумитаи худро аз миллатхои гуногуни Осиёи Миёна зиёд намуда, бар зидди сиёсати Шуравй муборизахои шадид мебурд. Бинобар гуногунмиллатии ин кумита дар дохили он сУитафохумхои зиёде ба вукУъ пайвастанд, дар хар як чамъомад бахсу мунозирахои миллатгароёна сурат мегирифт-ва дар натича, ин кумита пароканда шуд. Бо вучуди он, кумитаи мазкур замони фаъолияташ тахрибкорихои зиёдеро анчом дода буд. Барои Бурхонов супориш шуда буд, ки хайати онро, бахусус фаъолони ин кумитаро муайян намояд. Бо ин максад Бурхонов якчанд маротиба бо профессор Номиток вохУрд ва рУихати хайати шахсии кумитаи онро пурра дастрас намуда ба Марказ фиристод. Ин хизмати Бурхонов барои Марказ ахамияти калоне дошт. Айк Ганс - собик подполковники артиши немис, ки собикаи кориаш бо хадамота радиогУшкунй марбут буд, такрибан мардиТэСь 65-сола буда, дар шахри Бад-Киссинген зиндагй мекард. Бурхонов бо У хангоми иштирок дар дарсхои англисй вохУрда буд. Айк Ганс он замон забони русй меомУхт. Миллати У немис буда, якчанд забонро хуб медонист ва ба Бурхонов пешниход карда буд, ки мубодилаи забономУзй кунанд, яъне У ба Бурхонов забони англисй биомУзаду Бурхонов ба У забони русй. Айк Ганс аввалин шуда ба хонаи Бурхонов омад ва хамин тавр рафту омади онхо cap шуд. Бурхонов дар чехраи Айк агента разведкаи кадом кишвареро медид, шояд разведкаи Олмон бошад, ё разведкаи Амрико. Шахси муаммое буд. Бинобар ин хамеша бо У хеле эхтиёткорона рафтор мекард, махсусан, таваччУхи зиёди Уро нисбати худ хис мекард ва хар як суханашро санчида мегуфт. Барои cap назадани шубха Бурхонов низ ба хонаи Лйк рафт ва якчанд дарсро он чо гузарониданд. Ба синну солаш нигох накарда, Айк марди нихоят серхаракат ва нисбати худаш серталаб буд. Кобилияти хуби забономУзй дошт. 75
Бурхонов бо мухочирини наву кадимй вохУрихои самими мекард ва бо дастури сардорй хеш ба чойхои таъйиншуда рафта, бо онхо вохУрихо мегузаронид, ба хона даъват карда, мехмондорй ва шохмотбозй мекард ва зимни ин мулокотхо хар кадоми онхоро меомУхт, ки оё мешавад ба кори разведка чалб кард ё не. Дар холи хозир факат ду нафар дар рУихати магзии У карор доштанд - Умаров Ахмад ва Рахимов Чаббор. Боз якчанд имтихони кУчакро гузаронида, мехост дар ин бора бо Марказ маслихат кунад. Баъди додани якчанд нишондод, аз Марказ ичозат гирифт, ки Умаровро бо тахаллуси "Константинов" ва Рахимовро бо тахаллуси "Туртсевич" ба кори разведка чалб кунад... РУзи якшанбе. Бурхонов аз хона берун набаромада, рУзи дароз забони англисй омУхтааст. Мехохад нозукихои лахчахои амрикой ва англисиро биомУзад. Хангоми сУхбат бо забони олмонй одатан аз У мепурсиданд: Шумо лахчаи саксониро ё бовариро хуб медонед, магар аз хамон чоед? Аз ин муносибат Рахим хушхол шуда меболид, ки як забони бегонаро пурра аз бар кардааст, то хадде, ки Уро намояндагони он забои аз хамшахрихои худ фарк намекунанд. Дар омУхтани забони англисй низ мехохад хамин унвонро ноил гардад. НисфирУзй каме хобида, аз тарси он ки мабодо шаб бехоб нашавад, аз рахти хоб чахида хеста, боз ба омУзиши забони англисй пардохт. Наздики шом бу£, ки Ахмад бо хонумаш ба мехмонй омаданд. Хуб гуфтанду хандйданд. ХУроки болаззат тайёр карданд. Хонумй' Уро хатто ба ошхона наздик шудан хам намонданд, бо ин кор хостанд "одоби шаркиёнаи" худро нишон диханд. Хонумй Ахмад назди мизи кории Рахим омада, китоби "Авлиёзан ва..”-ро гирифта, ба варак задан машгул шуд. Баъди хУрдани таом, ба бозии шохмот пардохтанд. Дар ин бозй Рахиме, ки буриданаш бисёр вактхо амри махол буд, якбора 4 маротиба бозиро бохт. Баъди гусели мехмонон, дар дафтарчаи хотираи Рахим факат як чум ла сабт гардид: "Ин якшанбе хам гузашт..." Охирхои солхои 1947 ва аввалхои соли 1948 дар бораи чосусй шУравй будани Рахим хабархои зиёде пахн гардида буд. Асосан ин овозахоро муаллими собики ШУравй, турктабор Отабек Кенча пахн мекард. Дар бораи ин хабар Константинович ва Канотбой низ огах шуда, ба Рахим расониданд. Онхо гуфтанд, ки гУё Отабой дар ин бора ба макомоти зиддиразведкаи амрикоихо хабар дода, бар ивази ин хабар пули зиёде низ гирифтааст. 76
Худи Рахим бошад, чунин тахмин мекард, ки ба Отабек ин хабархо аз шиносоии У бо Валй Каюмхон расидааст. Аввалхои мохи феврали соли 1948 Рахим дар шахри Бад- Киссинген аз номи Шредер ном шахсе телеграмма гирифт. Дар он гуфта мешуд, ки муаллифи телеграмма бо Рахим сУхбати хеле зарур ва хосае дорад. Азбаски Рахим Шредерро намешинохт, зуд ба вохУрй розй шуд, зеро дар сурати рад карданй ин вохУрй шубхаро боз хам зиёдттар мекард. ВохУрй дар хонаи Рахим баргузор гардид. Марди олмонитаборе, ки худро Шредер Гайнс муаррифй намуд, вориди хона шуд. У аз лахзаи аввал хотирнишон сохт, ки Рахимро хатари чиддие тахдид мекунад. Рахим худро чунин вонамуд, ки барои тахдиди хатар сабабе мебояд, У поку бегунох аст ва бинобар ин набояд ки одами бегунохро хатар тахдид намояд. Шредер бошад, котеона иброз дошт, ки Рахим разведчики ШУравист ва У дерест, ки орзуи бо разведчики хакикии шуравй вохУрданро дорад, зеро дар У нисбати Иттиходи ШУравй хусни нияти беандозае чУш мезанад ва мехохад махз бо разведкаи Шуравй хамкорй намояд. Дар бораи сотсиализм китобхои зиёдеро хондааст ва аз сохтори чамъиятй махз хамин сохтро меписандад. У кайд кард, ки хатто баъзе асархои Маркс ва Ленинро низ хондааст. Бинобар ин, хизмат кардан ба кишвари сотсиалистиро дерест, ки орзу дорад. То имрУз хаматарафа восита мечу ст, ки бо намояндае аз макомоти ин кишвар дар там<х бошад ва инак ба'максад расид. Рахим чунин тахмин кард, ки шояд Шредер зиддиразведкачии амрикой бошад ва бо максади игво ба ин чо омадааст. Шредер гуфт, ки хамаи ин овозахоро У аз Френсел Когоняк шунидааст. Ба У бошад, ин хабарро Канотбой расонидааст. Френсел-Когоняк худ олмонй буда, замони хукмронии Гитлер лагурфюрер буд. Дар урдугохи У асосан асирони ШУравии Осиёи Марказй нигох дошта мешуданд. Замоне Канотбай муовини У буд. Солхои баъди чанг низ онхо рафтуомад доштанд. Баъди чанг Френсел фамилияи худро ба Когоняк иваз карда буд. Шредер нигоххои зиракона дошт, мекУшид, ки викори ориёии худро пинхон намуда, каме хоксории шУравиро таклид намояд, вале Рахим, ки бо мурури замон чекиста варзида гашта буд, ин хама накшофаринии Шредерро пай бурд ва чавоб дод: -Чаноби Шредер, ин овозахое, ки шумо дар хакки ман шунидед, ягон асосй вокей надоранд. Ман худ аз чабри разведкаи ШУравй лар 77
хонаи олмонизане чандин сол панох бурда, то ба ин чойхо расидаам ва тоза чои амну кори ба худ муносиб пайдо кардаам. Аз шумо хохиш мекунам, маро ба ин сиёсати нодурусти пешгирифтаатон махлут насозед. Ман хеч гох нияти бо Шуравй кор карданро надоштам ва надорам. Агар матЛаби дигар надошта бошед, худо хофиз! Шредер маъзарат хосту кулохашро ба cap гузошта, аз хонаи Рахим рафт. Баъди рафтани У Рахим ба фикр рафт. Ин бозихо ба кй лозим бошад? Корсози асосии ин бозй кй бошад? Разведкаи Олмон ё Амрико? Дар хар сурат хеле эхтиёт шудан лозим... Боздид Аввалхои мохи декабри соли 1948 чанд рУзе Рахим дар Бад- Киссинген набуд. Вакте ки баргашт, хонаро пахну парешон ёфт. Касе дохили утоки У гашта, хамаро таку рУ намуда буд. Аввал гумон кард, ки ба хонааш дузд даромадааст, вале дид, ки асбобу анчом ва либосхо хама дар чояш. Чизе аз хона гум нашудааст. Аз хонум Майер пурсид, ки чй вокеае рух додааст. У чавоб дод, ки намояндаи полис хонаашро кофтуков намуда. Калби Рахим аз ин зарбаи ногахонй ба тахлука афтод ва дар паи кофтани роххои илочи вокеа пеш аз вукУъ афтод. Чизе ба сараш намедаромад. Сабаби мавриди кофтуков карор гирифтани манзилаш маълум набуд. Бр^адом чурм, аз чониби кадом маком от, чйбо^д кард. Баъди фикрронии дурудароз, нихоят Рахим ба хулосае омад, ки аз рУи тартиби "хамла - бехтарин химоят аст" амал намояд. Рахим ба идораи полис омада, худро шиносонида, бо аломати эътироз баён кард, ки хонаи Уро бидуни ичозатнома, яъне ордер кофтуков кардаанд. Сабаби кофтуковро аник карданй шуд: -Ба ман бигУед, ки ман ба кй ва чаро лозим шудаам? Чаро дар вакти набудани ман, хонаамро кофтуков намудед? Чаро омадани маро интизор нашу да, бо чунин дагалй хонаро такурУ намудед? Чй масъала шуморо ба ташвиш гузошт, ки махз хонаи маро кофтед? Намояндаи полис, ки худро Каупп муаррифй намуд, бо оханги расмият чавоб дод: - Чаноби Бурхан! Мо ба шумо коре надорем. Ин амал тибки фармони "сардори калон" ичро шудааст ва ман бояд худи хозир шуморо назди У хозир созам. Рахим бисёр норохат шуда, пурсид: -"Сардори калон”? У кй аст? Чои кори У магар ин чо нест? ‘ 78
-Не, чои кори У каме аз ин чо дуртар аст, вале ман шуморо худи хозир ба он чо бо мошин мебарам. Рахим бо киёфаи чиддй аз паси Каупп равон шуд. Тули 20 дакика онхо назди идораи "Сардори калон" хозир шуданд. Ру ба рУи вокзали рохи охан, дар кУчаи Рузвелдштрасс биное чойгир буд, ки болои дарвозааш бо харфхои калон-калон "Си-ай-си бюро” навишта шуда буд. Каупп аз мошин фаромад, ба Рахим ишораи пиёда шудан карда, ба назди дарвозаи дукабатаи шишагин кадам монд. Дар дохили бино, дар даромадгох 2 нафар меистоданд. Маълум буд, ки онхо аз ташриф овардани Рахим каблан огахй доранд. Якеи онхо наздик омада: -A-а, чаноби Бурхан! Аз вохУрй бо шумо нихоят шодам, билохира бо хам рУ ба рУ шудем, -гУён чониби Рахим даст дароз карда, Уро ба утоки кориаш даъват намуд. Каупп бошад, дар даромадгох бо марди дигаре, ки либоси низомии амрикой дошт, мунтазири Рахим истод. Рахим дунболи он мард дохили утоки мучаллал гашта, чашмаш ба курсии нарме, ки як гУшаи утоки корй гузошта шуда буд, афтид. Одатан, барои даъватшудагон ё мехмонон аз чунин курсихо чуфт мегузоранд, яъне аз ду тараф, вале дар ин уток ба гайр аз курсии нарми сардор, рУ ба рУи мизи кориаш танхо як курсии нарм чойгир шуда, бокимонда курсихои маъмулй, ё чуноне ки мегуфтанд, сандалихо меистоданд. "Шояд ин тарзи ороиши утокхои корй хоси корхонахои амрикой бошанд", -аз дил гузаронид Рахим. "Сардори калон” бо дасташ ишрраи нишастан намуд ва У рУи хамон курсии нарм нишаст. -Фикр мекунам, шумо маро шинохтед, - ва чавобро интизор нашуда, худ посух дод:-Бале, ман хамон мистер Фраймут хастам ва арз карданиям, ки шумо, чаноби Бурхан чандест, ки мавриди таваччУхи мо карор доред. Фраймут дар навиштачоти ба Марказ пешниходнамудаи Бурхонов чунин тасвир ёфтааст: -намояндаи Амрико, марди 35-38- сола, миёнакад, бо сурати зебо, ранги мУяш малламУи сиёхтоб, чашмонаш хокистариранг бо тобиши кахвай, тархи рУяш тоза, хамеша ришхояш тарошида, аз хислатхои хамешагиаш- зиёд сигор мекашад, овозаш махин, хангоми сУхбату харакат чехрааш ором. -Гоибона ман шуморо хуб мешиносам, вале чандест, ки накшаи аз наздик шинос шуданро кашидаам. Рахим абрУхояшро чин карда, чизе пурсиданй буд, аммо барои дурусттар гузоштани суол андеша намуда, ба гУш додан идома дод. 79
Фраймут хангоми сУхбат бо секунчаи геометрии чУбине, ки рУи мизаш буд, бозй карда, чашмонашро, мисли он ки кувваи босирааш заиф бошад, нимрог намуда, харф мезад. Руи он секунча навиштачоте кандакорй шуда буд. Рахим барои хондани он, чашм аз секунча намеканд, вале Фраймут чунон чолокона онро чарх мезанонд, ки хондани он навиштачот гайриимкон буд. Чашмони Рахим бо он зехнмониаш баробари харакати секунча ба хар тараф бозй мекарданд ва У пай бурд, ки Фраймут хамаи ин амали онро назорат мекунад, бинобар ин, диккати худро кУчонида, чониби панчара нигарист. Харду нозукихои амали тарафайнро мохирона наззора мекарданд. Ин хангом Рахим дар бораи зиракию чакконии Фраймут фикр меронду Фраймут бошад, дар бораи хушёрй, дакикй ва нуктасанчии Рахим меандешид. Нихоят, Фраймут секунчаро ба холаш гузошта, сигор равшан кард. Рахим аввал ба чор тарафи мизи корй ва сипас ба навиштачоти он секунча чашм давонда дид, ки дар он бо хати зебо ному насаби "сардори калон”, яъне Фраймут кандакорй шудааст. - Хеч гапе набудаасту... аз дил гузаронид У. -Шумо чаноби Бурхан, худатонро ин кадар бегона хис накунед. Мебинам, ки хеле норохатед. Бовар кунед, мо ошнои хеле наздикем. Бовар намекунед? Ман хатто акси шуморо дорам. У аз зери мизи кориаш папкаеро кушода, аз он акси Рахимро ба худаш нишон дод.Бо вучуди ин, Рахим мисли ин, ки рУи сУзане менишасту каме эхсоси бегонагй мекард,_бсггабассум гуфт: _ .-Мистер Фраймут, шумо ба ин ахамият надихед, ин вазъи хамешагии ман аст, яъне табиати ман чунин аст. Дар асл худамро хеле барохат хис карда истодаам. -Не, не, мисли хонаи худатон бинишинед, ман холо кахва мефармоям. -Ташаккури зиёд, мистер, аммо ман имрУз зиёд кахва нУшидам, агар мумкин бошад, об биёранд. Фраймут ба мар де, ки пушти дар меистод, як истакон об ва як кахваи беканд фармуд. -Чаноби Бурхан, ба фикрам то сабаби даъвати гайриоддиро ба шумо нагУям, ором шуда наметавонед. -Албатта, ин бароям хеле чолиб аст. Дар хакикат, ин лутфу мархамати шумо бароям каме норавшан аст. -Сабаби даъвати маро мепурсед? Ин орзуи деринаи ман буд, ки бо шумо аз наздик шинос шавам, яъне чониби шумо дасти дустй дароз карданиям. Аввалан, арз мекунам, ки хар мушкилие, ки шуморо 80
пеш меояд, албатта дар гурбат ин чизи маъмулист, метавонед ба кУмаки мо такя намоед. Дар ин шароите, ки мову шумо зиндагй дорем, дУстии дучониба хеле бамаврид аст. Ин суханон барои Рахим муаммошаклу норавшан намуданд, ки пурсид: -Яъне, масалан, кУмаки ман ба шумо аз чй иборат хохад буд. -Ин сУхбати мо дурудароз аст, - кахваи гармро бо кошукча нУшида, гуфт Фраймут, - биёед як маслихат кунем. Аввалан, аз он ки вакти кимматбахои шуморо гирифтам, маъзарат мехохам. Дигар ин ки бо ичозати шумо чунин таклиф пешниход карданиям, яъне фардо соати 9 дар хамин чо вохУрем, Рахим обро нУшида, бо оханги тасдик cap чунбонид ва аз чой хеста мунтазир шуд, ки Фраймут кахваашро Тамом кунад. Фраймут низ . кахваи ширгармашро бо як дам нУшида, истакони кУчакашро рУи мизи назди панчара гузошта, аз пушти Рахим баромад. Уро то дами даря шишагин гуселонида, худохофизй намуд ва худ ба утокаш баргашт. Полис Каупп беруни дарвоза Уро интизорй мекашид. Рахим ба акиб нигариста, гумон кард, ки Фраймут аз акибашон меояд, вале аз У дарак набуд. Дар хавлии бино мошини дигаре ба назар наменамуд. У савори мошин шуда, ба фикр фурУ рафт. ♦ «** . • Манзили хонум Лона намуди идона дошт. Аз когази сафед шаклхои гуногуни яхчахо бурида, рУи шишахои панчарахояш часпонида, бо ресмони сафеду пахта дар шифти хона барфи сунъй сохта шуда буд. Аз когази ранга хар гуна занчираву бозичахои гуногун сохта, хонаро оро дода буданд. Махсусан, арчаи зебои орододашуда ба хона хусни идона мебахшид. КУдаконаш - духтараку писаракаш, ки нав аз беруни сармо ба хона даромада буданд, дар хонаи гарм рухсорахояшон суп-сурх гашта, чехраи фариштачахои ривоятиро мемонданд. Онхо болопУшхояшонро кашида, хар кадом дар пой чУробхои пашмин дастони кУчакашонро гарм мекарданд. ДастпУшакхои намнокашонро рУи лУлаи оби гарм гузошта, худхошон дар гирди арча омада, ба бозичахои овезони он менигаристанду завк мебурданд. Духтарак акси худро рУи бозичаи сурхранги пурчило, ки шакли нокро дошт, нигариста гуфт: -Бубин, бубин, акси ман руи ин бозича аст! 81
Бародараш хам шуда ба он бозича нигарист: -Ман хам он чо хастам, дидй, - У киёфаашро тагйир дода, абрУхояшро дар хам кашиду лунчхояшро дам карда, бо дастчахояш димогашро ба боло бардошта: -Ана, бин, ман шабехи хукча шудам. Духтарак бо завк хандида, ба дигар бозичахо нигарист: -Бубин, боз сурати нок, ана чалгУза, боз чалгУза, ана инаш аз они ман, ана ваяш хам аз ман. Руи хар кадоми онхо мо хастем. Нигар! Нигох кун!... Онхо гарки тамошои арча буданд. Зери арчаро наззора мекарданду бо хам бахс. Хонум Лона, хилъати бумазй дар бар, бо рУймоли пахтагини сафеде мУйхояшро бар дошта дар холате, ки ту хм лат мезад, коса дар даст аз ошхона бароомада, хост ба бахси онхо хотима дихад. У одатан вакти пухтупаз хатман сарашро бо рУймол баста, пешгирак ё хилъат мепУшид. Писарак ба модараш гуфт, ки хохараш бовар намекунад, ки Санта Клаус махз дар хамин таги арча хадяхоро мегузорад. -Шумо ба У фахмонед, модарчон! -аз модараш хохиш намуд писарак. Лона дастхои тарашро бо сачок пок карда, суханони писаракро тасдик намуда гуфт: -Хам дар таги арча ва хам дар чУроб. -Дар чУроб?. Чй тавр? Баъд мо аз кучо мефахмем, ки тУхфаи кадомамон чй аст? - нигарон шуд писарак. -Бам нахУр, тУхфахо аз хамдигар фарк мекунанд, хам духтаронаю хам писарона, - модар аз паи пухтупаз шуд. Писарак Давида назди панчара рафту ба кУча нигарист. Барфи сангин шахрро пУшида буд. Дарахтони санавбару сУзанбарг аз гар> >нии барф хам зада, дар зерашон чалгУзаву чанд шохахои шикаста мехобиданд. Аз байни шохахои пурбарф нурхои офтоб медурахшид. Дар зери шУои офтоб заррахои барф чило медоданд, ки аз шУълаи он кас чашмашро наметавонист ба пуррагй боз кунад. Паррандаи кУчаке аз шоха ба шохае паррида, ба чалгУзаву баргхои токаи дарахте нУл мезад ва чизеро мехУрд. -Модарчон, ин мургакро бин, бечора хунук хУрдааст, хам гурусна мондааст. Тирезаро кушоем, У дарояд, рУи арча мешинонем, бо бозичахо бозй мекунад? 82
-Не, писарам, якум ин ки, ин парранда хунук намехурад. Ин кабил паррандахо ба сардй тобоваранд, онхое, ки аз хунукй метарсанд, кайхо ба чойхои гарм парида рафтаанд. Дуюм ин ки, онхо дар хонаи инсон зиндагй карда наметавонанд. -Чаро? Одамонро дуст намедоранд? -Не, онхо аз одамон метарсанд. -Аз одамон метарсанд? - Модар дигар ба суолхои пай дар паи писарак гУш накарда, ба ошхона даромад. Писарак думболи модараш омада боз ба суолхояш идома дод: -Барои он ки одамон онхоро мепарронанд? -Намедонам барои чй. -Барои чй одамон якдигарро мепарронанд? Чй сабаб мешавад, ки онхо хамдигарро бад мебинанд? Писарак мехост ба суолхояш чавоб гирад, вале дид, ки модар дигар ба У таваччУхе надорад, боз назди панчара рафт. Он паррандаи кУчак то хол аз шохахои дарахтон чизеро чустучУ мекард. Писарак як ангушташро рУи шишаи панчара гузошта, бо он харф мезад: -Офарин майдачаи тобовар! Офарин! Паррандахои аз ту бузургтар аз барф гурехта рафтаанду туи майдаяк зУр будай. Ман бо ту чУра мешавам. Ту аз бомба хам наметарсй, аз танк хам..., - У ба поин нигариста, боз назди модар баргашта пурсид: -Модарчон, Санта Клаус аз дар медарояд ё аз тиреза? -Аз кучое.’кй хохад, даромадан мегирад. •' -Охир таги тиреза зинапоя надорад, чй тавр./,- У суханонашро тамом накарда, модар чавоб дод: -Ту гам нахУр, У худаш хама корро метавонад. Агар зиёд пурсй, У аслан ба хонаамон намедарояд... Писарак ором шуд. Хонум Лона Блашек пешбандаки сафедашро, ки дар асари пухтупази идона чо-чояш доги равган пайдо карда буд, аз миёнаш кушода, дар хаммомхона гузошт. Аз дохили чевони ошхона пешбандаки сафеду охарии дигарро ба бар кард. Ба оина нигариста, мУйхояшро шона заду чашмонашро аз назар гузаронид. Чанд чои ранги атрофи чашмонашро бо рУймолча ислох намуда, худро оро дод. Ин корро Лона чунон чолокона ичро намуд, ки хатто кУдакон аз чизе пай бурданд. -Модарчон, кй ба хонаамон меояд? Амаки-Рахим меояд? -гУён кУдакон дар гирдаш чамъ шуданд. 83
-Намедонам, щояд амаки Рахиматон биёяд, шояд наояд. Охир ид аст, хонаи хама мсхмон меояд. Хама кас ва хама чо бояд ороста бошад. -Либосхои нави моро хам пУшонед, хона мехмон меояд... Тачлили соли 1949 барои Бурхонов хеле хотирмон буд. У барои чашни соли нави масехй ба назди султони калби худ хонум Лона Блашек омэд. Дар 2-3. соли охир У худро чунин хушбахт хис накарда буд. У бд "Лолаи азиз" ваъда дода буд, ки хама кУшишхоро ба харч дода, коре карда, аз "зонаи сиёх", яъне минтакаи ишголй гузашта, худро ба наздаш мерасонад. У аз тахдиди Мистер Фраймут хавотир буд. Кори осоне набуд, вале ба ваъдааш вафо кард. Ду дилдода дар рУзхои ид барои хамдигар ва барои кУдакон инъомхои зиёде хариданд. Барномаи идонаи хубе дуруст карданд, то кУдакон ин идро хуб хис кунанд. Хариди зиёде намуда, дастурхони идона оростанд, тУхфахои зиёде омода карданд. Аз 27 декабр cap карда, тачлили идро огоз намуданд. Хонум Лона хама хунари кадбонугии худро харч намуда, аз хУришхову ширинихои дУстдоштаи Бурхонов тайёр намуда, дастурхонро зеб-дода буд. Хусусан, ба хотири кУдакон торти идона пухта буд, ки рУи онро бо креми ранги арчай наккошй карда буд, вале онро ханУз дар ощхона пинхон нигох медошт. Ин зани боназокат чунон хушбахт буд, ки чандин маротиба Рахим дар чехраи зебояш нишонахои ашки шодиро дид. Шодию сурури кУдаконро дида, Лона аз Рахим миннатдорй изхор кард. Духтараку писаракаш бо либосхои идона гирди дастурхон хозир буданд. Духтарча бар cap точи маликаи барфин дошт ва рухсорахояшро бо лабчарм сурх карда буданд. Писарак бошад, никоби хирс бар рУй кашида, рохгардии хирсро таклид мекард ва овозашро гафс карда, шеъри солинавй мехонд. Онхо бесаброна омадани Санта Клаусро интизор буданд. Лона кУдаконро бо бахонаи нишон додани торти солинавй ба ошхона даъват намуду Рахим тУхфахоро ба чойхои лозимй гузошт. Инак, Соли кУхан бо хама гаму андУх ва шодии андак онхоро тарк гуфту чояшро ба Соли нав дод. Дар хонаи кУчаки хонум Лона хама гирди дастурхон кадах пур намуда, ба хамдигар бахту икбол ва дигар хушихои зиндагиро таманно карданд. КУдакон аз хадяхои зери арча ва дохили чУробхо чунон хушхол буданд, ки хатто ба рУи дастурхон нигох хам намекарданд. "Санта Клаус" ба писарак як мошинчаву 1 танкча ва ба духтарак зочаи кУчаку косаву табакчахои 84
кУдакона инъом карда буд. Онхо гарки бозй буданд. Танхо аз торти идона чашиданду халос. Лона, ки пирохани осмонйранги зебову шинами ба худаш зебандаеро ба бар карда, мУйхояшро бардошта буд, мислй Олихаи хусн дилработар шуда, бо нигоххои гирояш калби Рахимро об мекард. Чашмони обиаш бо пирохани шинами У, ки камари нозукашро чудо мекард, хамохангии ачибе эчбд карда, гардани баланду сафедаш мисли куи афсонавй ба назар мехУрд. У мусикии ороме гузошта, назди Рахим омад ва дасташро чониби У дароз карда, бо табассум гуфт: -Оё ин чаноб майли раке кардан надоранд? Рахим аз чояш баланд шуду камари Лонаро дошта, аз беахамияти худ каме хичолат кашиду гуфт: -Ман хам дар хамин фикр бу дам, лекин бо бачахо саргарм шуда мондам, бубахш, азизам. Лона бо cap ишораи инкор намуда, дастонашро дар гардани Рахим халка кунонид. Он ду хамдигарро канор гирифта, дар оханги ороми гарбй, мисли ин ки шино мекарда бошанд, ракси зебое мекарданд. Нигоххояшон ба самтхои номаълуме дУхта шуда, бо лабони хомУш хамдигарро хис мекарданд. ХомУшии ду танро факат садои калбхояшон халалдор месохт. Рахим кадахи навбатиро бардошта сухан кард: -Соли нав муборак бод! Ба худои~таоло хазорон шукр бод, ки имсол ба ман Соли нав бо нихояти вахту хурсандй ва шодию нишот огоз гардид. Дидори шумоён азизон, маро аз нав зинда гардонид. Ин Соли нав хамчун соли саодату умед ва хушбахттарин дар хотирам якумрй накш хохад бает. Илохо тУли ин сол ба хамин минвол давом кунад! Лона каме аз кадахи хеш нУшиду бо садои махине, ки дошт аз Рахим пурсид: -Ин хама мехрубониро ту аз кй омУхтй? Ман хатто баъзан аз мехрубонихои бепоёни ту хичолат мекашам. Дар ин мусофирй, бо ин хама мушкилот боз хам ту мехрубонй. Агар мисли ту одамони нармдилу мехрубон зиёд мебуданд, шояд хеч гох дар дунё чанг хам намешуд. -Лолачон, мехрубонихои ман аз хубии туст. Чй тавр дар хузури ту ман мехрубон набошам, охир бо ту бу дан бароям як олами дигар аст. Ростй, шояд мехрубониро ман аз падарам омУхта бошам. У якумр 85
бо МО, хусусан бо модарам мехрубон буд. Харфхои ширину боадабонаи зиёде мегуфт. У нисбати занхо халиму хушзабон буд, хатто дар шеърхояш хукуки занхоро баланд мебардошт. -У шеър хам мегуфт? -Бале, шеър менавишт. -Метавонй аз шеърхояш бароям чизе бихонй? Рахим хайрон шуда, пурсид: -Бо кадом забои? -Бо хамон забоне, ки У шеър навишта буд, сипас маънояшро бароям бигУй. Рахим каме фикр карду бо табассуми шинаме ба кироати шеъри падар пардохт: Озод шуд аз банди фаранчй зану духтар, Албатта, ки чои ломки зиндон набувад хеч. Дар зери фаранчй зи чй бошад зану духтар? Хуршед, ки дар пардаи пинхон набувад хеч. Баъди каме таваккуф У порчаи шеърии дигареро кироат кард: Миллати точик то гардад халос аз дарди чахл, Духтари точикро духтур мебоист кард. Фош мегУям, ки мастурист айби духтарон, То ба кай ин айбро мастур мебоист кард. Баъди тарчумаи ашъори падар Рахим дар чехраи Лона эхсосоти ачиберо дарк намуд. Лона ба вачд омада буд. У бо лахни зебое гуфт: -Азизам, ман акнун фахмидам, ки чй кадар забони точикй ширин будааст. Махсусан, агар бо он шеър гуфта шавад. Аз чихати м;.ъно бошад, дар хакикат, падарат шахси бузург будааст, ки ба чунин мавзУъ даст задааст. Аз рУи маълумоти ман занони шаркй танхо барои хонадориву фарзанддорй тарбият мешаванд. Пас, падарат вокеан шахси бомаърифат будааст. Рахим хеле хушхол буд, ки ашъори падараш ба Лолахон писана омад. У чизеро ба ёд оварду гуфт: -Хозир ман порчаи шеъриеро бароят тарчума мекунам, ки нисбатан барои тарчума кардан осонтар аст. Лона бошад аз У хохиш кард, ки аввал онро ба забони точикй бихонад. 86
Рахим хурсанд шуду ба хондани шеъри навбатй пардохт: Гуфт: - Дар дунболи ман чун бод дав. Гуфтам: - Ба cap, Гуфт: - Мунзим, рез хуноби чигар. Гуфтам: - Ба чашм... Албатта, тарчумаи ин гуфтахо ба забони олмонй нисбатан шоирона садо доданд... Рахим ин суханонро мегуфту бехабар аз ин буд, ки махз хамин сол у бояд аз имтихонхои вазнини хаёт гузашта, пастию баландихои зиёдеро пушти cap карда, хама озмоишхои зиндагиро яке паси дигар тахаммул созад... РУзхои ид ба охир расиданд. Дили Рахим танг шуда буд, зеро бояд фардо ба шахри худ - Бад-Киссинген мерафт. Ба хонаи кУдакон даромада, онхоро гарки хоб дид. Лона низ гарм мехобид. Рахим рУзномаи кУчакашро боз намуду дар он чанд калимаеро навишт: "Боз як рУзи хушбахтона гузашт. АфсУс, ки фардо бояд барои ба шахрам рафтан кушиш намоям.” 3 январи соли 1949 Рахим ба хона расид. У шукри худованд мекард, ки аз "худуди сиёх" бахайр гузашт. Дар хона Уро дарами мактубхо интизор буданд. Бесаброна онхоро аз назар гузаронида, хеле хушхол шуд. Аз кУдаконаш мактуб гирифта буд. Аввал мактуби ЛУъбатхонро гаштаю баргашта хонд, аз навигарихо огох гашт. У хуб медонист, ки хар яки ин мактубхо тахти контроля сахти модаркалон карор гирифта, сипас ба ин чо ирсол шудаанд, бинобар ин, мУхтавои онхо саршор аз саодату хушбахтии он хонадон аст. Дар бораи ягон камбудй навиппа нашуда буд. Сипас, хати Зафарчонро хонд. Нихоят хурсанд шуд. Ба ёди онхо афтод. Хисси худтанкидкуниаш боло рафта, нисбати хусни хати фарзандонаш эрод гирифт ва баъди хамаи мактубхоро хондан, ба чавоби номахои фарзандонаш пардохт. Баъзан ба хар ду дар як мактуб чавоб менавишт, вале бисёр вакт ба хотири шод кардану тарбияти шахсияти фарзандонаш, ба хар кадом алохида мактуб навишта, инчунин баъзе "харфхои махфй" низ ирсол мекард. Ин "харфакхои махфй” дар фарзандонро хисси масъулиятро боло мекард. Чандест, ки омУзиши забони англисиро канор гузоштааст. Аввал китобхояшро чамъ карда хост назди муаллими забони англисиаш 87
мистер Грол равад. Холо, ки хеле дилгир буд, мехост бо касе дар тамос бошад ёкореро анчом дихад, ки пурмахсул бошад, яъне натичае ба даст оварад. Бо ин максад рохии шахри Билефелд гашт. Дар ин шахр Мубораков ва Каримй зиндагй мекарданд. Бо ин ду мухочирбни миллатгаро Рахим бо супориши Марказ рафтуомад мекард. Ихтйсоси хар дуяшон духтурй буд. Бурхонов бо Мубораков Собирчон бори аввал дар Дрезден соли 1944 дар донишгохи "Арбайтс Геманшафт" шинос шуда буд. У соли 1910 дар шахри Тошканд таваллуд шуда, миллаташ Узбек ва ихтисосаш духтурй беморихои дарунй буд. Мубораков марди миёнакади китфвасеъ буда, сурати гирди мугулшакл, чашмони кУчак, лабони гафс, бинии гирди пахн, мУи сиёх ва гардани кУтох дошт. Баъди асорати соли 1942 ба "Кумитаи Туркистон" хамрох шуда, то маглубияти Олмонй фашистй дар Берлин дар хонаи мухочирзани рус бо номи Швартскопф Уляна Яковлевна зиндагй мекард. Баъди чанг У ба минтакаи ишголии англис омада, дар шахри Билефелд кУчида, бо олмонидухтаре бо номи Тсетсилия издивоч карда буд. Каримй Борис бошад, соли 1915-18 дар шахри Тошканд таваллуд шуда, миллаташ Узбек ва тахассусаш духтурй аст. Марди коматбаланди тануманд, каллакалон, мУйхояш сиёхи гафси ба тарафи акиб, шонашуда, рУяш пахни сафедтоб, чашмрнаш сиёхи танги варамида дошт. Солхои 1942 дар вазъияти номаълум асири немисхо шуда, тахти таъсири доктор Мубораков монда, хамеша тибки гуфтаи У кадам мемонд. Солхои Чанги Бузурги Ватанй дар самтхои гуногуни "Кумитаи миллии Туркистон" кор кардааст. Баъди чанг ният дошт, ки ба Ватан баргардад, вале ба гуфтаи Муборак амал карда, ин корро накард ва то ба хол афсУси онро мехУрад. То имрУз чандин маротиба Каримов ба Бурхонов дарди дил намуда, хасрати ба Ватан баргаштанашро карда, гуфта буд, ки хозир аст чазои хиёнати кардаашро кашад, вале мекУшид, ки ин суханонро дар гайби Мубораков гУяд. Аз соли 1945 cap карда, У дар шахри Билефелд зиндагй карда, асосан ба "савдои сиёх", яъне харидуфурУши пашу чарм машгул буд. У молхои чармиву пашми кимматбахоро аз чойхои арзон харида,..бо нархи кимат мефурУхт ва бо ин зиндагии хешро пеш мебурд, вале бо максади фаромУш накардани ихтисос У 88
дар урдугохи инглисй ройгон ба касби духтурй низ машгул мешуд. Дониши тиббиаш хуб буд, миёни мухочирон чун шахси дар сохаи худаш босавод машхур буд. Рахим ду руз дар ин шахр монд. Аз ину он сУхбат карда, аз вазъи имрУзаи хаёти мухочирон бохабар гашт. Хам Мубораков ва хам Каримй хиссиёти худро нисбати Ватан, хасрати гарибй, дидори хешу наздикон аз Рахим пинхон карда наметавонистанд. Бештар аз хама дар ин сафар Бурхонов аз бозии шохмот халоват бурд. Гарчанде, ки бохти зиёд хам бошад, У баъди хар як давр хохиши зиёдтар пайдо мекард. Собирчон, ки шохмотбози мохир буд, ба Рахим рУ оварда: -Бародар, охир барги баранда дар дасти ман аст, бехуда чон накан, бе ин хам ман мебарам,- гУён шохмбтро рУи тахта чидан гирифт. -Не, чУрачон, ин дафъа ман ранги сафедро мегирам, - якравй кард Рахим. -Аз иваз карданй ранг магар чизе тагйир меёбад. - хандида гуфт Собирчон. -Набошад-чй? Ман ранги сиёхро чащми дидан надорам. Онхо шохмотхоро иваз намуда, ба бозй пардохтанд. Йн дафъа хам Рахим бозиро бохт. -Гуфтам-ку, чУрачон дар ин бозй танхо ман мебарам, бохтан насиби туст. Ин дам хонумй Собирчон онхоро ба хУроки шом даъват кард. Гирди дастурхон Собирчон бо чашмони маккораш чониби Рахим нигариста: * -Хуб, баъди шом хам як даври дигар бозй мекунем? - пурсид -Не, хавсалаам тамом шуд, -чавоб дод Рахим. -Албатта, ин бохтанхо... Суханони Собирчон ханУз тамом нашуда буданд, ки Рахим ливони конякро бардошта, гуфт: - Бигузор, ин бохтанхо факат дар бозии шохмот бошанд, мухим он аст, ки касе дар зиндагй бой надихад... Вакте ки хама ба хоб рафтанд, Рахим рУзномаи дУстдоштаашро бароварда, чанд кайде болои он сабт намуд: ".„ХанУз кУдак будам, фикру хаёлхоямро ба модаркалонам мегуфтам. Бечора модаркалонам мегуфт, ки ин кадар мисли девонагон хаёл мекунй. Хавотир мешуд, ки майнаам солим нест, вале он замонхо ман кУдак будам. Хаёлу девонагиям низ кУдакона буданд. ИмрУз ман бузург щудам, наздики 40. Мутаассифона фикру хаёлам, девонагихоям низ чихил маротиба зиёдтар шудаанд. Кадомаш пеш буд? Аввал ман 89
девона будам, бинобар он бисёр хаёлхои девонагй мекардам, ё азбас бисёр фикру хаёл мекардам, девона шудаам. Хаёлхоям солим нестанд. Ин хаёлхо низом, тартиб надоранд, дошта хам наметавонанд. Ин хаёлхо инъикоси зиндагии берабти мананд..." Собирчон чароги равшани Рахимро дида, пай бурд, ки бедорхобй мекашад. У охиста дарро зада, шУхиомез: -Аз алами бой додана, ханУз хам хобат набурда истодааст. - гуфта аз дари уток даромад. Рахимро машгули рУзноманависй ёфта: -Мебахшй, дУстам, ман фикр кардам, ки... -Хеч ran не, хуб кардй, омадй. Ман бо хаёлхоям чанг мекардам. -Чй хел чанг мекардй? Рахим вазъияташро ба У фахмонид. Собир харфи Уро гУш карда, тархи рУй ва чашмони Рахимро аз назар гузаронида, гуфт: -Ту, чУрачон хастаи психомания шудай. Агар соддатар карда гУем, яъне девона, чиннй шудай. Ин холатхо бештар ба ашхосе, ки истеъдоди баланди фикрй доранд, рух медихад. Нишонахои ин холат чунинанд: хама атрофиён ба ту бад менамоянд, ту худатро бад мебинй, олам танг менамояд, ту ба худат чой намеёбй, рУз ба ту торик менамояд, ту чарог намеёбй!!! -Шуд, шуд. Рахмати калон! Рахмат, ки баъзеи дигар нишонахояшро, ки хатто худам намедонистам, ба ман талкин намудй, агар мисли ту духтур бошад, вой бар холи он бемор. -Рахимчон, бубахш, ки вохима кардам, лекин, дар хакикат, вазъи ту ба ман маъкул нашуд. Кимгчй хел парешон менамой. Ним соати дигар онхо байни хам сУхбат карданду Рахим ба рахти хоб дароз кашид. У фикр мекард, ки аз чй ин кадар дилаш гирифтааст. Суханони Каримиро ба ёд овард. ХанУз, вакте ки У бо Каримй вохУрд, аз Собирчон дарак набуд. Дар ин вохУрй Каримй ба У дарди дил кард: -Рахимчон, дили ман хазорпора аст. ХУроки ман аз захр хам бадтар аст. Хандаи ман гиряву суханонам суруди мотаманд. Воллох, ки ман бандаи ношукр нестам. Лекин ман инсонам. Зинда будани хайвониро ба худ эб намебинам. ХУрдану хоб кардан, такозои нафсро оромидан - ин хама зиндагонии инсон нест. Ватан, хонавода, авлод, мехнат, даромади халол, кУшиш барои оила, зани мехрубон, фарзандони ширин, озодиву хурсандй - ин аст зиндагии инсон. Кучост ин зиндагй. Аз Ватан чандин хазор фарсах дур, дар чои бегона, халки бегона, сохиби як хонаводаи сунъй, урфу одати бегона, хУрду хУроки бегона, хавои бегона, мехнати харом, даромади харом... Кучост маънои ин зиндагонй? 90
t Ин дилшикастагии Каримй Рахимро хеле норохат сохт. Ба холи ( у дилаш сУхт. Кисман худи У низ дар хамин холат буд, вале У хар вакте ки набошад, метавонад бо сари баланд ба Ватани хеш баргардад, бо фахр назди вичдони худ хисобот дихад, ки ин хама саргардонй бахри чист. Ин хама накшбозихову зиндачудоихо ба хотири чист. Чашмони У охиста-охиста пУшида шуданду фикру хаёлаш дар олами хоб гарк шуд... 10 январ Рахим аз шахри Билефилд баргашт, РУзи сешанбе буд. Утокаш аз сабаби чанд рУзи набуданаш хеле сарду бегона ба । назар мехУрд. Чанде ба омУзиши забони англисй пардохт. Фардо бояд муаллимаш Тин ба хона биёяд. Бинобар ин омодагии хуб гирифтан лозим буд, зеро мистер Тин, дар сурати нотайёр будани У хеле асабонй мешавад. Аз чй бошад, ки дарди дандонаш зиёд шуда истодааст. ХанУз вакти чашни Соли нав, Рахим дарди дандонашро хис карда буд, вале ба он чандон ахамият надода, гармию сардиро ба хам омехт. Инак, чазояшро кашида истодааст. Бояд хатман ба назди v духтури дандон мерафт. Руи мизи кориаш нишаста, сарфу нахви забони англисиро мехонд, ки боз ташвиши Марказ ба ёдаш омад. Супориши навбатии Марказ нихоят мухиму хатарнок буд. Тибки он У бояд бо агента мухиме, ки аз чониби кишвари сеюм ба он чо омада буд, чорабинии мухимеро анчом медод. Аз ин кабил чорабинихои касбй У бисёр гузаронида буд ва тачрйбаи кофй хам дошт, аммо он замон то ин ] андоза мавриди таъкиб карор нагирифта буд. Инак, Бурхонов барои аввалин бархУрд бо агента мухим омодагй мегирифт. Дар берун хавои хуби офтобй хукмфармо буд. Уро мебоист болопУши кахваирангашро бо кулохи хамранги он мепУшид. ДастпУшакхои чарминашро бошад, У бояд дар дасти росташ мегирифт. Бурхонов аз панчара ноаён ва хеле эхтиёткорона ба берун нигариста, фазой кУчаро ба кадри имкон омУхт. Чун хамеша дар хамин соат кампири хамсоя сагашро ба сайругашт бароварда буд. Аз холати маъмулии У Бурхонов пай бурд, ки фазой кУча ором аст, яъне дар сурати пайдо шудани одами бегона дар ин хавлй кампир одатан хеле асабониву ноором ба назар менамуд. Бисёр вакт Бурхонов аз рУи *• аксуламали ин кампир хузури таъкибкунандагони чониби Амрикоро дарк мекард. Баъди андаке Бурхонов дар чои таъйиншуда, ки дар як гУшаи шахр чойгир шуда буд, расид. Дар ин чо хавзи обе буд, ки дар фасли 1 91
зимистон рУи он яххои обшуда шино мекарданд. Ду-се кадам дуртар аз он, зери дарахтони пир сандалии чУбини рангпаридае гузошта шуда буд. Наздики ин сандалиро чои бархУрд таъйин намуда буданд. Дар соати муайян агент низ хозир шуд. Бурхонов нишонахои маълум, яъне рУзномаи дар шакли лУла печонидашударо бо чатри сиёх дар дасти чапи У дида, мутмаин шуд, ки хамон агент аст. Бидуни дудилагй Бурхонов ба У наздик шуда пурсид: -Бубахшед, соат чанд аст? -9-у 30 дакика. -Соати ман акиб мондааст. Соати ман расо 9.00 аст. Раками охир аломати шартй ва вакти навбатии боздиди онхо буд. Сипас, онхо дар гирдогирди хавз, зери дарахтон ва рохравхои он чо сайругашт намуда, накшаи вохУрии навбатиро, бо дар назардошти накшаи эхтиётии он тартиб доданд. Дар вохУрии навбатй Бурхонов бояд тавассути агент ахбори мухимеро аз фаъолияти хадамоти махсуси Иёлоти Муттахидаи Амрико дастрас мекард. Хадамоти махсуси амрикой бо истифода аз "Легиони Туркистон” мебоист гурУхе аз тахрибкоронро барои амалй кардани накшаи мавчуда ба кор баранд. Тибки накша онхо ният доштанд, ки дар ду обанбори азими Иттиходи Шуравй тавассути ампулахои "Rest" ва "Minit” захрхои бактериологи ворид кунанд ва натичаи он ба касалии вабо гирифтор шудани ахолй мегашт. Иктидори он ампулахо нихоят баланд буда, як зарраи он метавонист J00.000 одамро аз байн бибарад. Инчунин, дар ахбори мазкур нбмгУи агентхое, ки дар Иттиходи ШУравй зиста, ба манфиати Иёлоти Муттахида кор мекарданд, низ оварда шуда буд. Марказ барои гузаронидани ин амалиёт Бурхоновро аз лихози пинхонкорй хамачониба омода намуда буд ва У дар ин чода хеле варзида буд. Дар амалиёти мазкур сухан дар бораи фаъолияти тахрибкории мамолики Барб нисбати Иттиходи Шуравй дар минтакахои ишголй мерафт. Махсусан, дар ин давра хадамоти таъкиботй хеле ривоч ёфта буд. Баъди ду рУз бояд вохУрии навбатй сурат мегирифт. Шаб Бурхонов ба худ чои нишаст намеёфт. Ноором буд. На гуруснагй ва на бехобиро хис намекард. Бейст кахва менУшид. Хатто рУзнома хонда натавонист. РУзхои охир чониби Амрико таъкибро нисбати У тезонида буданд ва ин холат Уро ба ташвиш андохта буд. Парешониаш то хадде расид, ки худ нафахмид, рУзномаи дар дасташ бударо чй тавр пора-пора сохтааст. Когазпорахои мисли барг хурдшударо дида, ба 92
худ омад ва аз кори кардааш хичолат хам кашид. "Наход бо чунин собикаи корй метавон худро гум кард? На, набояд ман чунин заифу тарсу бошам, набояд худамро нотавон нишон дихам. Бояд хамчун як разведкачии касбй амал кард. Марказ медонад ба ман чй супоришхоеро бовар кунад. Ман бояд чавобгУи боварии Марказ бошам!” - Чунин суханонро аз дил гузарониду Уро нерУи тозае фаро гирифт. Сабукиеро хис намуду рУи рахти хобаш дароз кашид. Субхи барвакт аз хоб сер шуда, мисли хамеша барои вохУрй омодагй гирифт. Дар ин вохУрй У яке аз ёварони содики худ хонум Мартаро, ки дар тарабхонаи кУчаке пианино менавохт, истифода бурд. Ин хонуми солхУрда, ки фавкулодда босавод буд, фархангу тамаддуни Шаркро мепарастид. Овони кУдакиашро дар пойтахти Эрон - Техрон гузаронида, то пиронсолй хотироту мухаббати беандозаи хешро нисбати ин сарзамин пос медошт. Бурхонов зуд-зуд ба ин чо меомад ва бо хам сУхбатхое дар атрофи таъриху тамаддуни Шарк мекарданд. Инчунин, барои Бурхонов мавкеи чойгиршавии ин тарабхона хеле кулай буд. Яке аз дархои он аз чониби хавлии хонахои истикоматй буда, дари дигараш ба тарафи кУча менигарист. Дар сурати аз чониби дари хавлй ворид шудан, шахси таъкибкор ба иштибох меафтид ва пай намебурд, ки хадафаш ба тарабхона даромад ё ба дахлези хонахои истикоматй. Хамон рУз Бурхонов баробари вориди тарабхона шудан аз шищаи тарабхона дид, ки шахсе бо болопУши кУто^е чониби хонахои истикоматй нигариста, касеро интизорй мекашад. У ин шахсро хангоми аз хона баромадан низ, дар назди магозаи кУчаашон дида буд. То вакти мулокот ханУз барвакт буд, Девори тарабхона аз чониби кУча пурра аз шиша сохта шуда, тавассути он хар як нуктаи берун бараъло намоён буд. Бурхонов саросемд нашуда дар як мизе бо хонум Марта кахва менУшид ва гарми сУхбат буд. Агент низ дар соати муайяншуда вориди тарабхона гардид, У дар даст ДУхтаи кабудранге дошт, Айнан хамин гуна дУхта дар ДДСТИ Бурхонов низ буд. Чун вориди тарабхона гдщт, агент Бурхоновро беэътино дарёфта, дарк намуд, ки ханУз фурсати бархУрд нарасидаасг, У низ дар мизи рУ ба рУ нишаста, мунтазир шуд, Бурхонов аз тадкибкор чашм намсканд. У бо ХДракатхои саросемаи ХУД ХДНУЗ ХДМ гох ба боло, ба тдрафи хонахои истикоматй менигариету ГОХ ба гирду атроф. У хадафрр дз даст додд буд. Ин дам мошини сабукрави сиёхранге шафати У истоду таъкибкор бо хамон харакоти сдрдоодй ба он савор гашт ва мошин ба РОХ даромад. 93
Бурхонов баъди мушохидаи ин манзара, каме таваккуф намуда, кУчаву тарабхонаро як аз назар гузаронид ва тарафи агент нигох кард... Дар як лахза дУхтахо иваз Шуданд. Бурхонов бо хаёли рохат ва рУхи болида аз тарабхона баромад. Чй амалиёти душворе пушти cap шуд. То анчоми он чй андешахое магазашро хароб гардонида буданд. Худ ба худ худоро шукр мекард ва табиат дар назараш хусни тозае гирифта буд. Мувофики накшаи Марказ маводи ба даст овардаро Бурхонов дар соати муайян дастраси агент "Громов" гардонид. Хамин тавр, кори гУшношуниде ба анчом расид. Хазорхо мардуми бегунохи Шуравй аз марг начот ёфтанд ва чандин хоинони мил л ат ба даст афтиданд... Хамон рУз, баъди анчоми ин кор Бурхонов ба хона омада, худро чунон сабуку рохат хис мекард, ки худ нафахмида, тозон рУзномаашро боз намуд ва чунин сатрхоро иншо кард: "РУзи аъло. Ба максадам расидам. Муваффак шудам. Офарин Рахимчон!" Баъди ду хафта аз Марказ супориши навбатиро гирифт, ки тибки он У бояд ба минтакаи ишголии ШУравй мерафт, вале таъкиби Фраймут Уро ба ташвиш андохтааст. Чй бояд кард? Баъзан дар кУчахо хис мекунад, ки касе Уро таъкиб карда истодааст. У ба хулосае омад, ки Шредер хатман намояндаи разведкаи Амрико будааст. Ба минтакаи ишголии Шуравй рафтан барояш хеле хатарнок буд. На танхо ин, балки Марказ баъди бархУрди У бо Фраймут, охирхои мохй декабри соли 1948 вохУриашро бо агент "Иванов" дар шахри Мюнхен комилан манъ карда буд, зеро дар сурати ба амал омадани боздид бо агент, хатари тозае эчод мешуд. Ин буд бунбастхои чодаи чекистй, бунбастхое, ки танхо дар хамин чода хар як пинхонкор бояд бо хар кимате, хатто ба шакли истисно онхоро бартараф намояд... ЗУрии дард окибат Уро ба назди духтурй дандон бурд. Духтур дандонашро аз назар гузаронида, онро барои пломба омода сохт ва то рУзи чумъа мух лат дод. *** * « « ♦ * ♦ Бурхонов роххои алокаро чустучУ мекард. У медонист, ки бояд ба карибй дар шахри Мюнхен миёни агент "Иванов" ва косиди разведка боздид ба амал ояд. Бояд аз ин вохУрй истифода кард, вале чй тавр? Хама гуна алокаро бо агент "Иванов" барояш катъ карда буданд. 94
Хатман бояд чораеро пайдо кард, дигар илоче намонда буд. У бояд якчанд маводро ба Марказ ирсол мекард: 1- хисоботи якуниммохаи фаъолияташ дар сохаи разведка; 2- дар бораи мавриди таъкиб карор гирифтанаш аз чониби разведкаи Амрико ва 3 -мушкилии пулие, ки рУзхои охир ба сараш омада буд, бояд бартараф мекард, яъне аз Марказ хохиш мекард, ки барояш як микдор пул фиристанд... Бурхонов рохи Мюнхенро пеш гирифт. То ин дам аз лихози пулй ба мушкилоти сахте рУ ба ру гашта, чанд маротибаи дигар шг.т бо максади баъзе корхои савдо ба ин шахр рафта буд. У ният дошт, ки тавассути косид ба рохбараш номае ирсол карда, вазъияти ба амаломадаро шарх дихад. 12 феврали соли 1949. Соати 12. 00. Дар боги ба номи Англис хайкале карор дошт, ки назди кули яхбаста гурУхе ба бозии "кегли", яъне бозиест, ки дар он бозигар ба воситаи гелонидани саккочахои чУбин катори чиллакхоро аз масофахои муайян зада меафтонад, машгул буданд. Дар бог касе набуд. Ним - чит. Бурхонов аз дур чониби бог нигарист. "Иванов" дар рохи борики бог гардиш мекард, маълум буд, ки У интизори косид аст. Бурхонов ният дошт, ки баъди анчоми боздиди косид бо "Иванов" ва гоиб шудани агент, хатман бо косид вохУрда, тавассути У номаро ирсол мекунад, тавре ки ба чашми "Иванов" нанамояд. Дар сурати хозир нашудани косид, У ба "Иванов" наздик намешавад, зеро ин корро барояш манъ карда буданд. Инак, назди хайкал аз дур ду нафар намудор шуданд, якеаш коматбаланду дигараш кадпасти фарбех. Онхо аз хайкал гузашта, ба самти ях рафтанд, аз он чо баргашта, боз назди хайкал омаданд ва тавассути рохи борике аз пеши хайкал гузашта, чониби кУл рахсипор шуданд. Онхо байни худ машгули сУхбат буда, ба ягон чонибе нигох намекарданд. Худро бепарво нишон дода, диккати касеро ба худ чалб карданй набуданд, вале Бурхонов сурати ин гуна "дунбол”-хоро мешинохт. У хост дар гУшае наистаду ба назари онхо нанамояд ва "Иванов"-ро банди фикру хаёл дида, каме ба У наздик шуд, танхо чониби У нигаристу халос. Ин дам, беихтиёр нигохи Бурхонов ба "Иванов" афтид, ки чониби У чашм медУзад. Илочи гурезонидани нигох набуд. Онхо кариб рУ ба рУ буданд. Кор расво шуд. Чй бояд кард? У мачбур шуд, ки ба назди агент биравад, сиррашро фош накарда, гуфт: 'Хайрон нашавед. Ман ин чо тамоман ба хотири як кори дигар омадаам. 95
Агент "Иванов" аз наомадани косид хавотир шуда, чй кор карданашро намедонист. Вакт хеле танг буд. Агар маводи овардаашро ба Бурхонов дихад, чй мешавад? Накунад, ки мушкилие барояш эчод кунад, Каме сабр хохад кард, баъд маълум мешавад. Бурхонов низ намедонист чй гУяд? Агар аз назди У равад, пас харфхои гуфтааш беасос хоханд буд, агар наравад, мабодо ба майдони мушохидаи агентии разведкаи Амрико карор бигирад... У мехост шубхаи агентро аз миён бардорад, бинобар ин, идома дод: -Ман ба як рафикам хаттй расонида будам, ки дар хамин чой хозир шуда, барои сарчашма пул биёрад, зеро худи У хеле банд аст ва ин корро карда наметавонад. "Иванов" бо Бурхонов наздики ним соат зери дарахте бо хам буданд. Муддате, ки онхо он чо буданд, дар он наздикихо ба истиснои чуфти чавоне бо сагашон, ки дар лаби кУл ба гардиш машгул буданд, дигар касе ба он чо наомад. Вакт мегузат, аз косид дараке набуд. Рафики фикркардаи Бурхонов низ хозир нашуд. У ноилоч ба "Иванов" гуфт: -Агар лозим шуморй, маводи овардаатро ман ба чои дахлдор мерасонам. Боз ихтиёрат. "Ийанов” дудила шуд, вале чора надошт. У маводи овардаашро, ки тахминан дар хачми 10 сахифа ва мисли л у ла печонида шуда буд, ба Бурхонов супорид, Онхо гарми сУхбат аз кУл дур шудан гирифтанд, Бурхонов бояд баъди 2 соат тавассути катора ба шахри Бад-Киссинген мерафт. Бинобар НН намехост, ки аз мУХлат пеш худро дар маърази намоиш гузорад. Онхо бо рохи борике дохили бог каме сайругашт намуданд ва бо хам худохофизй карда, аз хам дур шуданд. Хини ин вохУрй "Иванов" хис кард, ки Бурхонов каме логар шудааст, вале киёфаи У хамоно орому ботамкин буд. Ходисае, ки имрУз ба вукУъ пайваст, гайричашмдошт ва ногу вор буд. Бурхонов хеч гох чунин ранг гирифтани корро интизор надошт. Окибат чй мешуда бошад? Окибати кор аз разведкаи Шуравй вобастагй дошт. Маълумотномаеро, ки аз "Иванов" гирифта буд, дар дохили Куттии кафшхои кУхнае, ки дар рохрави хона меистод, гузошт. Хеле фикр кард, ки онро дар кучо нигах дорад, билохира, хамон куттиро интихоб кард. ХУроки шом хам аз гулУяш намегузашт, чй расад ба такрори дарсхои англисй. У калам ба даст гирифта, рУзнома менависад: 96
."Барои чй худо адади 13-ро офаридааст. ХанУз дар айёми донишчУй ин адади шум маро таъкиб мекунад ва корхоямро нобарор месозад. Хамаи он бахохои пасти ман аз болои ин адади душманам аст. То гузаштаии рУзхои сенздахуми хар мох калби ман ва рУхи ман ором намегиранд. Хар рУзи ин таърихи рУз бароям хатар аст. Ба худо панох мебарам, ки фардо бароям хуш гузарад..." РУзе дохили хона шуд, ки хонум Шмалтсел бо омад-омади фасли бахор хонаро рУбучин мекунам гуфта, хама чизро таку рУ кардааст. Тамоми косаву табак ва куттихои пойафзолро аз нав тамиз карда, ба тартиб мегузошт. Либосхои чиркинро чои дигар чамъ карда, худаш бошад, пешгирак дар бар, хеле сертараддуд буд. Хуш аз сари Рахим парид. У бо бахонаи кУмак кардан, ба кашонидани баъзе куттиву чомадонхо пардохт. Куттии кафшкУхнахоро гирифта ба берун баровард, баъди чанде "чо ба чо” карда, маълумотномаи лозимаро аз он чо гирифта, дар дохили чевоне, ки либосхояшро тах карда буд, пинхон намуд. У хатто он когази печонидашударо боре хам боз накарда буд, то ки бифахмад сухан дар бораи чй меравад... РУзи аввали мохи бахор, яъне 1 март барфи зиёде борид. Зимистони кахратун. Аз шиддати сармо пойхои Рахим ба дард даромада буданд. Аъзои баданаш, мисли ин ки аз чизе лат хУрда бошанд, дардманду норохат буданд. Таб надошт, вале иштихо хам надошт. Сармой сахт хУрда буд. Мачбур шуд, ки рУи рахти хоб бистарй шавад. Бемадорию дамхака Уро нихоят заиф гардонида буд. Пардаи шаб шахри барфпУшро печонид. У, ки хам барфу хам торикиро бад медид, дар холати маризй калбаш ба кафидан расид. Нисфи шаб харораташ баланд шуда, гулУяш низ варам кард. Шабро базУр рУз карду аз рахти хобаш баланд шуд. "Ман бояд хоб наравам, хоб рафтан маро аз пой мезанад. Ман бояд кувват пайдо карда, аз чой хезам..." - бо хамин суханон Рахим рохии хаммом шуд. У гумон кард, ки дар хаммоми гарм шояд сармохУрдагияш гузарад, вале, мутаассифона, ахволаш боз хам бадтар шуд. Сустии организми У ба гармии хаммом тоб наоварду Рахим бехуш шуда аз пой афтид. Дар он чо ба У кУмаки аввалин расонида, баъди каме ба худ омадан то ба хонааш расониданд. У худро дар бистари беморй танхо медид. Умуман, У хеле кам мариз шудааст. Як ё ду бор шояд зуком шуда бошад ва хар дафъа модар дар гирдаш парвона буд. Табашро зуд-зуд чен карда, 97
пешонаашро дошта, хар гуна масх мекард. Ох модар! Пир шудаму холо хам ба навозишхоят мУхточам! Ламси дастони пурмехри ту хар гуна дардро сабук мегардониданд. Суханхои ширинат бар чонам мархам буданд. Кош наздам мебудиву бо ту дарди дил мекардам. Холо худат дар кадом ахвол бощй... 14 март Бурхонов худро каме бехтар хис кард, вале ханУз бекувват буд. Каме рох равад, гарки арак мешуд. Бинобар ин, кУшиш мекард, ки аз хона кам ба берун барояд. Ба даре намерафт.Аксари дарсхояшро дар хона тайёр мекард. Акнун барои нисфирУзй каме хуроки гарм тайёр карданй буд, ки дарашро кУфтанд. Вакте дарро боз кард, Ахмаду занашро дар дами дар дид. -Дароед, дароед, хайрият меомадед, кариб мурда будам, аз ягонтаатон дарак нест, ман хатто хавотир шудам... ,- гУён Рахим онхоро пазиройй кард, вале Ахмад маъзарат хоста, гуфт: -Бародар, бахшиш, мо вакт надорем. -Чй? Вакт надоред, ки акаллан як дам нишинед? - гУён Рахим ранчид. Дар ин чанд рУзи беморй, Рахим бе ин хам аз гайби рафиконаш сахт хафа буд. Бори дигар харфхои Маннон Юлдошро ба ёд овард, оси "одами хуб хеч гох хоин намешавад". -Бале, мо сафари дурудароз дорем. Аниктараш, аз ин чо барои хамешагй меравем. -Ба кучо? Яку якбора? -Мо, ману Ефросиня тасмим гирифтем, ки ба Фаронса бикУчем. Дар он чо кори миибаъдаи ман таъмин аст. -Он чо чй кор мекунй? -Ангурпарварй.- хандид Ахмадчон,- богбон мешавам. -Ба ростй? -Бале. Ман дар он чо китъаи калони заминро харида, ба току ангурпарварй машгул мешавам, сипас дастгохи калони шаробпззй месозам ва ин сохаро пеш мегирам. Шояд токзорхои тайёр низ мавчуд бошанд. Ман хуб фикр кардам, рохи аз ин бехтарро пайдо кардан ба гумон аст. Ман ба ту аз он чо мактуб мефиристам. Худо хофиз дУстам! Харчанд Рахим хост Ахмадро насихат кунад, вале бефоида, У аллакай тасмим гирифта буд. Онхо саросема худохофизй намуданду рафтанд. Рахим ба худ намеомад. Аз бахри хУроки нисфирУзй баромада, болои рахти хобаш нишаста, гарки фикру хаёл гашт. "...Акаллан, як дахан ба ман нагуфт, ки чунин накша дорад. Ман Уро ба сохаи худам чалб карда будам. Ин кадар одами росткавл менамуд. Чй тавр яку якбора ба дурУягй 98
даст зад, боварии маро шикает... Чандин суолхои дигар майнаи Уро гич карда буданд. Бурхонов бори дигар рафти ба кори разведка чалб шудани Уро ба ёд овард: Аз тарзи суханронй ва сУхбатхои Умаров Ахмад Бурхонов пай бурд, ки У моил аст, ки барои Иттиходи Шуравй кори сазовору муфидеро анчом дихад. Баъди омУзишу санчишхои зиёде У 6а сардори хеш оиди ин масъала маълумот дод. Сардор ба У супориш дод, ки бо Умаров мунтазам робитаи махфй баркарор намуда, Уро барои кор ба манфиати Иттиходи Шуравй чалб намояд. Бурхонов бо Умаров охиста-охиста сУхбатхои махфиёна ороста, тибки маслихати каблй бо сардор. ба У пешниход намуд, ки бо разведкаи Шуравй хамкорй кунад. Умаров ин пешниходи Бурхоновро бо чону дил пазируфт ва хамачониба омода будани хешро изхор кард. Сипас, ба номи макомоти амниятии Вазорати бехатарии давлатй дар бораи хамкорй ва кУмак ба разведкаи шУравй ариза навишт. Уро бо номи мустаори "Константинов" ба кори разведка чалб намуданд. Аввалин амали У дар ин соха, аз тартиб додани рУихати дУстону рафикон ва атрофиёнаш, ки дар минтакаи Барбии Олмон зиндагй мекарданд, иборат буд. Умаров маълумотномаи муфассалеро дар ин бора бо овардани факту ракамхо ва дигар далелхои намоён пешниход намуда, мунтазири фармони навбатй гардид. Хоини казок Канотбоев, ки дар шахри Вайнгайм зиндагй мекард ва дар паи аз нав эхе намудани Кумитаи Туркистонй буд, низ барои чамъоварии маводи лозима метавонист сарчашма бошад ва Бурхонов тасмим гирифта буд, ки Умаровро ба он чо сафарбар намояд. Бо ин максад Бурхонов ба назди Канотбоев рафта, бо У мул окот кард, вале ин мулокоти У натичае надод, зеро Кумитаи Канотбоев хамин тавр ташкил нашуд. Мутаассифона, рУз ба рУз Бурхонов дар симои Умаров хисси бемасъулиятиро нисбати вазифаи хеш мушохида намуда, дар дил шубха пайдо кард. Бурхонов хис кард, ки Умаров аз У мегурезад. Сабабашро намефахмид. "Модоме, ки намехост, чй ин кадар шабу рУз дарди дил мекард, омада-омада имрУз аз кори кардааш пушаймон аст”- аз дил гузаронид Рахим. Баъди оне, ки Ахмад супоришхои Бурхоновро ичро накард, У дарк намуд, ки дар интихоби хамкорй махфй сахви калоне кардааст.У Умаровро ба хона даъват карда, дар бораи то чй андоза му хим ва чиддй будани кори разведка сухан ронда, Уро даъват намуд, ки беахамиятй ва сахланкориро як сУ гузошта, аз 99
паи ичрои вазифахои хеш гардад. Умаров бепарвоёна чавоб дод, ки "Супоришхои ба У дода нихоят чузъй ва гайри кобили ахамият" буда, ичрои онхо барояш хушоянд нестанд, яъне ба чунин корхои ночиз майл надорад. Бурхонов аз чавоби У дар газаб шуда, ба У фахмонид, ки ханУз барои ичрои супоришхои чиддиву хатарнок тачрибаи кофй надорад, вале Умаров бо бёэътиноии зиёде иброз кард: "Ман кори разведкаро тахайюлй ва хеле афсонавиву чолиб мешуморидам, мехостам корхои азиму накшахои мухимеро, ки арзиши давлатй доранд, анчом дихам, мутаассифона дар ин кор иштибох намудам..." Бурхонов ба Умаров рУ оварда, гуфт: - Модоме, ки аз худ итминони комил надоштй, чаро маро ба иштибох андохтй? Ту худат намедонй, ки дар зиндагй хохони чй хастй? Росташро гУям, ман аз аввал ба ту шубха доштам, зеро ба часурии ту бовар надоштам. Ту худат маънои часуриро мефахмй? Аммо ман, ба донистани ту шубха дорам. Часурй - аз инсонистеъдоди баланди бартараф намудани хар гуна тарсу шубхаро такозо мекунад. Дар сурати аз худ дур сохтани тарсу вахм ва дудидалй инсон сифатхоеро чун - мардонагй, матонатва истодагарй низ доро мешавад. Тарсро голиб омадан низ кахрамонист. Мутаассифона, дУстам, дар ту ман он нишонахоро надидам. АфсУс! Умаров, ки чунин ранг гирифтани сУхбатро интизор набуд, бо оханги таассуф чавоб дод: ( -Маро бубахш, дУстам. Дар хакикат хам ман намедонам чй кор кунам. Ба кадом самт равона бошам? Гунохи ман дар назди халку Ватан азим аст, гунохе, ки бо чизе наметавон онро шуст. Чй кореро, ки ман анчом надихам, гунохамро касе намебахшад ва дар Ватан хатман ба ман чазои сазоворро хоханд дод. Ман фикр мекунам, ки тобу тахаммули он чазоро надорам. Бинобар ин, дУстам намехехам, ки бо сиёсат бошам. Аз сиёсат дур бошй, гунохат камтар мешавад. Дар хурдй падарам як макол дошт: "Сагбоз аз захми дандони саг мемираду морбоз аз захри неши мор", ман намехохам курбонии сиёсат гардам... Бурхонов хис кард, ки овози У ларзида истодааст. Бидуни он ки нигохи чонибаш андозад, бо каломи кУтохе сУхбатро катъ кунонид: -Чй илоч, ихтиёрат? Бори дигар собит кардам, ки ту хоин бу дай... Баъди ин кор, ба хотири миёни мухочирон cap назадани оташи шубха Бурхонов бо Умаров муносибати худро идома медод, вале 100
самимияти каблй 6а куллй аз миён рафта буд. Умаров бо хонумаш зуд-зуд ба хонаи Бурхонов меомад ва бо хар рох мехост, ки муносибатхояШонро баркарор намояд, вале Бурхонов аз У дури мечуст ва агар мабодо бо хам як чо менишастанд, мекУшид, ки дар сУхбатхо дигар харфе аз ватандУстиву сиёсат ба миён наояд... Инак, имрУз Умаров бори дигар чиддиятро аз даст дода, накшаи ба Фаронса рафтанашро низ аз Бурхонов махфй нигох дошта аст. Умаров хуб медонист, ки У аз Ухдаи корхои разведка намебарояд, зеро хеле тарсу буда, кадамеро бе ичозати занаш намегузошт, бинобар ин, сиссатро канор гузошта, аз паи пайдо карданй ризку рУзй даст ба ангурпарварй зад. Баъди рафтани онхо Рахим худро аз як чихат фиребхУрда, аз чихати дигар танхомонда мешуморид. Чаро Ахмад бо У маслихат накард. Шояд боварй надошт. Охир кариб хар рУз якдигарро медиданд, хатто як калима дар ин бора нагуфта буд. Хайр, бало ба пасаш, факат дар ин бора хар чй зудтар ба Марказ хабар додан лозим аст. Рахим дар пиёлае кахва омода сохту пушти мизи корни утокаш нишаста, ба такуру карданй когазхояш пардохт. Бори дигар маводи гирдовардаашро аз назар гузаронид. Маводу маълумотхоеро, ки У чамъ карда буд, ба таври худ кайд карда шуда буданд, масалан, баъзеи онхо, махсусан номхои онхо бо хатти форсй кайд гардида буданд. Руихати мухочиронеро, ки охиста-охиста Олмонрб тарк мекарданд ва ё дар холи тарк карданй он буданд, аз назар гузаронид: Карим Хусейи-Зода: соли таваллудаш 1910-12, зодаи шахри Боку, миллаташ озарбойчонй, маълумоташ олй, ихтисосаш мухандиси нафткаш, дар Артиши шуравй бо рутбаи лейтенант хизмат мекард. Соли 1942 ба асорат афтида, дар чангхои зиддишУравй истифода бурда шудааст. Баъди Чанги Бузурги Ватанй У дар минтакаи ишголии Амрико, дар шахри Бамберг зиндагй мекунад ва ба кори савдо машгул аст. Соли 1947 аз чониби мухочирони Туркистонй намояндаи "Кумитаи мусулмонй” ба шумор мерафт. Дар Иттиходи Шуравй модар ва бародари бузургаш - афсари Артиши Шуравй мезистанд, хохараш бошад, зани амалдори калони эроние будааст, ки дар дарбори шох кор мекардааст. Соли 1948 Хусейн-Зода нияти ба Туркия рафтан ва аз он чо ба Эрон гузаштанро дошт. У бс< як зани рус бо номи Анна хонадор шудааст. 101
Эгамбердиев Рахимчон: Соли таваллудаш 1920-24, Узбек, дар "Легиони миллии Туркисон" хамчун сарбоз хизмат кардааст. Баъди чанг дар шахри Бад-Киссинген ба савдогарй машгул буд, молхои арзонро гирифта, дар дигар чой бо нархи кимматтар мефурУхт, соли 1949 хамрохи зану се кУдакаш ва Умаров Ахмад ба Фаронса кУчид. Ин хабарро хангоми худохофизй Ахмад ба У гуфт. Турдикулов Абдуллочон: 1915-18 соли таваллуд, миллаташ Узбек, зода ва сокини КУканд ё Намангон, Соли 1941-42 асир афтодааст ва дар Кумитаи миллии Туркистон чун сарбоз ба мукобили Иттиходи Шуравй чангидааст, дар чанги Лахистон аз як пояш захм бардоштааст ва то имрУз чарохати он сихат нашудааст. Баъди чанг дар хонаи як зани немис бо номи Киллер дар наздикии шахри Бад-Киссинген зиндагй мекард. Соли 1946 У бо як олмонизани суидй бо номи Марта хонадор шуд. Нияти ба Шветсия ё Фаронса кУчиданро дорад. Юлчиев Охун: соли таваллудаш 1910-15, миллаташ Узбек, дар солхои чанг сарбози Кумитаи Туркистон буд, баъди ба охир расидани чанг аз кори кардааш тарсида, дигар ба Ватан бар нагашт, дар шахри Мюнхен дар хонаи як олмонй бо номи Шенер зиндагй мекард. Соли 1948 дар шахри Мюнхен тарабхонаи шахсй боз кард ва бо олмонизане издивоч карда, сохиби духтарча буд. Дар пайи тахти хуччатхо буд, ки ба хорича сафар кунад. Аз кУч бастани Ахмад ба кишвари Фаронса чанд рУз сипарй шуд ва Рахим холигии чои Уро дар зиндагиаш хис мекард. Новобаста ба хатогиххои кардааш Ахмад дар мукоиса бо дигар хамшахрихои Рахим марди начибе буд. Хангоми вохУрихо аз хикояхои дидаю шунидааш ва чизхои чолиби хондааш мисолхо оварда, накли киссахои саргузаштии ачоибро дУст медошт. Хар чизи тозаеро мехонд, ба Рахим низ тавсия медод, ки бихонад: "ин хама аз хает гирифта шудааст, дар зиндагй лозим мешавад"- мегуфт. Нисбати дУстон самимияти хосае дошт. Дар бахсхои хамшахрихояш, ки зуд-зуд ба амал меомад, хеч гох шарик намешуд. Махсусан, хуш надошт, агар касе нисбати Рахим сухани носазое бизанад. Барои У Рахим чун идеал буд. "Шаркиеро хамчун Рахим бо донистани чанд забои пайдо кардан мушкил аст, Рахим истеъдоди фавкулодаи забоназхудкунй дорад, У инсони оддй нест, инсони худодод аст...” - Чунин гуфтахоро Ахмад дар бисёр чамъомадхо такрор ба такрор мегуфт. Аз хар як вохУрй бо Рахим, махсусан, агар он дар мавзУи илму маърифат бошад, Ахмад як чахон маънй мебардошт. Яке аз хислатхои писандидаи Ахмад, ин аёдати беморон буд. Агар мешунид, ки касе нотоб аст, хатман ба аёдати У мешитобид, ё 102
аксар вакт ба назди Рахим омада, дукаса аз холи бемор хабар мегирифтанд. Бинобар ин, вакте ки Рахим ба бистари беморй афтид, чашмаш ба рахи Ахмад чор буд ва баъди интизории тУлонй аз У сахт ранчида худро барои cap замши и вай омода сохта буд. Сабаби наомадани Ахмад Уро азоб медод. Чаро У наомад. Магар аз чизе ранчида бошад. У ин хел инсон набуд. Находчанд муддат гоиб бу дани ман Уро ба ташвиш наоварда бошад. ДУстиаш рУякй будааст. Хуб шуд, ки мариз шудаму накшбозихояшро фахмидам. Рахим барои Ахмад сУхбати махсусе тайёр карда буд, вале Ахмад омаду ба гилахои Рахим хатто фурсат надод... Боре Ахмад ба Рахим хабар дод, ки мистер Тин - муаллими забони англчсй нотоб аст. Онхо дукаса ба аёдати устоди дУстдоштаашон шитофтанд. Дар рох аз лагозаи хУрокворй баъзе маводи ширй харидорй карда, думболи нони пархезй мегаштанд. Ин дам Ахмад, мисли ин ки чизеро фаромУш карда бошад, якбора дар чояш истоду гуфт: -ДУстам, ту дар бораи рУзхои аёдати бемор чизе медонй? -Не, чй хел рУзхо? Боз касалихабаргирй рУзи махсус дорад? -Намедонам. Ин гапхо шояд дурУг бошанд, лекин ман шунидаам, ки рУзхои чоршанбе беморонро хабар намегиранд. -Агар хабар гирй, чй мешавад? -Шунидаам, ки агар дар рУзи чоршанбе касалиро хабаргирй равй, гУё ахволи У бад мешудааст. Рахим чониби У нигариста, кох-кохй хандаро баланд кард. -ЧУра, кампирхои Бухороро хам гузарондй-ку. Як бори дигар исбот шуд, ки ту холо хам дар Узбекистон карор дорй. Охир вакти он расидааст, ки ту тарзи хаёти урупоиро кабул кунй. Албатта, ман намегУям, ки расму русуМи мардумамонро фаромУш кун, акаллан хамон шугунхои кампириро аз ёд барор. Ахмад ба харфхои Рахим бодиккат гУш дода, гуфт: -Ихтиёр дорй, бародар, аз ман як гуфтан буд. Дигар эроде надорам, меравем. Хамон рУз онхо ба хонаи мистер Тин омада Уро хабар гирифтанд. Ин устоди забони англисй, ки шогирдонаш бетокатона дарсхои Уро интизорй мекашиданд, вактхои охир ба дамхака гирифтбр шуда, фишори хунаш низ баланд мешуд. Духтурон аввал ба У дикки нафасро ташхис намуданд, баъдтар дарди Уро хамчун хассосият нисбати дорухои истеъмолшавандааш муайян карданд. Хулоса, ташхиси анике гузошта натавонистанд. 103
Ахмаду Рахим бо хохиши устодашон такрибан яку ним соат дар хонаи У монданд. Вазъи У мУътадил буд. Аммо баъди рафтани онхо вазъи Тин бад шуду Уро ба бемористон бурданд. Дар ин бора ба Рахим яке аз хамсабаконаш баъди чанд рУз хабар дод. У худро зуд ба Ахмад расонида, нимшУхию нимчиддй гуфт: -ГУр хабаргириат шавад! МУйсафеди бечора ба ту чй бадй карда буд, ки Уро махсусан рУзи чоршанбе хабар гирифтй. Лоакал хабар дорй, ки баъди аёдати ту ахволаш вазнин шуда, дар шифохона бистарй гаштааст. Ахмад бо чашмони хайрон суханони Рахимро гУш карда, гаштаю баргашта ба пурсидан даромад: -Наход? Ба ростй? Шухй накун чУрачон!.. -Ба ростй мегУям, магар дар ин масъала мешавад шУхй кард. Кариб сарашро хУрда будй. -Охир ман гуфтам-ку, рУзи чоршанбе... окибати хуш надорад, ту бошй маро масхара мекунй. Бехуда нагуфтаанд, ки "рУзи чоршанбе душманатро хабар гир, ки халос шавй". Эх, сабил монад! Фардо боз чоршанбе. Биё дУстам, хамин рУз ба беморхона равем, фардо рафта намешавад... Рахим он рУзхоро ба ёд оварда, назди панчара рафт, яке аз табакахои онро боз намуду ба олами торикй сафар кард. Дар пардаи торикй ситорахои дурахшон бо чашмакзанихои бешуморашон манзараи ачиберо ба чилва медоданд. Мохтоб дар дйли шаб ба сари шахри тори орамида равшанй мерехт. Чашмони Рахим ба олами ситорахо духта шуданд ва вучудашро бо чозибаи хосе ба ин олами сехрангези афсонавй чалб сохт. Рахим ба сУи ситораи бузургтаре, ки дурахшишаш хеле баланд буд, назар дУхта мисли ин ки бо У гуфтугУ мекарда бошад, бо забони чашмонаш мепурсид: -Эй ахтари зебо! Эй волии шабхои тори гарибии ман! Ту, ки он баландихоро ихтиёр кардай ва танхо хангоми хуфтани одамон метобй, олами моро чй гуна дарёфтй? Оиди мардумони хуфта чй фикр дорй? Оиди шабзиндадорон-чй? Шояд оиди гарибон низ фикре дошта бошй? Эй ахтари баланд! БигУ, оё ту аз он боло Ватани азизи маро мебинй? Оё мардумони он тинчу осуда орамидаанд? КУдакони маро мебинй? Оё онхо хоби осудаи афсонавй дида истодаанд? Мебинй?... Чавоб дех! Кош ман хам лаХзаяке мехмони ту мебудам ва аз он самой тор ба хонаамон назар меандохтам ва хоби нози тифлхоямро тамошо мекардам... Хуб! Бошад, чавоб нагУ. Аз чашмакзанихоят фахмидам, 104
ки хама орому осуда хобанд. Медонй, чй кадар ман инсони саодатмандам? Охир дар ин осудагию оромии кишвари азизам ман низ сахми кУчаки худро гузошта истодаам, гарчанде ки аз дурию ишки Ватани азизам сУхтаву сохтаам. Ман хушбахтам, зеро дар Ватани ман дигар чанг нест, тифлакони ман аз хавои сулху осоиштагй нафас мекашанд... Олами торикй Рахимро лахзае мехмон сохту боз ба хамон кулбаяки кУчакаш баргардонид. Чй мехмоние! Чй халовате! Рахим гумон кард, ки ин лахза У аз он самой чодарсиёх бо Ватану фарзандонаш тамос гирифт. Бале, чабхаи ноаён душворихои зиёде дорад. Касе, ки рохии ин чабха мегардад, бояд ба хама озмоишхои зиндагй омода бошад... Дар вохУрии охир намояндагии амрикой Фраймут ба Бурхонов дастур дод, ки минбаъд дар мавриди хама гуна сафару гирдишхояш дар минтакаи ишголй ба У маълумот дихад. Ин аз таъкиби рУирости чониби Арико шаходат медод. Хангоми ба дарсхои забони англисй рафтан, ба мехмонй ва ба духтури дандон рафданаш Рахим таъкиби чониби амрикоиро бараъло хис намуд. Бинобар ин, Бурхонов очил ба сардор мактуб навишта, хохиш намуд, ки минбаъд косид "Марго" барои вохУрй ба назди У ба Бад-Киссинген биёяд, зеро вазъияти У хароб аст. Дар чавоб ба У супориш дода шуд, ки бояд хатман ба дехаи Лауэнштейн омада, бо "Марю" вохУрад. Дехаи мазкур берун аз хатти марзй вокеъ буд ва рафтан ба он минтака хатар дошт. Бурхонов махз ба хотири ба сари "Марго" наовардани балое аз ин вохУрй худдорй карда, телеграммае фиристод, ки мУхтавояш сабабхои болоро такрор мекард. 21 март. Иди НаврУз. Рахим имрУз танхотари танхост. Намедонад чй гуна рУзашро гузаронад. Ба мехмонй равад. Ба кучо? Чй кор кунад? Аз фикри бисёр гарант шуду хост чизе рУи когаз биёварад. Шояд каме оромтар мешавад. РУзномаашро бароварда, ба навиштан шурУъ кард: "ИмрУз рУзи якуми бахор аст. Канй бахор? Оё ин бахор аст? Ох Ватан! Ба догат месУзам! Хамин вакт дар Ватани азизам хакикатан хам бахор аст. Дарахтон пур аз гул, дунё пур аз офтоб, одамон пур аз бахт. Ана ин аст бахор! Бахорй орзухо, бахорй саодат..." ГУё ки худо ба доди Рахим расид. Баъд аз зухр осмон яку якбора кушода шуда, офтоби оламоро самой софу бегуборро йурлошй мекард, Хавои хуб, хавои бахорй. Дар гУшаи калби Рахим як шУълаяке пайдо шуд... 105
ТУли 1 мох аст Бурхонов мекУшад, ки вазъиятро ба Марказ фахмонад, вале чониби шуравй ин амали Уро чунин кабул карданд, ки ? гУё нияти ба Гарб кУчидан дорад ва бинобар ин ба чойхои таъйиншуда хозир намешаванд. Нихоят, аввалхои апрел ба Марказ хабар дод, ки барои вохУрй дар дехаи Лауэнштейн хозир аст. Бурхонов охирхои мохи феврал аз манзили Гербет, ба хонаи Шмалтсел Гилда, ки дар кУчаи Гартмайнштрассе 17 вокеъ буд, кУчида буд. Сохибхона зани хушсурати мехрубоне буда, ба Рахим дар бисер корхо КУмак мекард. Масалан, У табиати Рахимро пурра омУхта буд, ки У марди нозуктабиат аст ва тозагиро мепарастад, камтарин бУи нохушро дар лэхили хона хуш надорад ва метавонад этьтироз кунад, бинобар ин, мекУшид, ки хамеша хона тозаву озода бошад. Одатан, дар набудани Рахим хурок пухта, гарчанде ки мохи зимистон бошад хам, хонаро хаво медод, то бУи гизо аз он ба пуррагй барояд. Шоми 11 апрел У аз Шмалтсел хохиш намуд, ки барои сарфи фардояш каме озукаворй омода созад. Хонум Шмалтсел хайрон шуда пурсад, ки озими кучо аст? Бурхонов ривоят бофт, ки гУё У хамрохи дУстонаш ба шахри Нюрнберг мерафтааст. Бурхонов накшаи каторахоро омУхта, рохи наздиктарин ва кулайтарини дехаи Лауэнштейнро муайян менамуд. Хонум Шмалтсел каме нон, хасиб, панир ва дар куттичае канд омода сохта, аз Рахим пурсид: -Хаво сард аст ва фикр мекунам, агар каме маска хам гирам, дар ин хаво об намешавад, шумо чй мегУед? -Не, хонум! Чизхои гуфтагиамро гирифта бошед, кифоя аст. -Хама чизхои гуфтаатонро гирифтам. Хонум Шмалтсел хеле сертараддуд буд, хама супоришхои Рахимро самимона ичро мекард. Холо зан хис намуд, ки Рахим сахт парешон аст, вале чуръати пурсиданро накард. Хамчунин, Бурхонов ният дошт, ки якбора маълуиотномаи аз "Иванов" гирифтаашро ба "Марго" месупорад. Бо ии ният У он бастаи когазро аз дохили рафи чевон гирифта, даруни дастпУшаке пинхон кард. То имрУз У хар рУзи худо як ё ду маротиба чои пинхонкардаашро тафтиш мекард, ки мабодо аз чо бечо нашуда бошад. Инак, Бурхонов озими дехаи Лауэнштейн гардид. Баробари аз шахр берун шудан У марди номаълумеро дид, ки чониби У нигох мекунад. Бурхонов тахмин кард, ки шояд У аз одамони Фраймут хает ва таъкиби навбатиро огоз кардаанд. Хотираш аз ин якбора парешон шуд. Чун ткбки накшаи кашида вориди Лауэнштейн гардид, "Марго"- 106
ро сари хол надид, дар баробари ин, У ба Бурхонов расонид, ки сардор котеъона талаб дорад, ки худи хозир бояд ба шахри Пробсттселл хозир шавад. Ин сафар берун аз накшаи Бурхонов буд. Баъди чанде онхо озими рохи Пробсттселл гаштанд. Дар рох Бурхонов фахмид, ки маълумотномаи "Иванов”-ро фаромУш кардааст. Сабил монад! Чаро вактхои охир корхоям ин кадар бебароранд, чаро хушёрии худро аз даст додаам? - У худро рахорах сарзаниш мекард. Меваи тУхматхо 15 апрел буд. Бурхонов тибки фармони сардораш очил ба Берлин даъват карда шуд. Вакте ки ба чои лозима расид, аз У талаб намуданд, ки дар муддати кУтох хисоботи чандинсолаашро навишта, ба сардор супорад. Вакт танг буд, барои хар як нуктаи ин солхоро ба ёд овардан, пеш аз хама мухити ором ва вакти зиёд лозим буд. Лекин бо вучуди тангии вакт, Бурхонов тавонист фикрхояшро чамъбаст карда, хисоботашро нависад. Аз муносиботи сарди кормандони макомоти амниятй дили Бурхонов аз окибати баде гувохй медод. Нихоят, яке аз кормандонаш, ки рутбаи майор дошт, ба Бурхонов мурочиат намуд: -Рафик Бурхонов, шуморо 300-400 кадам дуртар аз Ин хона мошин интизор аст, зуд .бошед. - гУён хатто ба рУи У нанигарист. "Худоё, чй ran бошад? Ин хама муносибатхои сардона аз бахри чй?", аз дил гузаронид Бурхонов. Наздики мошин омад. Дар мошин сардор бо нафаре ва ронанда менишастанд. Бурхонов ба сардор салом доду ба кафои мошин нишаст. Чехраи он нафаре, ки сардорро хамрохй мекард, барояш шинос намуд. Шинохт хам. Ин кас Хусниддинов Абдукодир ном дошт ва хамагй чанд мох пештар ба минтакаи ШУравй ба кор омада буд. У чехраи фиребанда дошта, зохиран як одами хеле самими, вале дунёи ботини пурмуаммое дошт. Рахим аз кУдакй аз одамоне, ки хандаашон ханда неву харфашон чанд пахлУ дорад, мепархезид. У дурУягии Абдукодирро дар чанд вохУрй хис карда, дилмонда шуда буд. Абдукодир замоне ба кор омад, ки Бурхонов бо Фраймут мулокотхои пай дар пай мекард ва, албатта, хамаи он мулокотхо бо супориши сардор Комаров буд. Ба ин мулокотхо Хусниддинов бо назари шубха менигарист ва хар кадоми онро бо тобишхои гуногуни ба худаш маъкул ба Марказ мерасонд. Умуман, У нисбати Бурхонов як хисси хасудй 107
дошт, ки чй тавр У тавонистааст мавкеи худро дар як мамлакати бегона муайян созад. Бартарихои Бурхоновро аз кабили : забондонй, одоби баланди муошират, росткавлй, рУю рост гуфтан, бидуни хеч гуна дурУягй, инчунин чехраву кадду комати чолиби Уро Хусниддинов чашми ди дан надошт. Баъзан хангоми дар хар мавзУъ сУхбат кардан У худро назди мантики Рахим занф хис намуда, асабонй мешуд. Гайр аз ин, бо сабабе Абдукодир ба Бурхонов душмани ашадй гашт. Дар муносибати байни одамон баъзан муносибатхои нозуке рух медихад, ки онро тасвир кардан ва дар атрофаш чизе гуфтан нихоят душвор аст. Байни Абдукодир ва Рахим низ чунин муносибот вучуд дошт. Боре Абдукодир мебоист дар рохи бозгашти Рахим аз Берлин дар минтакаи ишголй Уро хамрохй мекард. Тибки накшаи тартибдодаи Рахим, У бояд соати сеи шаб бо мошин омада, Рахимро мегирифт ва ба рох медаромаданд, вале интизории Рахим хеле тУл кашиду аз У дарак нашуд. Билохира, баъди дую ним соат Абдукодир пайдо шуд. Албатта, ин интизорй торхои асаби Рахимро хароб карданд ва У мачбур шуд дар ин бора гузорише ба номи сардор нависад. Абдукодир аз тарафи сардор чазо гирифт. У кУшиш мекард, ки чашмаш ба чашми Рахим нахУраД. Нафрати руиросташро аз Рахим пинхон карда наметавонист. Дафъаи дуввум низ, хангоми гусел кардани Рахим то сархади минтакаи ишголй, Абдукодир маводи хУрокаи Рахимро оварда буд. То имрУз касе, ки Рахимро аз Берлин гусел мекард, бисёр эхтиёткор буда, хама кораш мураттаб буд, вале дар муносибати Абдуходир У як хунукназариву беэътиноии рУиростро хис кард. Абдукодир бо хар гуна киликхои шуми худ ба торхои асаби У мерасид. Масалан, хар гуна когазпорахоро мачак карда, дохили мошин меандохт, ё шишаи тирезаи мошинро дам мебасту дам мекушод ва гайрахо. Рахим аввал ба ин корхо чандон ахамият надод, вале вакте ки Абдукодир ба харфхои У ботамасхур чавоб додан гирифт, тобу токаташ ток шуд.Бо вучуди ИИ хам дандон ба дандон монда токат мекард. Баъди кабули озука Рахим дид, ки дар дохили он маска нест. Чун сабаб пурсид, Абдукодир гуфт, ки вактхои охир маска камёфт шудааст, бинобар ин, ин мох ба касе маска надоданд. Худи У низ, чандест, ки маска истеъмол накардааст. Рахим дар кафоп мошин нишаста, бидуни хеч шубха гарки андешахои худ буд. Ин дам мошин таккон хурду аз зери сандалии Абдукодир бастае намудор гашт. Рахим хост онро ба пеш тела кунад, вале дасташ сардиеро чун ях хис намуд. Бастаро кушоду хайрон шуд. 108
Кош ин манзараро намедид ва аз як хамватанаш то ин андоза дилмонда намегашт. Рахим халтаи маскаи озукаашро, ки вазнаш такрибан 1 кг буд, бо худ гирифт, вале дар ин бора дигар харфе назад. Минбаъд вохУрии онхо боз хам сардтар сурат мегирифт, вале муносибатхои дучониба хеле ачиб буд: Рахим нисбати У - сарду кУтох ва хеле эхтиёткорона сухан меронд, У бо мехрубонии сохта, хандаи захрогин ва эхсосоти калбакй чавоб мегардонд. Рахим аз чашмони У мехонд, ки гУё гуфтанд: "РУзе мешаваду ман ба ту нишон медихам!” Абдукодир бо хамон самимияти хосе, ки дошт, аз У пурсид: -Рафик Бурхонов, агар бемалол бошад, маро хам то нисфи рох мебурдед? Рахим бо камоли майл розигй дод. Мошин самти худро тагйир дод ва Бурхонов тУли ду дакикаи рох хис намуд, ки мошин ба чониби истгохи рохи охан не, балки тарафи чанубу шаркии шахр равон аст. Бурхонов хайрон нашуд, зеро гумон кард, ки ба минтакаи ишголии Амрико равонанд, азбаски хама хомУш буданд, У низ чизе напурсид. ХанУз ба минтакаи ишголии Амрико нарасида буданд, ки мошин дар назди биное карор кард. Сардор ба он майор чизе гуфту худ рохи он биноро пеш гирифт. Хусниддинов аз Бурхонов хохиш кард: -Рафик Бурхонов, тибки фармони сардор, як ба ин бино даросм, кори чанддакикаие дорем! . <•. Бурхонов акнун фахмид, ки зери коса нимкосаест ва аз пушти У рафтан гирифт. У дохили бино шуда, хампахлУи Хусниддинов кадам мезад, вале чашмонаш сардорро мекофтанд, ки кучост. Нихоят, сардор низ аз чониби чапи дахлез намоён шуда, думболашон омадан гирифт. Дили Рахим хамоно аз чизи шуме гуво <й медод. Инак аз дахлези якум гузаштанд. ХомУшй, ягон навигарие :ест. Бурхонов бештар чиро интизор буд. У гумон дошт, ки дар кадом утоке шояд шахсеро барои мулокот бо У хозир кардаанд. Бештар аз макомоти амниятии Амрико дар ташвиш буд, зеро таъкибхои пай дар паи онхо Бурхоновро хаста карда буданд. Вале У ба хама мулокот тайёр буд, зеро хуб медонист, ки нисбати вазифахои ба душ доштааш, иштибохе накардааст. Аз дахлези сеюм низ гузаштанд... Хомушй. Касе аз рохбаладонаш харф намезанад. Ба дахлези чорум расиданд. Дили Бурхонов танг шуду чизеро пурсиданй шуд. Ин дам рохрав бо панчараи гафси оханине баста шуд. Садои он чунон гУшхарош буд, 109
ки дар дили Бурхонов вохима пайдо шуд. Хусниддинов каноатмандона, мисли ин ки ин корро дер боз интизор буд ва ба муроду максадаш расида бошад, гуфт: -Билохира, туро зиндон кардем! Рахим бо чашми имдодталабона ба сУи сардор, ки 2-3 кадам аз паси онхо меомад, нигаристу хайрон монд. У кайхо ба кучое гайб зада буд. Бурхонов чизеро намефахмид. Чй ran бошад? Барои чй? Барои кадом гунохаш?.. У ин амалро дер ё зуд аз хадамоти махсуси Амрико интизор буд, зеро таъкибхои ахир танхо аз окибати бади кори онхо । увохй медод, бинобар ин хамеша худро канор мегирифт. Ин корро чи тавр фахмидан мумкин буд? Наход, ки сардор бо Хусниддинов забои як карда, барои разведкаи Амрико кор мекарда бошанд? У он санадхои махфиеро, ки то имрУз барои Марказ омода карда буд, бо худ гирифта буд ва бештар аз онхо хавотир шуд. Агар Хусниддинов чосус бошад, пас хама корхо расво шуд, асноди будагиро мегираду худашро низ хабе мекунад. Худоё, чй гаи бошад? Баъди чанде Уро хамчун махбус ба утоке оварданд. У аз ин муносиботи дидбонхо чизеро нафахмида: -Шумо чй кор мекунед? Ман махбус нестам. Бо ман ин хел рафтор накунед! - гУён бетокатй мекард. Вале афсУс! Дигар саркашй суде надошт. Уро дар хакикат хам ба хабе гирифта буданд. Тафтишоту пурсупорсхои бечо калби Бурхоновро реш месохтанд. Бехудаю бахуда нисбати У хар гуна далелхои "шайъиро" бофта мебароварданд. 1.4 . с ... Кунчи зиндон. Буи бади рутубат димоги Уро месУзонд. Хаво намерасид. Аз хама аламовараш сабаби хабе шуданашро намефахмид: "Худоё, кош медонистам чаро маро чунин сарнавишти талх насиб шуд. Ман дар хама чо сарбаландона хизмат мекардам. Ба акидаи худам то ин дам ягон амали бечо накардаам. То тавонистам барои халку Ватан хизмат кардаам, вале окибати хамаи он талошхоям барои хакикат чй гуна анчом ёфт... " Хамутокаш низ як чавони тахминан 30-35 сола буд. Уро бо сабаби сари вакт ба минтакаи шУравй наомадан хабе кардаанд. Рахим сабур аст, зеро медонад, ки гунохе надораду дер ё зуд Уро озод мекунад, вале он чавон хеле бетокат аст. Муштхояшро ба девор мезанд. Руи утоки танг мисли даррандае, ки дохили кафас аст, давр мезанад. Ин даврзанихо сари Рахимро ба дард даровардаанд. Наздики ду рУз аст, ки бо хаманд, вале хатто номи якдигарро напурсидаанд. Яъсу ноумедии онхо ба хамдигар таъсири бад мерасонад. Танхо дилтангии хамдигарро мебинанду халос. 110
Нихоят, чавон аз У пурсид: -Барои ман ачиб аст, ки вазъи кадомамон бадтар бошад? Рахим китф дар хам кашиду чавоб дод: -Вакте ба зиндон афтодй, хама дар як вазъанд. Наметавонй ба чое равй, касе наметавонад ба наздат биёяд, хаёт кабристонро мембнад, яъне ихтиёр дар дастат нест. Беихтиёрй бадтарин чизест, дар зиндагй. Медонй, ман як умр аз зиндон метарсидам. Дар хобам баъзан медидам, ки маро зиндон кардаанд, бедор шуда аз хушхолй мераксидам, ки хайрият хамааш хоб будааст. Лекин, кисматро бин, ки ин бало ба сэрам омад. -Вахшат аст ин чо. Сабаби хабсро медонй? -Аник не. Вале тахмин мекунам. -Чй, ту тарафи немисхо гузашта будй? -Не, ман нагузашта будам, ман фармонро ичро кардам. Яъне ман хоин набудам, лекин бо хоинон бисёр кор кардам, онхоро дидаму шунидам. -Онхоро мепурсидй? -Ха, забонро намедонистанд, ман хамчун тарчумони пурсанда будам. -Русхо буданд? -Русхо хам буданд, дигархо хам. -Чй тавр ту ба онхо нигох мекардй? Онхоро мезадй? Рахим аз ин суолхо дарк мекард, ки хамутокаш ба У бовар намекунад, Уро хоин медонад ва хангоми СУхбат нигохи пурнафраташро аз Бурхонов пинхон хам намекард. Хандааш омада пурсид: -Симои ман ба хиёнаткор монанд аст? -Чй магар хиёнаткор симо дорад? Онхоро шинохта намешавад. Канй ran зан, асирон чй тавр хоин мешуданд? Кош ягонтои онхо ба дастам меафтид, худам чораашро медидам. ГУш кун, хамшахрихои худат хам буданд? -Буданд, зиёд буданд. Биё дар ин бора дигар ran назанем. Бе ин хам хавои зиндон хафа, дилгир, риккатовар, боз мо бо ин суханон. Баъди таваккуфи зиёде Рахим ба тасаллои худ пардохт: "Рахим, богайрат бош, хамааш хуб мешавад! Бехтарин воситаи дармони хама дардхо вакт аст. Вакташ, ки расид, мегУянд, ки иштибохе cap задаасту маро хабе кардаанд... Беадолатихои дунёро намешавад аз байн бурд. Барои тахаммули онхо сабру токат лозим аст. Чй чора, бояд факат сабр кард. Сабур 111
бош, Рахим. Ман одами тобоварам, хама мушкилотро метавонам токат кунам. Вакташ мухим нест, мухим он аст, ки хамаашро мебардорам. Ин беадолатихо шояд ба зиндагии ояндаи ман таъсири бад расонанд. Яъне маро ба инсони аз зиндагй норозй, камгап, дарундор ва нобовар табдил дихад, шояд маро ба инсони танхое, ки бо касе хавои сУхбат карданро надорад, мубаддал созад, лекин ман аз чизе харос надорам, хамаашро мебардорам. Охир ман 60-сола нестам-ку, акнун ба синни чил кадам мегузорам..." Рахим бо чунин суханон худро тасалло медод. Хамутокаш аз ин суханони Рахим ба вачд меомад: -Рахим, ман ба ту коилам, ин хаётдУстиро аз кучо омухтй? Кош ман хам мисли ту мешудам. -Ин хаётдУстй нест, ин чизи дигар аст. Хамаи инсонхо ба ду табака чудо мешаванд - инсонхои дурусту инсонхои нодуруст. Инсонхои дуруст ба зиндагй вокеъбинона менигаралд, аммо инсонхои нодуруст мехоханд, ки дунёро тавре ки худашон мехоханд, бисозанд, аммо ин аз имкон берун аст. Дунё хамон тавре, ки сохта шудааст, мсмонад ва он аз кУшиши бехуда хеч тагйире намеёбад. Ман аз чумлаи хамон инсонхои дурустам, ки хама чизро дар чои худаш мебинам...Инак, харфхои маро барои хамеша дар гУшат нигох дор! Ман дар умри чилсолаи хеш пастию баландихои зиёди хаётро аз cap гузаронидаам ва хамеша бо харфхои зерин худро тасаллй мебахшам, бовар кун, ин харфхо ба хама кУмак мекунанд: Сабурй - яке аз сифатхои ахлокйест, ки ба боварй, одат ва хасосиси инсон алокамандии хосе дорад. Махз сифатхои мазкур сабаб мешаванд, ки инсон сангинихои зиёдеро тахаммул кунад ва лахзахои душвортаринро пушти cap карда, амалй шудани хадафхои худро интизор бошад. Ноумедй душмани сабурист, вале дар хаёт исбот шудааст, ки дар сурати кавй будани ирода бештар сабурй бар навмедихо дастболо мешавад ва инсон ба муроду максади хеш мерасад. "...Касеро, ки сабру тахаммул надорад, касеро, ки кахру газаби худро фуру нишонда наметавонад, сиёсатмадор пиндоштан хатост." (Стендал) -Ту худро сиёсатмадор мехисобй? -Хар касе, ки аз хоки кишвари хеш берун мебарояд, новобаста ба он, ки чй вазифаеро анчом медихад, ба фикри ман сиёсатмадор аст. Барои сиёсатмадор шудан шарт нест, ки мансаби давлатиро доро бошй, ба манфиати кишвар кор кардан дар хоричи он - ин як кори бузурги сиёсй аст. 112
-Хуб, ман ба харфхоят розй. Лекин бо вучуди сухани бисер гуфтанат, барои ман шахсияти ту муаммоест. -Ин кадар барои ту мухим аст, ки дар бораи ман муфассал маълумот дошта бошй. Барои ман, масалан мухим нест, ки ту кй ва чй корай? -Вале барои ман хеле чолиб аст. -Як харфи боаклона мегУям: "Бисёр донй, зуд пир мешавй!" Бурхонов бо ин маколи маъмулй шУхиомез ва боадабона ба сУхбати доманадори кунчковонаи хамутокаш хотима бахшид. Барои У хар чй зудтар сабаби хабе шуданашро фахмидан мухим буд. Баъди солхои Чанги Бузурги Ватанй сафи муфаттишону дигар хукукдонхо аз нафароне пур гашта буданд, ки мехостанд коре карда ба сари ягон бечора гунохеро бор намуда, кордониву махорати худро нишон диханд. Махз бо хамин рох онхо хисси ватандУстиашонро иброз мекарданд. Махсусан, агар гунахкор чурми сиёсй дошта бошад. РУзхо мегузаштанду хар рУз У ба умед ба дари оханини уток чашм медУхт ва интизор буд, ки хатман имрУз ё фардо Уро озод хоханд кард, зеро У гунохе надорад. Мутаассифона, ин орзуву умедаш охиста- охиста кУхна шудан, холати яъсу навмедй вучудашро фаро гирифт. Дар яке аз пурсишхо Бурхонов кайд кард: "Ба гумонам ин чо сахве шудааст. Охир, ман чинояте содир накардаам. Баръакс, аз соли 1943 дар разведкаи Шуравй кор карда, супоришхои нихоят чиддиро сарбаландона анчом додаам. Шояд, дар рафти кор,( бинобар камтачрибагй ба камбудие рох дода бошам, вале ин зарр'аё хам бар нафъи душман набудааст..." 20 октябри соли 1949 Бурхонов аз хоки Олмон ба Маскав интикол дода шуд. Уро дар махбаси марказии Бутирский 4 мохи дигар манъ намуданд. Хамоно тафтишот идома меёфт. Пойтахти кишвар дар дили Бурхонов умеди тоза эхё кард, вале ин умедхояш низ барбод рафтанд. Дар рафти тафтишот хам давраи даъвати якум ва хам даъвати дуюми Бурхонов ба хадамоти амниятй ва фаъолияти У дар ин солхо тафтиш мешуд. Ин тафтишот як соли расо давом кард. Корхои анчомшудаашро ба таври дигар маънидод карда, ба У чурмхоеро раво медиданд, ки аз шунидани онхо калби Бурхонов меларзид: дар додани хисобот дурУягй зохир кардан, кУшиши хиёнат ба Ватан, хамкорй бо миллатгароён, бо хадамоти амниятии Олмон, Амрико ва F-айраву гайрахо. Оиди фаъолияти хеш дар солхои Чанги Бузурги Ватанй дар акибгохи душман Бурхонов дар хисобот хама вохУриву даъватхои 113
чониби Олмонро, инчунин хама нишастхои худро дар Легиони Туркистон, ки бо супориши Марказ сурат гирифта буд, руи когаз оварда буд, лекин дурустии онхоро ба инобат нагирифта, муфаттишон дар паи сиёх кардани У буданд. Корхои тафтишотии Уро сарваколатдори Вазорати Амнияти Шуравй Горкин мебурд. Баъди пирУзии Иттиходи Шуравй бар Олмонй фашистй як катор аз мансабдорони Артиши Олмон ба асорат афтиданд ва мутобики конунхои Иттиходи Шуравй ба чавобгарй кашида шуданд. Миёни асируфтодагон аз чумла, доктор Олтсша Рейнер - корманди Сарраёсати бехатарии империяи Олмон, Шломс Конрад Фридрихович - корманди фаъоли Донишгохи разведкакунии "Арбайтс Геманшафт”, ки хар ду замони фаъолияти Бурхонов бо У хамкорй доштанд, низ буданд. Инчунин, хоини шУравй Чумъабоев Арзмбой, ки низ дар Олмон бо Бурхонов Р. чандин бор дар тамос буд, аз чониби Шуравй ба хабе гирифта шуда буд. Натичаи пурсиши асирони мазкур, пурра ба мукобили Бурхонов равона шуда буданд ва боиси ба бунбаст дучор гаштани кори У гардиданд. Яъне далелхои хамкории У бо разведкаи Амрикоро, махз Олтсша Рейнер ва Шломс Конрад тасдик намуда буданд. Мудхиштарин тУхмату бУхтонхое, ки кори Бурхоновро ба дарозо кашиданд, баъд аз пурсиши хоини киргиз Чумъабоев cap зад. У маълумотхои дурУгинро 24 сентябри соли 1949 дар вакти пурсиши муфаттиш Антонов иброз сохт: "Хангоми сУхбат бо Бурхонов ба ман маълум гашт? ки У баъди гузаштан ба чониби Олмон пурра ба боварии онхо даромада, дар шУъбаи "Аанис" фаъолият мекардааст. Вазифаи У асосан аз чамъоварии маълумотхои разведкавй дар бораи рафти чанг дар чабхахои ШУравй тавассути пурсиши асирон иборат будааст. Ман аз У тарзу усулхои пурсиши асирон ва муносибат бо онхоро пурсидам. У ба ман гуфта буд, ки барои ба даст овардани маълумсти зарурй хар кореро, ки лозим ояд, истифода мебарам, ба монанди: лату кУб кардан, бо тахдиди яроку аслиха тарсонидан ва гайра. Агар чояш шавад, онхоро мепарронам..." Чумъабоев, ки худ як шахси тамаллуккор буда, дар замони чанг асосан гайр аз хиёнат кори дигареро анчом надода буд, бо хаёти инсонхо бозй кардан амали маъмулии У ба хисоб мерафт. Мохи май соли 1950, вакте ки дар хузури додситон карори ба итмом расидани тафтишотро тартиб медоданд, Бурхоновро бо парвандаи чиноятй ошно сохтанд. Дар парвандаи чиноятии У маълумоти дигареро низ оварда буданд, ки аз номи кадом як Усмонов 114
Амон навишта шуда, дар он Бурхоновро хамчун аъзои хизби миллй муаррифй намуда, бо миллатгароёни зиддишуравй хаммаслак хонда буд. Аз дидани нишондодхои Чумъабоев ва Усмонов калби Бурхонов фишурда шуда, худро хеле нотавон хис кард ва бар хар дуй ин игвогарони тУхматчй нафрин хонда, аз додситон талаб намуд, ки Уро бо онхо рУ ба рУ созад, то бУхтонхои дар хаккаш бофтаро фон; намояд... Додситон бо хунсардй чавоб дод: "Мо шуморо бо он ду шохид рУ ба рУ мекунем, вале ин ба кори шумо хеч гуна сабукй намеорад...". Камин тавр додситон ба доди У нарасид. Бурхонов бори аввал худро чунин вомонда хис мекард. Бори аввал ба чй амалхои кабех кодир будани инсонхоро дарк намуд. То ин дам дар гУшаи кал баш умеде дошт, ки нисбати У иштибохе cap задааст ва хатман ин гирех кушода шуда, рУзе намояндагони хифзи хукук аз У узр пурсида ва чавобаш медиханд. Мутаассифона, ноумедие вучудашро фаро гирифт ва худ нафахмид, ки чй гуна зонухояш дукад шуда истодаанд. У аз муфаттиш Горкин ва тарзи бурдани корхои хукукии У низ норозй буд. Гумон мекард, ки махз У бештар хохиши онро дорад, ки Бурхоновро ба махкама кашад. У аъмоли зишти Горкинро дар рафти пурсишхо ба ёд меовард. Одатан, гарчанде, ки далели мушаххасе дар даст надошта бошад хам, Горкин Бурхоновро бо тарзхои гуногун ва игвогарона мепурсид. Дар яке аз пурсишхо У Бурхоновро бо муносибати сарди хеш хеле асабонй намуд. Горкин бо чунин суол майнаи Бурхоновро гич кард: -Шумо барои дурУягй ва баёноти дурУг доданатон хабе шудаед. Дар ин бора равшантар ва муфассал маълумот дихед, ки чй шуморо ба ин водор кард? -Ман дар акибгохи душман ба манфиати Ватан хизмат карда, боре хам ба дурУягй ва дурУггУй рох надодаам. Хамеша ба халку Ватанам содик будам ва содик мемонам. -ДурУг мегУед. Тафтишот ба мо нишон дод, ки хангоми хизмат дар акибгохи душман шумо дурУягй зохир кардаед. Ман талаб мекунам, ки дар ин бора муфассал шарх дихед. -Бори дигар мегУям, ки дар хизмати бо разведкаи шуравй боре хам ба дурУягй ва дрУггУй рох надодаам. -Чаро шумо инкор мекунед? Дар дасти мо маводхое хастанд, ки аз дурУягии шумо шаходат медиханд. -Ман хама вохУриву хамкорихоямро дар кадом риштае, ки набошад, дар хисоботам кайд кардаам. Чизе набуд, ки аз тарафи ман фаромУш шуда бошад, бинобар ин, бо дили пур гуфта метавонам, ки тУли хизматам на дурУягй буду на дурУггУй. 115
Харчанд Бурхонов мехост хак будани худро исбот созад, вале муфаттиш имкон намедод ва бо суолхои пай дар паи игвогаронааш Уро асабонй мекард. Дар рафти тафтишот бештар ба он маводе, ки соли 1949 аз "Иванов" гирифта буд, таваччУх зохир мекарданд ва мУхтавои онро аз Бурхонов мепурсиданд. Маълум буд, ки Бурхонов мазмуни онро нахонда буд ва намедонист. ФаромУш шудани он маводро дар хонаи Гилда худи Рахим низ яке аз хатохои худ шуморид. Муфаттишон, инчунин дар мавриди тахсили Бурхонов дар Олмон ва муносибати У бо пантуркистон ва дигар миллатгароён низ пурсишхои дурудароз ташкил мекарданд. Уро дар аъзогй бо "Легиони Туркистон" айбдор донистанд. Бурхонов аз ин хама бесарусомонй ба танг омада буд. У фахмидан мехост, ки муфаттишон аз У чй мехоханд, чаро мУхлати тафтишро ин кадар кашол доданд, чои киро танг карда буд ва аз пеши рохи кй гузашт, ки ба чунин чазои сангин сазовор гашт. Шабхо аз зарби аламу дард хобаш намебурд. Чаро касе ба сурогаш намеояд, касе бегунохии Уро исбот кардан намехохад, охир У аз давлату хукумат бар ивази хизматхояш чизи дигарро интизор буд... Боре, хангоми пурсиш Бурхонов дар бораи амалиёти бо агент "Громов" гузаронидааш маълумот дод ва хохиш намуд, ки ин амали пуркимати Уро, ки чони садхо хамватанонамонро аз марг начот дода буд, ба инобат гиранд. Муфаттиш Горкин аз паи тафтиши ин нишондод гардид. Дар бойгонии Вазорати бехатарй дар хусуси кори Бурхонов бо агент "Громов" чизе пайдо нашуд. Танхо маълумоти хеле кУтохе дар бораи агент "Громов" навишта шуда буд: "Агент "Громов" дар манотики ишголии Олмон соли 1949 бе ному нишон гаштааст - "А". Маънои аломати "А"-ро муфаттиш сарфахм нарафт. Камин тавр, корнамоии Бурхонов исбот нагардид. Нихоят, Горкин бо тасдики муовини сардори шУъбаи "ОС" майор Мосентсев хукми худро бо мазмуни зайл ба Машварати махсус ирсол кард:" Бурхонов Рахим Мунзимович, агенти разведкаи ШУравй, дар ичрои супоришхои гирифтааш дурУягй зохир намуда, аз минтакаи ишголии амрикой ба минтакаи ишголии Иттиходи ШУравй гузаштанро рад намуда, даъвати чандинкаратаи Марказро ба инобат нагирифта, бо моддахои 19-51-1 "б" ва 58-14 КЧ РСФСР гунахкор дониста мешавад. 116
Кори тафтишотиро барои баррасй ба Машварати махсус ирсол карда, нисбати Бурхонов Рахим Мунзимович чазои ба мУхлати 10 сол аз озодй махрум карданро пешниход мекунад..." Соли 1950 Машварати махсус кори тафтишотиро санчида, карор мекунад: "Бурхонов Рахим Мунзимович барои кУшиши хиёнат ба Ватан кардан, ба мУхлати 10 сол бо нигох доштан дар колонияхои ислохи мехнатй аз озодй махрум карда шавад" ва Бурхонов Рахим ба колонияи ислохотии шахри Варкута фиристода мешавад... Дар зиндони Воркута Воркута- шахри навбунёди Чумхурии Мухтори Комии Шуравй махсуб мешуд, ки асосан дар солхои Чанги Бузурги Ватанй бунёд гардида буд. Дар ин шахр ду корхона - корхонаи механики, ки тачхизоти кУхй истехсол мекард ва корхонаи хиштбарорй амал мекард. Рохи охани Печорский, ки дар кисмати гарбии ин шахр вокеъ аст, мохи декабри соли 1941 сохта ба истифода дода шуда буд. Самти он чониби чангалзори анбУх равона буд. ШУъбаи урдугохие, ки Бурхонов хамчун махбуси сиёсй дар он нигох дошта мешуд, дар наздикии рохи охан карор дошт. РУзхое, ки дар зиндони Гестапо ба cap мебурд, нисбати ин рУзхо, ки дар зиндони Варкута дошт, хеле пуртафовут ба чашм мерасиданд. Пеш аз хама холати равонии У хароб, гашта буд. Вакте ки дар зиндони Гестапо буд, У хатохову гуноххояшро хуб медонист, лоакал медонист, ки дар зиндони душман аст ва конунияти чанг он шароитро такозо дорад. Аммо имрУз дар Ватани хеш, подоши хизматхояшро дар ин шакл медид. Сабаб мечуст. Чаро? Дар кучо иштибох кард? Бояд хама фаъолияташро як бори дигар халлу фасл намояд, то кори нодурустеро, ки анчом додааст, пайдо кунад. Дар хар сурат, Уро барои хиёнат ба Ватан ин чо шинондаанд, ки ин хукм комилан хатост. Хатто хиёнат кардан ё чониби душман гузаштан дар хаёли У набуд. Худ ба худ харф мезад, андеша меронд, тахлил мекард, сабабгори асосии ин сарнавишташро мечуст, аммо сари калобаи пургирехро ёфта наметавонист. Бештар Бурхоновро вазъи оилавй ва ахволи модари пираш ба ташвиш андохта буданд. "Холи онхо чй шуда бошад? Гайб задани маро чй тавр маънидод карда бошанд? Мабодо гуфта бошанд, ки У дигар дар кайди хаёт нест?..." Чунин саволхо майнаи Уро гич мекарданд. Дар навбатй аввал У хост хомУшй ихтиёр кунад. Бигузор 117
касе чизе пай набарад. Вакте ки хама мушкилот хал шавад, баъд вазъиятро худам мефахмонам. У гумон дошт, ки ин сахви пешомада ба зудй ошкор , Мешаваду ба карибй ба сУи ватанй худ - Точикистони азиз рахсипор мегардад, вале афсУс... Баъди интизории тУлонй, нихоят тобистони соли 1951 каламу когаз шрифту чанд сатри муаммошакл навишт: "...Хидмати минбаъдаи ман дар шахри Воркутаи Вилояти Мухтори Коми сурат мегирад. Саломатиам хуб аст, корам хам бад не. Пазмони маводи гизоии Точикистон шудаам, агар имкон дошта бошед, ягон чизи хРрданй фиристонед... " Рахим < Баъди гирифтани ин нома ахли байт дар тааччуб монданд. Тули солхои хидматие, ки Бурхонов дар хоричи кишвар ба cap мебурд, боре хам дар бораи ин масъала, яъне танкисии гизой харфе ба миён наомада буд, аммо имрУз, ки У дар Ватанй хеш хидмат мекунад, чаро яку якбора дар масъалаи маводи хУрока мушкилй пайдо кард. Якбора дилаш хУрду хУроки точикй кашид. ... Аввали солхои 50-ум мардуми кишвар ба зиндагии хубу ь мураффах кадам гузошта буданд, аммо аз лихози гизо ханУз мушкилот мавчуд буд. Ин падидаи маъмулие буд, ки дар иктисодиёти хар кишвари чангзада ба амал меомад. Бо вучуди ин, модари зор якчоя бо келини гамхораш баъзе чизхои хУрданиро, аз кабили: мавизи сиёх, донаи бодому зардолу, нахуди бирён, зардолуи кок ва гайра чамъ оварда, тавассути почта ба шахри Воркута ирсол намуданд. . Баъди гирифтани маводи хУрока Бурхонов чавоб навишт, вале ' боз хам аз гуфтани хакикати хол, яъне зиндонй буданаш, чизе нанавишт. Ба хамин минвол мукотибаи тарафайн тУли як сол сурат гирифт. Нихоят, рУзе асли вокеаро рУи когаз овард. Баъди ба охир расонидани мактуб гиря гулУгираш намуд, вале У чун хамеша п.рехи ; онро мардонавор фурУ бурда, нагузошт, ки бугзи дилаш акаллан бо хамин восита кушода шавад... РУзе косаи сабраш лабрез гашту, ба хулосае омад, ки аз паи чустучУи хакикат шавад, сари ресмони гирехгаштаро пайдо кунад. Бо ин максад, калам ба даст гирифту ба номи Вазири амнияти кишвар нома навишт. Мазмуни номаи У чунин буд: " Ман мехохам ба Шумо киссаи як беадолатии мудхишро хикоя кунам. Хеч гох намедонистам, » тахмин ва фикр хам намекардам, ки дар як макомоти мухими кишвар, ки аз дастгоххои асосии давлати Шуравист, чунин иштибохи бузу pre pyx дихад, ки дар натича кори мухими давлатиро хароб карда, хаёти 118 1
шахсеро сУзонад. Агар ман ин киссаро аз дахони касе мешунидам, ба хечвачх бовар намекардам ва онро хамчун тУхматедар хакки давлати ШУравй кабул мекардам. Вале мутаассифона, далелхо аз он шаходат медиханд, ки ин ходисаи нанговар рух додааст... Кормандони ИГБ хам парвандаи давлатиеро догдор намуданду хам хаёти маро сУзониданд... Аз 15 апрели соли 1949 cap карда, то имрУз 21 мох мешавад, ки зиндонхои гуногунро пушти cap карда, мУхлати чазоро мебинам. Суоле ба миён меояд: Барои чй? Шояд барои он, ки ман бо кори худ, яъне разведкачии Шуравй будан фахру барои номи мукаддаси он кУшиш намуда, окибат худро курбон кардам? Дар Карори Машварати махсуси МГБ, тахти раками 73 аз 20 январи соли 1950 омадааст: "... Моддаи 19-5 барои касди хиёнат ба Ватан кардан ба мУхлати 10 сол... ". Дасди кй? Касди хиёнат ба Ватан кардан дар сари кй буд? Кй, кай ва дар кучо исбот кард, ки ман чунин максад доштам? Касам мехУрам, ки вичдони ман, калби ман, дастони ман хамеша дар назди халду Батанам ва давлату оилаам пок буданд. Чйдахшат! Ман кй будам ва бо ман чй карданд! ИмрУз ман дар урдугохи чинояткорон ба сифати чинояткор карор дорам, дар миёни чинояткорони хакикй, бо чурми хиёнат ба Ватан. Шояд Шумо фикр кунед, ки агар то ин андоза бегунох мебудам, чаро то ин дам хамУшй ихтиёр кардам, хомУшии ман чандин сабаб дорад: 1- конунукоидахои зиндон чун дигар урдугоххо ба манимконияти ба ин кор даст заданро надода буданд; 2- ман комилан гайрифаъол гашта, хама гуна кобилияти фикрронй, дарк кардан ва чора андешиданро аз даст дода будам; 3 - алами бузургу дилсардии фаровон ва ноумедихои пай дар пай рУхи маро шикасата буд ва ман аз хама дунё ноумед гашта будам. Гумон мекардам, ки касе ба доди ман намерасад... Маро ба навиштани ин мактуб ду вазъият водор сохт: - яке вазъи саломатиам, 22 мохи зиндонй будан дар шахри Воркута кори худро кард. Аз ин 22 мох 19 мохи он ман бемори бистарй будам. Хам сактаи калб ва хам сили устухонй шуда, ба як маъюбе мубаддал гаштаам. Вазъияти дуюм - ин ходисахои мухими таърихиест, ки имрУзхо дар Ватанамон мегузаранд, масалан анчумани 19 Хизби Коммунист. Баъди ин Анчуман ман аз нав эхё шудам, аз нав синаам аз хавои озоду шоди Шуравй нафаси амик кашид... Тули солхои дар зиндон будан ман фикр мекардам, ки чаро чониби шУравй нисбати ман нобоварй зохир намуданд ва ба хулосае омадам, ки ин чо сахми яке аз хамватанамон хеле калон аст. Ин 119
вазъиятро ман замене хне кардам, ки миёни ману сардор Комаров М.И. Абдукодир ном чавоне даромад. Миллати У ё тотор буд, ё аз миллатгароёни Кафкоз. Аз рУзе, ки У пайдо шуд, дар кори ман муаммохои сарбастае пайдо шудан гирифтанд... Бурхонов дигар пахлУхои муносиботи худро бо Хусниддинов низ ба калам дода буд. Гарчанде ки худи У онхоро бемаъниву пуч ( шуморида бошад хам, вале дар асл тахмин мекард, ки шояд сабаби чунин ранг гирифтани сарнавишти У махз дар хамин нихон бошад. Бурхонов дар бораи хунукназарии намояндагони хукук кайд карда, оиди бурдани корхои тафтишотии полковник Хитсенко, капитан Малигин ва лейтенанти калон Горкин эрод гирифта кайд кардааст, ки бурдани чунин корхои тафтишотй аз надонистани назария ва чузъхои асосии кори тафтишотй аз тарафи онхо гувохй медихад ва онхо бо чунин амали худ ба шаъни намояндагони хифзи хукук иснод меоранд. У чандин мисолхоеро оварда буд, ки дар онхо кори нодуруст ва хунукназарии муфаттишон исбот карда мешуданд. Аз чумла ду далелеро, ки аз номи Чумъабоев ва Усмонов оварда буданд, ба таври 4 мухтасар шарх дода буд: "...Баъди хондани он ду маълумотнома, ман аз муфаттишон талаб намудам, ки бо он ду нафар маро рУ ба рУ кунанд. Додситон ба мартаба, рутба ва вазифааш ишора карда, ба ман чавобдод: "Хуб, мо бо муаллифони маълумотномахои мазкур вохУрй ташкил мекунем, лекин аз ин протокол чизе иваз нахохад шуд. Зудтар ба протокол ; имзо гузор, зеро вакт хеле танг аст..." Горкин бошад, бо нигохи тамасхуромез чониби ман менигарист. Ман аз онхо дар бораи химоятгар пурсидам. Онхо ба ман посух доданд: "Бале, бале, бехтарин ва машхуртанин химоятгар хозир хохад шуд ва дар мурофиаи судй чизеро, ки метавонй, рад кунй" - ва ин дам хозирбудагон бо як овоз хандида, имзои протоколро тезониданд. Оё ин кори онхо нисбати ман дуруст буд. Ба фикри ман ин хамаро ба чуз фиреб чизи дигаре шуморидан нашояд... " Хадафи Бурхонов бо навиштани ин нома хакикат ва адолатро пайдо намудан буд, мехост бифахмад, ки оё касе ба доди У мерасад ё на? Дар охир У фикрашро чунин чамъбаст кард: t "... То ин дам саломатии худро пурра аз даст додаам, маъюбу маслук гаштаам, вале дар хона маро зану 4 фарзандам ва модари пирам чашминтизоранд. Чизи аз хама мухим - озодй, мехнат ва хушхолист! 120 к
Барои чй маро аз ин хушихо махрум сохтанд? Ба хотири кадом гунохам? Бигузор ман разведка чии хуб набощам, шояд дар чое ба хатохо рох дода бошам, вале ман хеч гох аблах, чинояткор ва хоин набудам! Ман хамеша шахрванди содику ватандУст ва фарзанди сазовори Ватани ШУравии бузург бу дам! Намехохам бовар кунам, ки ин интихои умри ман бошад! Намехохам бовар кунам, ки маро зиндонй карда, ба дасти фаромУшй супорида бошанд! Бояд хакикат галаба кунад ва адолат хукмфармо гардад..." 7 феврали соли 1953 Баъди ирсоли мактуб ба Вазорати бехатарй Бурхонов шабу рУз дар интизори тагйироти кисматаш буд. Бовар дошт, ки хатман кори Уро аз нав дида мебароянд ва хакикат рУи об мебарояд. Нихоят чавоби мухтасари мактуби деринтизорро гирифт, ки дар он омада буд: "Хукм гайри кобили фарчом аст!", яъне шикоятномаи Уро аз чй сабабе кобили баррасй карор надоданд... Мисраи "Аз ноумедихо басе умед аст"-ро тасаллобахши калби худ карор дода, Бурхонов ханУз хам тантанаи адолатро интизорй мекашид... Бо вучуди сипарй гаштани солхои зиёд мутобикати Бурхонов дар шахри дурдасти Воркута хеле мушкил афтид. Бинобар сабаби бад будани вазъи саломатиаш зуд-зуд дар бемористони махбасхона бистарй мешуд. Албатта, шароити зиндон, кори вазнин, навмедихои пай дар пай ба аъсоби У кора карда буданд. Муддате гумон кард, ки бо хамин зиндагиаш ба охир расид. Дах сол мУхлати каме набуд, хар як одами зиндагидУстдор бо шунидани ин мУхлат дасту дилаш аз зиндагй мемонад. Вале хаёт идома дошт. Бо хар киммате набошад рУзхо сипарй мешуданд ва бояд ба коре банд мешуд, ки гузаштани рУзхоро нафахмад. Хисси масъулиятшиносиаш, ки баланд буд, дар ин чо низ худро ба даст гирифта тавонист. Кори онхо бештар дар рохи охан буд. Муддати зиёде нагузашта, бинобар вазъи саломатиаш Бурхоновро ба вазифаи сабуктар, яъне сУзанбон (стрелочник) гузарониданд. Ин кор барояш хеле осон буд ва мушкилие надошт. Мебоист мувофики накши мавчуда тавассути сУзан - тир (стрелка) каторахоро аз як хатти рохи охан ба хатти дигар мегузарокид. Дар вактхои маризй ва бекорй Бурхонов рУ ба илм меовард. Кобилияти баланди забондонй ва тахсил дар риштахои гуногун рУз то рУз Уро ба олами илми забоншиносй меоварданд, У дарсхоеро, ки 121
дар Донишгохи омУзгорй медод, зуд-зуд ба хотир меовард. Хар доим ба ёди Сталинободи азизаш дилаш гум мезад. Ба хулосае омад, ки хамаи он фикрхоеро, ки ба сараш меоянд, дар ное кайд намояд ва ин корро хам кард. Мутаассифона, барои кайдхои забоншиносй дафтару когаз дастрас набуданд. Аз кучо ёфтани онхоро намедонист. Чун зуд- зуд мариз мешуд, дар наздаш гараме аз навиштахои духтурон чамъ шуда буданд. Муваккатан то дарёфти дафтар, У кайдхояшро дар он когазхо менавишт. Охиста-охиста китоб таълиф мешуд, китоби "ХудомУзи забони олмонй". Субхи барвакт дари хучраи Уро боз карданд ва супориш доданд, ки зудтар анчомашро пУшида омода бошад. Бурхонов бо чашмони хоболуд ба сУи дидбон нигариста, пурсид: -Чаро либосхоямро пУшам? Маро ба кучо мебаред? -Ба кучо, ба кучо? Ба хона, албатта. Туро чавоб доданд. Зудтар бош! Бурхонов саросема шуда, анчомашро чамъ мекард. Либосхояшро намеёфт. Дастпоча шуда буд. "Худоё, либосхоям кучо шуда бошанд?.. Охир ман либосе хам надоштам-ку. Китобамро гирам шуд". Когазпорахои навиштачоташро низ наметавонист пайдо кунад. Хама чоро таку рУ мекард. Нест, чизеро пайдо карда наметавонист. Ба пойхояш нигарист. "Худоё, кафшхоям кучо шудаанд. Ин чй холатест. Охир ман ин рУзро солиёни дароз интизор бу даму чаро акнун, ки ба орзуям расидаам, як вазъи нотавоние маро фаро гирифтааст? Во пойхои барахна аз хучраи худ баромада, чониби кУча равона гашт. Дидбон ба кучое гайб зад? Боварии Бурхонов намеомад, ки Уро хамин тавр, бидуни назорати дидбонхо озод мекарда бошанд. Бо худ мефахрид: "Албатта, окибат маълум шудааст, ки ман бегунохам, хеч хавфе ба касе эчод намекунам..." Беруни дар Уро зану фарзандонаш интизор буданд. Бурхонов онхоро дида хайрон шуд. -Чаро шумо худро саргардон карда ин чо омадед? Ман худам мерафтам, бачахоро азоб додед? - гУён Бурхонов мехост дарвозаи панчарашаклро боз кунад, вале он махкам буд. Бо тамоми кувва зУр мезад, ки як дари дарвозаро боз кунад, аммо бекувват гашта, дастонаш ба поён меафтиданд, коматаш хам гашта, ба замин афтид. Мунирахон бошад, бо чор кУдакаш саргарми шодию бозй буданд ва Уро намедиданд. Чехрахои тифлаконашро аник шинохта наметавонист, ки кадомаш кй аст? У намефахмид, ки чй вокеа рух дода бошад ва чаро ахли оилааш азоби Уро дар пушти дарвоза намедида бошанд. У руи фарш хобида, кУшиши аз чой хестан мекард, вале... Бучу ди 122
нотавонаш ба обу арак гУтавар гашта буд. Садояш намебаромад. РУи фарши сангини рутубатнок аъзои баданашро хунукие фаро гирифт. Ба ларзидан даромад. "Модар! Модарчон! Кучой. Модарчон. ..." . Бурхонов чашмонашро кушода, худро дар хучраи наму торик диду навмедияш зиёда гардид. Сарашро бардошта буд, ки шиддати дард баландтар гашта, нагузошт, ки У аз чо хезад. Табаш баланд буд. У ба маризй чандон ахамият надода, дар бораи хоби дидааш фикр мекард. "Худоё, таъбири хобам чй бошад? Озодй хамеша хуб аст, вале дари дуввум... Дари дуввум чй бошад? Аз як дар халос шудам, ин таъбири хуб аст. Зану кУдаконам чй хел бошанд? Чаро онхо ба хобам даромаданд? Кош хамаашон тинч бошанд... Сардухтури махбас бо чор нафари дигар, ки хилъати сафед дар бар доштанд, Бурхоновро рУи занбари духтурй ба бемористони махбас. бурданд. Бо вучуди дар рУи занбар хобидан дар лабонаш табассум накш баста буд. Яке аз хилъатпУшон табассуми Уро дида, гумон кард, ки аз таби баланд хавосаш гурехтааст, бо мулоиматй пурсид: -Чаро ин кадар хушхолй? -Ман хоби хуб дидам. Хоби озодиро дидам. Ин хоби хуб аст. Бародар, озодиро агар хатто дар хоб хам бубинй, инсони хушбахтй, озодй... - Бурхонов суханонашро идома доданй буд. Сардухтур, ки пеш-пеш мерафт, омирона овоз баланд кард: -ХомУш! Бо таби баланд харф задан умуман мумкин нест!4 •Г., Г Сармой зимистон ба саломатйи Бурхонов таъсир расонида буд. Вактхои охир У зукоми сахт шуда, каме беахамиятй зохир карда буд ва дар натича, хамаи аъзои баданашро сармо зада буд. Баъди чанд рУзи маризй, нихоят Бурхонов ба худ омад. Болидахотир буд.У чашмонашро нимпУш карда, Сталинободро ба ёд овард. Насими форами кишвараш чандин сол буд, ки бо накхати нотакрораш Уро мустафиз нагардонида буд. Хавлии падар пеши назараш чилвагар шуд, модари пирашро, мехрубонихои Уро ба ёд оварда дилаш гум зад. Ёдаш омад, ки чй тавр гирди як дастурхон чамъ шуда, бо хам сУхбат мекарданд. Суханони нотакрори падарро ба ёд овард. Ин лахза, зери лаб порчаи шеъреро аз падар беихтиёр кироат кард: Гирифторем банди омилони зулму вахшатро, Намебинем з-эшон чуз балову ранчу кулфатро. Зи хар сУ бар сари мо тири чавру зулм меборад, Намедонанд, бузургхои моей рахму шафкатро. 123
Харифон чумла ЧУёнанд нафъи шахсии худро, Факирон дар дами марганд, курбонанд зиллатро. У вакти зам-замаи ин шеър ба акидае омад, ки хар як шеър бо мурури замон мавкеияти худро тагйир дода, ба рУйдоде ё ходисае рост меояд. Вакти азёди ин шеър, харгиз фикр намекард, ки онро дар кадом лахза кироат хохад кард. Бурхонов замони худро бо замони таълифи он шеър мукоиса карда, бартарии замони хешро чУё шуд. У мутмаин буд, ки чабри ба сараш омада на аз сохти чамъиятй вабастагй дораду на аз зулми бузургон. Ин чо сухан дар бораи беахамиятй ва хунукназарии як идда аз кормандони хифзи хукук ва макомоти кудратй мерафт. ИмрУз ё фардо хатман хатой кардан онхо фош хохад шуд! Хоби чанд рУз пеш дидааш, ба У нерУи тозае бахшида, дар марзи вучудаш гули умед кошта буд. Албатта, дар бораи афтидану бемадор шудан ва дарвозаи махкам хатто намехост фикр кунад. Мубориза барои озодй & Сталинобод. Солхои 50-ум доираи ин шахр хеле васеъ шуда буд. Дар гирду атрофи пойтахт бинохои бисёрошёна комат меафрУхтанд ва рУз ба рУз шахр сарсабзу зеботар мегашт. Шумораи мактабхои олй низ меафзуд ва с^фи донишчУён зиёд мешуд. Мухиба? хола ин хама озодиву ободиро дида меболид ва аз он мамнун буд, ки наберагони хурдсолаш имрУзхо бузург шуда, яке донишчУ, дигаре коргар ва ё мактабхон шудаанд. Бо келинаш Мунирахон мекУшиданд, ки барои тарбияи онхо хама шароитро мухайё созанд, вале аз дурии падар озурдадил буданд. Калби модар реш-реш мешуду аммо оби чашмонашро аз наберагон пинхон медошт. Муаммои гайб задани Рахим модарро шабу рУз ором намегузошт. Наход, ивази он хама дурй аз ёру диёр ва хизматхои софдилонааш ба Ватан, имрУз мехнати Уро чунин кадр намоянд.. Набояд хизбу Ватанй азизаш Уро дар нимарохи зиндагй партоянд. Ин номумкин аст. Тарбияи додай У кадрдонии , баландро сазовор аст. Чорае мечуст, ки коре карда, писари зиндониашро ба хона баргардонад. У шабе писарашро дар хоб хайрону парешон дида, хавсалааш cap рафт ва ба сари максад омад. Карор с дод, ки ба номи Раиси Президиуми ШУрои Олй Ворошилов К.Е. номае ирсол карда, розу ииёзашро дар он тасвир намуд. Модари бечора бо сУзу гудоз навишта буд: 124
Климент Ефремовичи азиз! "Ба Шумо модари зори азияткашидае, ки фарзанди банангу номусашро, бинобар сахлангории намояндагони хифзи хукук махбус кардаанд, бо умеди калон мурочиат мекунад. Бо навиштани ин нома умедворам, ки Шумо ба ин муаммо равшанй меандозед... Писари ман дар хабе! Чй тавр? Барои чй? У чиноят содир кардааст? Ин номумкин аст!! Писари ман набояд чиноят содир кунад! У набояд конуниятро вайрон кунад! ... Ман хамчун модар, модаре, ки шири сафедамро ба У дода, Уро дар рУхияи ватандУстй тарбият кардаам, инро дарк мекунам, сУхбатхои Уро ба хотир оварда мегУям, ки ин бУхтон аст! У ватандУстй хакикии Ватанй ШУравй буда, наметавонад ба ин кор даст запад, У хамеша мекУшид, ки фарзанди сазовори халк бошад. У дар бораи дастовардхои Хизби Коммунистй ва Давлати ШУравй бо як эхсосоти баланд сухаямегуфт, чунин инсон наметавонад чиноят содир кунад! Климент Ефремовичи азиз! Ба писари ман кУмак кунед ва озодй дихед, то чахор фарзандашро тарбият кунад. Ман кавл медихам, ки У дар озодй худро хамчун инсони намунавй ва муаллими хакикй нишон хохад дод. Ба доди як модари пиру зор бирасед... " 17 марти соли 1955 Мухиба Баъди ирсоли нома хотири Мухиба-хола чамъ шуда, аз паи намозгузорй шуд. Дар хар намозаш ба даргохи худованд илтичо мекард, ки фарзанди азизаш аз зиндон озод шавад. Донистани хакикат ва хар чй зудтар ба даст овардани натичаи дилхох Бурхоновро аз банди ташвиш рахо накарда буд. Мехост чораеро пайдо созад, ки ба ин хама рУзхои сахташ интихо бахшад. Аз вазъи саломатиаш дар хавотир буд. Номахои бечавоб синаашро пора-пора месохтанд. У мутмаин буд, ки рУзе мерасаду натичаи ин навиштачотро мебинад. Нихоят, дар назди худ максад гузошт, ки охирин номаро хам менависад. Ин навбат У ба номи Раиси ШУрои Олии Чумхурии ШУравни Сотсиалистии Точикистон мактуб навишт: Ба Раиси ШУрои Олии ЧШСТ Соли шашум аст, ки ман махбусам ва дар гирдобе гирифтор шудаам. ки саропо сехру чодуст. Умеди рахой аз ин бунбаст тайи ин 125
чанд сол аз ман дур шуда истодааст. Аммо маро кадом куввае таскин медихад, ки имрУз ё фар до хатман хакикат рУи об мебарояд ва адолат пойдор мегардад. Ин кувва шояд умеди фаровон ба халку Ватан бошад! Ман ба Шумо аз рУи вичдон ва самимияти хоса иброз медорам, ки хамеша фарзанди содики Точикистон будам, хастам ва мемонам. Ба вичдони поки худ ва ба номи чахор фарзандам касам мехУрам, ки хеч гох, дар хеч кучо ба чинояте рох надодаам, конунияти Ватани ШУравиро хамеша мукаддас донистаам ва аз чониби ман хеч гуна конуншикание рух надодааст... Инак, зиёда аз панч сол аст, ки ман ба ин чазои нохак гирифтор шудаам. Соли шашум аст, ки чУёи хакикату адолатам. Умедворам, ки баъди гирифтани ин мактуб, бо дахолати Шумо гиреххои баста во мегарданд ва як нафар точике, ки чони худро барои амнияти Ватан дарег надошта, курбонии дасисахои фарзандони нохалафи кишвар гашта буд, ба озодй мерасад... " 20 июни соли 1954 Бурхонов Рахим Тантанаи хакикат Адолат хамон вакт тантана мекунад, к и агар хар як фард мувофики истеъдод ва афзалияти дар кори интихобкардааш дошта, сохибхукук гардад. (Афлотун) Баъди 7 соли зиндонй, яъне соли 1956 дар хаёти Бурхонов тахаввулоти азиме ба вучуд меояд. Бо назардошти мактубу аризахои пай дар пай, парвандаи чиноятии Уро бори дигар мавриди омУзишу баррасй карор медиханд. Зимни тадкики тамоми асноди чамъшуда, бори дигар Хукми суд низ дида баромада мешавад. Чихатхои зерин ба назар гирифта шуданд: Кабл аз хама дар эътирозномаи Бурхонов кайд гардида буд, ки хангоми бурдани парвандаи чиноятии У конуниятхои сотсиалистй дагалона вайрон карда шудаанд, аз чу мл а, Уро зиёда аз 10 мох бе ичозатнома дар хабе нигох дошта буданд. Бурхонов бо айбдоршавии дурУягй ва кУшиши хиёнат бар Ватан, аз чониби дастгохи Ваколатдори Вазорати бехатарии Давлатии Иттиходи ШУравй 15 апрели соли 1949 дар хоки Олмон дастгир шуда, 126
баъд аз 10 мох, яъне мохи феврали соли 1950 ба хабе гирифта шудааст, ки хинни додани чазо мУхлати дастгиршавй ба назар гирифта нашудааст. Дар маводи корхои тафтишотй чунин навиштачот сабт гардидааст: Соли 1943 аз чониби макомоти Вазорати бехатарии давлатии Иттиходи Шуравй Бурхонов ба хамкории махфиёна чалб шуда, баъди омодагии начандон зиёде бо максади рох ёфтан ба макомоти разведкаи Олмонй Гитлерй ва дигар созмонхои зиддишУравии он ба хоки Олмон партофта шуд. Хангоми дар акибгохи душман будан, Бурхонов гибки нишондодаш бомуваффакият ба марказхои душман рох ёфта, то мохи марти соли 1944 корманди расмии дастаи разведкавии АК-3 Сеппелин бо рутбаи гауптштурмфюрери СС ба шумор мерафтааст. Мохи май соли 1944 бо айбдоршавии ба агентураи разведкаи шУравй тааллук доштанаш, аз чониби Гестапо ба хабе гирифта шуда, танхо баъди исбот нашудани ин тахмин аз он чо озод шуда, ба Донишгохи "Арбайтс Гемайншафт-Туркестан" ба кор рафтааст. Дар рафти тафтишот Бурхонов оиди таъмини хамачонибаи ичрои супоришхои ба У додаро дар акибгохи душман тасдик намуда, кайд кардааст, ки аз чониби У хеч гуна коршиканй (саботаж) ва сарпечй аз вазифахои бар дУшаш дошта, рух надодааст. Тибки нишондоди аз Бурхонов гирифта, маълум гардид, ки У ду маротиба барои бо косиди макомоти ВБД Иттиходи Шуравй вохУрдан ба шахри Берлин сафар кардааст, вале бинобар сабабхои номаълум ин вохУрихо сурат нагирифтанд. Баъди анчоми Чанги Бузурги Ватанй Бурхонов ба Иттиходи ШУравй баргашт ва дар мавриди корхои анчом додааш хисоботи муфассалеро ба Марказ пешниход кардааст. Аз рУи маводи оперативии бойгбнй тахти раками 51193 маълум гардид, ки дар он маълумотномаи оперативй ва рапорта собик сардори шУъбаи Сарраёсати НКГБ полковник Гукасов аз 23 июли соли 1945 махфуз аст. Дар он омадааст: "аз рУи имконоти мавчуда У ба разведкаи немис рох ёфта, зимни хамкорй бо онхо, як катор хиёнаткорони Ватанро фош сохта, бо ин супоришхои бар дУшаш супоридаро бомуваффакият анчом додааст. Барои хизматхои шоёнаш У da маблаги 10 хазор СУМ мукофотпулй ва медалхои "Барои галаба бар Германияи фашистй" ва "Барои шучоат" мукофотонида шудааст. Барои аз нав бурдани тафтишот нишондодхои хамхизматхои У дар разведкаи немис махбусон Рейнер Олтсша, чазои хукми катл
гирифтааст ва Шломс Конрад (ба хукумати Олмонй Демократй супурда шудааст) аз нав дида баромада шуданд. Зимни тафтишот маълум гашт, ки байни нишондоди он ду нафар ва хисоботи Бурхонов тафовуте Дида намешавад. Дар натичаи тафтишот маълум гардид, ки бори якуми фаъолияти Бурхонов дар акибгохи душман тибки накша анчом додашуда, далелхои ба инобат гирифтаи додгох гайриконунй мебошанд. Акнун мегузарем ба даъвати дуюм: Тобистони соли 1947 то апрели соли 1949 Бурхонов бори дуввум барои ичрои вазифахои оперативй дар хоки Олмонй Гарбй фиристода шуд. Дар маълумотномае, ки аз 23 январи соли 1948 тартиб дода шудааст, кайд гардидааст: "У ба зудй миёни сарони мухочирони туркистонй, тотор ва дигарон шахси боэътимод гашта, маводи зиёдеро дастрас намуд, ки онхо кобили ахамияти бузурганд..." Мохи августа соли 1948 ба Бурхонов супориш доданд, ки бо агент "Иванов" алока барКарор намояд ва У ин корро бо муваффакият анчом дод. Мохи январи соли 1949 бошад, бинобар вазъи оперативй боздиди Уро бо агент "Иванов” катъ намуданд. Вале Бурхонов мохи феврали соли 1949 ба шахри Мюнхен рафта, бо "Иванов" вохУрд ва гузоришеро аз У гирифт, ки хангоми ба органхои амниятй омадан, онро дар шахри Бад-Киссинген фаромУш сохт. _• . Мохи марти соли 1945 фармон шуд, ки Бурхонов барои боздид бо косиди органхои бехатарй ба дехаи назди сархадии Лауэнштейн хозир шавад, вале У аз ичрои фармони мазкур сарпечй намуда, баръакс талаб намуд, ки косид ба назди У биёяд... Дар рафти тафтишот махз хамин ду холатро хамчун дурУягй, сарпечй аз фармон ва кУшиши хиёнат ба Ватан кардани Бурхонов маънидод намуда, ба У чунин чазоро таъйин карданд, гарчанде дар тУли тафтишот Бурхонов изхор дошт, ки боре хам ба дурУягй рох надода, ба разведкаи шУравй хамеша содикона хизмат кардааст. Албатта, баъзе сахланкорихоро У дар хизмати худ кайд намудааст, ки он хам бошад, сабаби камтачрибагии У мебошад. Дар масъалаи боздид бо "Иванов"-ро Бурхонов чунин маънидод кардааст: "Ман гумон кардам, ки гузориши аз "Иванов" гирифтаамро ба сардорам мерасонам ва бо ин барои разведкаи шУравй фоидае хохам овард... Ман онро дар хонаи ичоравиам дар шахри Бад- Киссенген пинхон намудам, аммо вакти ба минтакаи ШУравй омаданам, онро фаромУш кардам..." 128
Бурхонов Рахим дар овони кудакй
Замони донишцуи дар Академйяи харбй-мухандисй
Замони донишчуи дар Академиям харбй-мухандисй
Замони донишчуи Р.Бурхонов бо дар Академиям харбй-мухандисй Шохмуродхон - писари Амир Олимхон
I Р.Бурхонов дар даъвати дуюм I
Р.Бурхонов бо хамсараш Мунирахон
Шомуродхон писари Амир Олимхон дар либоси низомй
Бурхонов бо мУхтавои гузориши мазкур шинос нашуда буд. Вале тахмин меравад, ки он дар бораи ташкили кадом як донишгохи байналмиллалй буда, масоили миллатгароёни Украинаро дар бар мегирифт... Хамчунин, дар парвандаи чиноятии Бурхонов протоколи пурсиши махбус Бадек А.М. аз 2 январи соли 1938 низ оварда шуда буд, ки У Бурхоновро аз чумлаи аъзои созмонхи миллатгароёнаи зиддишУравй дониста, вале дар навбати худ дар ин бора ягон далеле наоварда буд. Дар ин масъала Бурхонов изхор дошт, ки суханони Бадек асосй вокей надошта, солхои 1922-25 У хамагй 13 сол дошт ва дар хайати дигар чавонону наврасон ба Олмон барои тахсил фиристода шуда буд. Бо ин синну сол У албатта, наметавонист узви ягон ташкилот бошад. Хинни тафтишот муаммое, ки Бурхонов аз боз шудани он умедашро кайхо канда буд, низ фош шуд. Маълумотномаи амалиёти Уву агент "Громов" ба дасти худи раиси Кумитаи бехатарй мерасад. Аломати "А", ки муфаттиш Горкин мохияти онро Дарк накарда буд, аз чониби Раиси Кумита чунин шарх ёфт: "Агент "Громов" барои супориши хеле мухими давлатй ба хоричи кишвар фиристода шудааст, ки то имрУз фаъолияти у тахти мУхри "Нихоят махфй" карор дорад". Аз бойгонии махфии ин самт фаъолияти агент "Громов" дастрас гардид ва маълум шуд, ки ахбори дасТраснамудаи Бурхонов, ки бо номи агент "Гаст" сабт шуда буд, аз боарзиштарин ва ахбори хеле мухим ба шумор мерафтааст. Мохияти ахбори додай Бурхрнов дар маълумотнбмахои агент "Громов" ба таври мусбат тахлил шуда буданд. Барои рУи об баровардани хакикат, хайати тафтишотй хатто мУхлати ичрои чазо ва фаъолияти Бурхоновро дар ШУъбаи урдугохй дида баромаданд. Албатта, аз он чо ба чуз бахои мусбат чавоби дигареро нагирифтанд. Аз чумла, аз шУъбаи урдугохие, ки Бурхонов дар он чо чандин соли хаёташро сипарй намудааст, ба номи У тавсияномае пёшниход намуданд, ки чунин буд: Тавсияномаи махбус Бурхонов Рахим Мунзимович, ки тибки моддаи 58 16 ба мУхлати 10 сол аз озодй махрум гаштааст. аввали мУхлат 28.02.1950, ехири мУхлат 28.02.1960 Бурхонов Р.М. аз 26.08.54 дар шУъбаи урдугохии № 25 карор дорад. Дар холи хозир дар рохи охани Воркутаи Гарбй ба хайси 129
сузанбон (стрелочник) кор мекунад. Кори бар дУшаш супурдаро олй ичро мекунад... Аз рУзи хозир шуданаш ба шуъбаи урдугохии № 25 худро танхо аз чихати намунавй нишон додааст. Интизоми мехнатй ва урдугохиро боре хам вайрон накардааст. Сардори шуъбаи урдугохии № 25 майор Горюшин Натичаи ба дастомадаи хайати тафтишотиро ба Муовини Додситони кулли Иттиходи ШУравй генерал-майори адлия Барский ирсол намуданд. Барский бори дигар парвандаи чиноятии Бурхоновро мавриди баррасй карор дода, ба чунин карор омад: "...Бо назардошти он, ки Бурхонов беасос ба махбас кашида шуда, мУхлати чазоро сипарй мекунад, тибки моддаи 25, Хохиш мекунам^ Карори Мачлиси Машваратии Вазорати Бехатарии Давлатии Иттиходи ШУравй аз 02.12.50 нисбати Бурхонов Рахим Мунзимович бекор ва парвандаи чиноятии У бинобар сабаби исбот нашудани гунрххояш катъ карда шавад.” Муовини Додситони кулли Иттиходи ШУравй генерал-майори адлия Барский Озодй ОэОДй. Зеботарин ва пурмазмунтарин калом аст. Дар зери ин мафхум як чахон маънй нухуфтааст, ба хусус агар он аз нигохи як нафар инсоне, ки солиёни зиёди умри худро дар зиндон сипарй карда бошад ва бйр замми хама агар хукми У беадолатона бошад. Инсон дар озодй ба кимати ин мафхум сарфахм намеравад, намедонад, ки он чй неъмати бебахост. Хар касе, ки аз зиндон озод шавад, хеч гох дар умри худ паррандаеро дар кафас нигох нахохад дошт, аз садои хониши хеч мургаке аз дохили кафас хушаш нахохад омад ва агар 130
имконот даст дихад тамоми мургакони дохили кафасро озод хохад кард. Хар фарде, ки ло акал як соат таъми захрогини зиндонро чашида бошад, хеч гох ба боги вахш нахохад рафт, то он соати шуми хаёти худро ба ёд наорад ва ба холи даррандахои зиндонй нагиряд... РУзхои охири зиндонро Бурхонов ба зУр тахаммул мекард. Когазу калам ба даст гирифта, ба сифати хаёт иншо менавишт. Навиштачоташ пур аз яъсу навмедй ва бахояш ба ин дунёи фонй буд, зеро то хол наметавонист бовар кунад, ки рУзхои охирини зиндонро сипарй карда истодааст. Хис мекард, ки он нерУи идоракунандае, ки дошт, рУз ба рУз заифтар мегардад. Он лахзае, ки нои озодй навохта шуд, мисли ин ки Бурхонов аз нав таваллуд шуда бошад, эхсосоти худро наметавонист пинхон кунад. Билохира, хакикат рУи об баромад, дер хам бошад, У пирУз шуд. Бо вучуди чой доштани чанд тан аз худсарони хукук, ки бо хаёти фарзандони содики Ватан бозй мекарданд, тантанаи хакикат огоз ёфт. Адолат ва хакикат дастболо шуданд. Ин аст мафхуми бузурги сиёсати ШУравии бузург. Махз дар ин кишвар куввахои некй бар бадй галаба мекунад. Бурхонов, хатто нафахмида монд, ки чй тавр бо садои баланд харф мезанад. Дидбонхое, ки тайи чанд сол бо У унс гирифта, ба саводнокиву зиёй будани Бурхонов тан дода буданд, аз дастболо шудани У чехраи каноатманд доштанд.У бо хамаи онхо худохофизй карда, дигар ба акиби хеш нанигарист. Намехост, ки гардани качи махбусони бозмондаро барои хамеша дар хофизааш аккосй карда як умр пешорУяш нишон дода истад... Чун кадамхои аввали озодиро мегузошт, дунё дар назари Бурхонов чунон васеъ ва бепахно менамуд, ки чои рафтанашро намедонист. Гумон мекард, ки Ватани азизаш Точикистон дар як чахони дигар чойгир бошад ва ба он чо расидан барояш мисли рУъёе буд. Албатта, аввал ба дали Механ - Маскави азизаш омад. Осмони пойтахт софу равшан буд ё ба назари У хамин тавр чилвагар мешуд. Ба хонаи дУсташ Шохмурод омад. Шохмурод бо хамсари мехрубонаш аз Рахим мисли фарзанда падар пазирой карданд. У хама корхояшро канор гузошта, чанд рУзро ба мехмоннавозии Рахим бахшид. Солхои бачагй ва Бухорои азизашонро ёдовар шуданд. Шохмурод, ки марди мутамаддин ва нозукбин буд, хатто боре хам дар бораи хабе шудани Рахим ва сабабхои он чизе напурсид ва ин рафтори У ба Бурхонов хеле писанд омад. Бори дигар ба сатхи баланди одамгарии У коил монд. Бо вучуди дар хонаи дУст карор доштанаш, Бурхонов бетокат 131
буд, ба худаш чои нишаст намеёфт. Калбаш чанд дафъа сует мешуд. Ин, албатта, бесабаб набуд. Рохии Точикистон шудан, бархУрд бо хешу табор ва хамкору хамсоягон, аксуламали макомоти амниятй нисбати У ва дигар лахзахои таъсирбахш барои У мушкили зиёде эчод мекарданд. *♦* * * * Нишоти умр Вазифаи разведкачй хеч гуна меъёреро доро нест, он ба шарту шароит ва вакту замон вобастагй дорад. Рохе, ки разведкачй тай мекунад, пурпечу хам, пурмашаккат ва басо душвор аст. Ман низ хамчун разведкачии ШРравй бо дар акибгохи душман карор доштанам, бояд чун хунарпешаи варзида накши "душман"-ро аз душмани хакикй хам болотар ичро мекардам. Душман низ аз мо дида ахмактар набуд, балки золиму маккор ва хеле хушёр буд... Бурхонов Р.М. ХанУз, вакте ки тоза ба Точикистон омад, рохХ>арияти Донишгохи омУзгорй бечуну чаро Уро ба кор кабул карданд, зеро лаёкати баланди У миёни хама кормандони сохаи илм маълуму машхур гашта буд ва аз якуми сентябр У аллакай ба кор огоз намуд. Бурхонов бо як нерУи тоза, бо завку шавки фаровон корро cap кард. У, ки тУли солхои зиндонй буданаш низ аз ин самт дил наканда, Хатто дар бахши лингвистика баъзе корхои илмиро ба поён расонида буд, акнун дар марказй тадкикот карор дошт ва рУз то рУз ба назария ва методикаи омУзиши забони олмонй навигарихои зиёде ворид мекард. Бурхонов Р.М. аксари вакти худро дар Донишгох ё дар китобхона сипарй мекард. МекУшид, то бештар он рУзхое, ки хубу хотирмон буданд, ба ёд биёрад. Айёми торикй ва ранчи зиндонро хатто ба ёд овардан хам намехост ва ба касе дар ин бора дахон намекушод, аммо занги он рУзхо девори дилро хУрда адо мекарданд... Хар сол 20 декабр дар тамоми Иттиходи Шуравй хамчун рУзи чекистон, таъсисёбии макомоти амниятй тачлил мегардад. Дар ин рУзи таърихй аз наели калонсол то чекистони чавон хама бо сару 132
либоси махсуси идона ороста шуда, бо гулчанбару гулдастахо хотираи гузаштагонро пос медоранд. Махсусан, хар сол назди хайкали пешвои чекистон Ф.Э. Дзержинский дар чашни иди чеки стон гулборон мешавад. Чекистон баъди гулгузорй лахзае хомУш истода, хотири пешвояшонро пос дошта, хама дохили бинои бохашамати панчарапУше, ки бо шукУхи худ аз нуфузи ин идора шаходат медод, мегарданд. Чун анъана дар каторхои аввали толор собикадоронй мехнат менишинанд. Наели бузургсоли макомоти амниятй, ки давлати пирй меронанд, аз дигар мУйсафедони хамсинну солашон шояд дар зохир фарке надошта бошанд. Вале, агар ба умки рохи тайкардаи онхо назар афканед, мебинед, ки чй кадар пурпечу тобу мушкил аст. Кисми зиёди онхо фаъолияти разведкавии худро дар хоричи кишвар, дар хоки бегона анчом додаанд, чй кадар душворихоеро пушти cap кардаанд ва дар хар вохУриву мулокотхо бо як хисси хоксорона ба наели чавони ин макомот менигаранд, бо онхо сУхбат мекунанд ва аз тачрибахои хеш маслихату насихат пеш меоранд. Рахим Мунзимович, вакте ки ба Ватан баргашт, низ хар сол рУзхои ид ба Кумитаи бехатарй даъват мешуд Ва аз дидори хеш ахли толорро рУхбаланд мекард. У зиёд харф намезад. Хар як каломаш маънии фаровоне дошт. Босаводона ва нуктасанчона харф мезад. Аз оханги гуфтораш ба хубй дарк мешуд, ки У дорой дониши олисг. Хам бо забони точикй ва хам ба забони русй хеле босаводона ва боадабона сухан мегуфт, дониши забони англисиашро дар Донишгох истифода мебурд, лекин ба хар як.чекист талкин мекард, ки хатман як ё зиёда аз он забони хоричиро биёмУзанд ва бо он забои китоби бадей бихонанд. Албатта, баъзе маълумоте низ буданд, ки дар мавриди онхо сухан рондан мумкин набуд ва ё ханУз вакташ фаро нарасида буд. Ин сУхбатхо факат дар толори Кумитаи бехатарии давлатй сурат мегирифт. Дар дигар шабнишинихо, ба монанди РУзи Балаба, РУзи Артиши Шуравй ва дигар чашнхо, ки собикадорони чанг аз замони чанг мисолхо оварда наклу хикояхо мекарданд, Бурхонов хамеша сукутро ихтиёр мекард. Вале дар ин лахзахо ёди У беихтиёр дар замони чангу дар хоки Олмон сайр мекард. Аз овони кУдакй шурУъ шуда, то ба зиндонхои Варкута поён мепазируфт, факат дам ба дам Бурхонов нафахмида охи сарде аз дил мекашид. У боре хам ба касе аз чизе шикоят накарда буд, вале дар умки дили бузургаш афсУс мзхУрд, ки дар хар давру чамъият хастанд инсонхое, ки нисбати халку Ватани хеш беэътиной зохир карда, ба хатохое рох медиханд, ки як умр мисли доге бар дили ашхоси бегунох мемонад. 133
Бурхонов дар кУчахои шахр кадам мезад ва худ ба худ мефахрид, ки дар умри чихилсолаи худ бо чй озмоишхое ру ба ру * •шудаву онхоро сарбаландона пушти cap карда буд. Мардонагиву матонати У боне гашт, ки то имрУз сохиби обрУву мартабаи баланд аст ва миёни кормандони Донишгоху Кумитаи бехатарй шогирдони зиёдеро парвариш кардааст. { Касе аз хамкорон ё шогирдон боре хам Уро надидааст, ки бо дахони пур аз хизматхои кардааш дар солхои Чанги Бузурги Ватанй таъриф кунад ва ё бо фахр лахзаеро ба ёд биёварад. Рохи тайкардаи У барои атрофиёнаш саросар муаммо буд... Кормандони макомоти амниятии кишвари Точикистон дар шахси ' Бурхонов Рахим Мунзимович хамеша кахрамонеро медиданд, ки барои халку Ватан содикона хизмат кардааст. f Дар хамаи он боздиду вохУрихо Бурхонов Р.М. хамеша бо фахр мегуфт, ки барои осудагии Ватан хатто чонро нисор кардан хам кам аст ва кормандони чавонро талкин мекард, ки хар як мутахассис, чекист бояд сохаи худро хуб донад ва пайваста дар омУзишу тадкик бошад. Барои маглуб сохтани душман зарур аст, ки забони У, расму русум, мавкеият ва хама чузъхои атрофи онро пурра аз бар кунед, дар он сурат, нисбати душман кавй будани хеш ва заифии онро бараъло хис хохед намуд. Инак, 17 сол аст, ки дар Ватанй хеш, дар Донишгохи дУстдоштааш фаъолият. дорад ва шогирдони зиёдеро ба воя г. с расонидааст. Хангоми дар кУча рох рафтан сари хар кадам ба У салом 1 мегУянд, баъзехо чуръат карда, мехоханд дастони Уро бифишоранд. То он рУз китобхои "Фонетикаи забони немией", "Сарфу нахви мухтасари забони немией", "Фарханги забони немией” ва "ХудомУзи забони немией" дар холи чоп карор доштанд, ки дар оянда барои f наели чавон хамчун дастурамал зарур буданд. Вале бинобар набудани мутахассиси забони олмонй тахрири он китобхо ба табъ нарасиданд. Ин холат хотири Бурхоновро чандон озурда намесохт, зеро У дилпур буд, ки шогирдонаш дар оянда кори пешгирифтаашро идома хоханд дод. Чандин маколахои илмиро таълиф намуда буд, ки аз кашфиётхои • риштаи лингвистика махсуб мешуданд... Синнаш ба 60 наздик шуда истодааст. Баъди гардиши зиёде ба х хулосае омад, ки минбаъд хаёти бознишастагиро интихоб намуда, ба таълифи китоб машгул шавад. Ба хона омада, модараш Мухибахоларо дид, ки рУй кат нишаста, » пинак мерафт. Ботамкинона салом доду гуфт: 134
-Модарчон, ман хамин рУз дар кУча сайркунон ба як хулоса омадам, намедонам шумо ба ин чй мегуфта бошед? -Чй хулоса бошад, канй гУй писарам, фахмем-чй? -Ман гуфтанй, ки корро бас кунам, мисли шумо дар хона нишаста, китоб нависам. Вакт пайдо карда ба китобхона равам. Шояд худо розй шаваду саргузаштамро низ мисли киссае хамчун китоб таълиф намоям. Ин тасмими Бурхонов ба модар хеле хуш омад. У дасти писарашро махкам дошта гуфт: -Бисер фикри окилона кардй, писарам. Аз хурдиат худро ба кору хондан бахшида, торхои мУйхоят бармахал сафед шуданд. Хуб кор кардй, вакти он расидааст, ки каме зиндагии рохат дошта бошй. Хамин тавр то бевакт модару писар рУи хар масъала сУхбат карданд. 6 феврали соли 1973 субхи барвакт Бурхонов Р.М. ба номи Раиси Донишгохи омУзгории пойтахт Кандил ЧУраев дар бораи бознишастагии хеш аризае навишт. Харчанд хамкорону шогирдон ва рохбарият хостанд Уро талкин намоянд, ки ханУз барои бознишаст шудан барвакт аст, вале Бурхонов Р.М. тасмим гирифта буд. У бознишаста шуд. Ин хаёти барояш бегонаро бо карори катъии хеш интихоб намуда, шабонарУзашро соат ба соат таксим намуда буд. Низому тартиб, ки бо У хамеша хамсафар буданд, хатто хангоми бознишастагй низ, пурра риоя карда мешуд. Хар рУз наздики 6-7 ё баъзан 8 соат ба корхои илмиаш машгул мешуд. Речаи хУрокхУрии махсусе чорй карда, онро чиддй риоя мекард. Зуд-зуд ба донишгох меомад, баъзан шогирдон низ ба хонааш омада, хабар мегирифтанд. Устод бо маслихатхои судмандаш шогирдони вафодорашро гусел мекард. Мутаассифона, айёми бознишастагии Бурхонов Р.М. зиёд тУл накашид. Худи хамин сол дар сари мизи кориаш Бурхонов Р.М. бо хаёт падруд гуфт. У то дами марг дар пайи омУзишу кашфиёт ва дар пайи тадкику навоварй буд... Дар маросими дафни У хама кормандони Кумитаи бехатарии давлатй ва Донишгохи омУзгорй, инчунин ходимони давлатй иштирок дошта, аз хизматхои фаровони У дар хакки халку Ватан сухан гуфтанд. Хама афсУс мехУрданд, ки У бармахал, дар айни авчи камолот аз дунё гузашт... *** *** *♦* Баъди сохибистиклол гаштани Чумхурии Точикистон хотираи баъзе фарзандони барУманди кишварамон, ки дар солхои душвори 135
таърих кахрамонихо нишон дода, обрУю нуфузи миллатамонро баланд бардоштаанд, зинда гардонида шуд. Аз чумла, дар Вазорати амният I низ, чихати хизматхои шоёни собикадорони макомоти амниятии кишвар дар солхои гузашта, ки аз масоили мухим ба шумор меравад, ахамияти зиёд дода, бо ин максад рУ ба бойгонии Вазорат оварда шуд. Чанд сол кабл забоншиноси варзида ва разведкачии машхури , шУравй Бурхонов Рахим Мунзимович диккати рУзноманигоронро ба худ чалб карда, журналиста шинохтаи точик Нуралй Давлатов бо кУмаки Маркази робитахои чамъиятии Вазорати амнияти Точикистон дар рУзномахо дойр ба хаёт ва фаъолияти Бурхонов маколахоеро низ мунташир сохт. Соли 2004, китоби олим ва адабиётшиноси машхури : Чумхурии Точикистон Сохиб Табаров бо номи "Мунзим-рохбари чамъияти чавонон ва раиси фиркаи чавонбухориён" аз чоп баромад, ки дар он навиштачоти Нуралй Давлатов низ гирд оварда шудааст. Китоби мазкур бо ду забои таълиф шуда, дорой мазмуни баланди илмй адабй аст ва дар он мисолхои нодире оварда шудааст. Духтари Бурхонов Р.М. ЛУъбатхон Бурхонова бо максади ёдбуди < падари бузургвораш ва корнамоихои нотакрори У дар сохаи разведка, якчанд нусхаи китоби мазкурро ба пойтахти Русия шахри Маскав фиристод. Баъди чанде аз Маскав чавоб омад, ки мУхтавои он чунин аст: :,». Мухтарам ЛУъбат Рахимовна! -•. с t Дар Хадамоти Федеролии амниятии Русия китоби адабиётшиноси точик, доктор Сохиб Табаров бо шавки зиёд мавриди баррасй карор шрифт. Баъди шаст сол низ кахрамонию матонати мардуми шУравй бахри ба даст овардани Галаба бар Олмони фашистй ва озод намудани чахон аз "вабой кахвай" дар пеши назари мо чилвагар аст. Дар ин кори бузург сахми разведкачихо басо фаровон аст. Хангоми ичрои супоришхои нихоят мухими давлатй дар акибгохи душман онхо чони худро хар лахзаву хар соат дар хатар гузошта, । маълумоти арзишнокеро дар бораи накшаи душман ба даст меоварданд. Итминони кбмил дорем, ки маълумоти дар китоби падаратон - Бурхонов Рахим Мунзимович дарчгардида, на танхо чолибу хонданбоб, балки барои тадкикоти илмй-таърихй боарзишу судманд хоханд буд. Муовини раиси хадамот Ю. Нырков 136
Мухтарам ЛУъбат Рахимовна! Барой ба номи Президенти Федероли Русия китоби ирсолкардаатон ташаккури зиёд. Китоби мазкур ба Китобхонаи Президенти Русия интикол дода шуд. Ба Шумо ва наздиконатон саломатй ва комёбихо таманно мекунем. Муовини сардори Раёсат В.Д. Матвеев Бале, хизматхои Бурхонов Р.М. барои халку Ватани азизамон шоёни тахсину офаринхост. Корнамоихои кардааш барои хар як фарди чумхурй намунаи ибрат аст. Соли 2004 дар Вазорати амнияти чумхурии Точикистон 80-мин солгарди таъсисёбии макомоти амниятй чашн гирифта шуд. Вазири амнияти кишвар генерал-лейтенант Абдурахимов Хайриддин Саидович бо максади пос доштани хотири чекистони собикадор як катор чорабинихоро анчом доД. Аз чумла таълифи китобхо аз хаёти онхо, ба навор гирифтани филмхбй мустанади таърихй ва гайра. Яке аз чунин икдомхо гузоштани лавхаи ёдгорй бар мазори онхо буд. Дар вакти гузоштани лавхаи ёдгорй бар мазори Бурхонов Рахим Мунзимович гурУхе аз Вазорати амният, хамкорон ва фарзандони у хузур доштанд.' Дар ин лахзахо, на танхо фарзандони Бурхонов Р.М., балки хар як фарди точик мефахрад, ки чунин як инсони бузург, сарсупурдаи Ватан ва кахрамони замон Хаммилати мост! 137
Ошное миёни бегонагон Бурхонов Рахим Мунзимович дар оилаи яке аз шахсони бомаърифат ва амалдори ш. Бухоро Абдулвохиди Мунзим ба дунё омадааст. Номи А. Мунзим ханУз аз Адабиёти советии точик хамчун асосгузорони равняй чадидизм барои хар яки мо ошност.У, ки аз илму адаб хуб бархурдор буд, хама кУшишхоро ба харч медод, то фарзандонаш сохибилму бомаърифат ба камол расанд. Вакте ки дар Бухоро инкилоби Октябр пирУзй ба даст овард, як катор сохибмансабон бо максади омода сохтани кадрхои сохибихтисос аз чумлаи фарзандони ашрофзода гурУхеро барои тахсил ба Олмон фиристоданд, ки фарзандони Абдулвохиди Мунзим Абдуррашид ва Рахим низ ба ин гурУх шомил шуданд. Писарони Мунзим, махсусан Рахим истеъдоди беандозаи забономУзй дошт, ки аз рУзхои аввал бисёр назаррас буд. У аз хама корхои беруназдарсии он чо пурра даст кашида, мунтазам забои меомУхт. Натичаи ин захматхо буд, ки У дар байни 2,5 сол 4 синфро тамом кард. Мутаассифона, карори Маскав дар бораи ба Бухоро баргардонидани мухассилин шасти Уро гардонид. Вале Мунзим дар паи чустучУи мактабхои немисй гашта, дар шахри Ленинград мактаберо бо забони немисй пайдо намуд ва Рахим тахсили худро дар ин мактаб идома дода, онро бомуваффакият ба итмом расонид. Баъди хатми мактаби мазкур ба шахри Маскав омада, забони русиро хуб омУхт ва.ба Рабфак дохил шуда, сипас ба шУъбаи энергетикаи техникуми харбй дохил шуд. Истеъдоди фавкулоддаи уро ба назар гирифта, баъди се сол Бурхоновро ба Академияи харбй- инженерй интикол доданд. Чун пояи донишаш мустахкам буд, дар Академия аз бехтаринхо махсуб шуда, онро бо тахассуси инженери Харбин сохаи энергетика ва кУпруксозй бо дипломи аъло хатм намуд. Барои Бурхонов хохише пайдо шуд, ки ба солхои зиёди мусофират ва дурй аз волидайн хотима дода ба назди онхо баргардад. Дар ин миён ахли оилаашон ба шахри Душанбе кУчида буданд. Дар пойтахти Точикистон Бурхоновро хамчун забондони хуб ба Донишгохи педагоги ба хайси муаллими забони немисй даъват карданд. Аз соли 1941 У фаъолияти худро дар ин Донишгох огоз намудааст. Дар баробари забонхои точикй, русй, олмонй, англисй Рахим Бурхонов инчунин забони туркиро низ хеле хуб медонист. Ин истеъдоди У мавриди таваччУхи макомоти амниятй гардид. Чанде Уро омУхтанду нихоят, соли 1943 бо супориши махсус ба хидмат даъват намуданд. Супориш 138
нихоят чиддй ва хатарнок буду фурсат танг, вале Бурхонов бахри пирУзии Иттиходи ШУравй ба хама кор омода буд. У хуб медонист, ки марказй таваччУх дониши волои забони олмонист, яъне дар ичрои ин супориш махз забони олмонй лозим хохад шуд. Бесаброна рохии Маскав шуд, бояд максади асосиро махз дар ин чо ба У баён мекарданд. Нихоят барояш ошкор шуд, ки У бояд дар акибгохи душман кор мекарду фазой сиёсйи он чоро омУхта, ба Марказ маълумот медод. Бештар мебоист дар бораи собик хамсабаконаш, ки имрУз ба хоинони миллат мубаддал гашта, барои пирУзии Олмонй фашистй мубориза мебурданд, мавод омода месохт. Хатари асосй аз он иборат буд, ки чй тавр аз сархад убур кунад, бо кадом рох тавонад ба боварии тарафи мукобил дарояд. Баъди омУзиши курсхои кУТохмудДатй соХаи разведка дар Маскав, билохира Уро ба чониби душман гузаронйданд. У худро хамчун душмани болшевизм муаррифя карда, омода будани худро барои хизмат бар зидди Иттиходи Шуравй изхордошт. Тарафй Олмон баъди тафтишу омУзиши зиёде Бурхоновро дар кисми харбие, кй дар пурсиши асирони Осйёи миёна иштйрок мекунанд, ба Кор таъйин намуд. Ин кор, албатта, самти супориши гирифтаашро тагйир медод. Баъди чанде Уро ба Гестапо бо рутбаи гаупштурмфюрерй СС таъйин намуданд. Бурхонов Р. фаъолияти сохавии худро пурра ба рох монда, мунтазам маълумоти лозимаро ба чой таъйиншуда ирсол мекард. Дар байни собик хамсабаконаш чунин вонамуд мекард, ки нисбати Иттиходи Шуравй нафрат дорад" Дар тУли фаъолияти хеш Бурхонов Р. чони чандин асирони ШУравиро бо хар рох аз марг начот додааст. Бо вучуди ин. Бурхонов натавонист пурра ба боварии хамаи хамшахриёни собикаш дарояд. Аксари онхо, бахусус рохбаронашон ба У бо назари шубха менигаристанд. Бо роххои пардапУшона Уро имтихон мекарданд ва аксуламалашро месанчиданд. Нихоят, бо кУшиши хамсабакони собикаш дар бораи Бурхонов овозае пахн гардид, ки гУё У чосусй ШУравист. Чониби Олмон бахонаеро пеш оварда, Уро ба хабе гирифт ва аз рУи У тафтишоти сахт чорй намуд. Далеле пайдо нашуд, ки Бурхонов Р. фаъолияти чосусй нисбати Олмонй фашистй бурда бошад, бинобар ин пас аз муддати начандон тУлонй, Уро аз хабе озод намуданд. Баъди озод шудан аз махбас, У фаъолияти хешро дар Институти Арбайт Гемайншафт Туркестан идома дод. Самти асосии кори Институти мазкур ба чамъоварии мавод оид ба Осиёи Марказй равона буд. Баъди чанде Бурхоновро хамчун корманди риштаи хочагии халк таъйин намуданд. 139
Дар бораи корнамоихои нотакрори Рахим Бурхонов дар сохаи разведка журналиста шинохтаи точик Нуралй Давлатов маколахои зиёде навиштааст, ки онхо то имрУз дар чандин рУзномахои чумхурй ба табъ расидаанд. Танхо хаминро бояд кайд кард, ки замони ворид шудани Куввахои мусаллахи Иттиходи Шуравй ба Олмон, Бурхонов Р. нотоб шуда, дар госпитал мехобид. У худро ба сарбозони ШУравй муаррифй намуда, аз онхо хохиш намуд, ки дар ин бора ба Марказ хабар диханд. Баъди тафтишу санчишхои зиёде аз чониби макомхои амниятй, Бурхонов Р. хамчун разведкачии сазоворе, ки аз Ухдаи супориш баромадааст, кабул шуда, ба Ватан баргардонида шуд. У бо сари баланд ба назди зану фарзандонаш омада, кори худро дар Донишгохи дУстдоштааш идома дод. Албатта, бо ин фаъолияти У дар сохаи разведка ба поён нарасид, баъди чанде Уро боз барои ичрои супориши мухимме даъват намуданд, вале мо мехохем дар бораи Рахим Бурхонов хамчун як шавхар ва падари мехрубон маълумот пайдо кунем. Оё як нафар разведкачй, ки тамоми хаёти худро ба ин кори душвору пурмасъулият бахшида, чони худро чандин маротиба ба хатар гузоштааст, дар тарбияи фарзанд ва оиладорй чй гуна хохад буд. Волидайни Бурхонов Рахим дар хурдй Уро бо духтари яке аз хешовандони наздикашон бо номи Бахром-махсум, ки Мунирахон ном дошт, гахворабахш намуданд. Мунирахон ин пайвандро бо амри худо дониста, то охири умр хамчун зани содику вафодор аз худованд шукр мекард, ки 66 чунин мард зиндагй кардан барояш бахти баланду саодатмандист. Шавхараш барои У хамчун идеал буд. Сари хар кадам ба фарзандонаш талкин мекард, ки фарзанди чунин инсони худодод будан барои хар кас муяссар намегардад ва онхо бояд бикУшанд, ки чавобгУи ин ном бошанд. Онхо сохиби 5 фарзанд буданд ва хар кадоми онхо барояшон нихоят азиз буд. Баъди таваллуди фарзандонашон одатан номхои бехтаринро интихоб мекарданд ва аз ояндаи дурахшони он фарзанд орзу мекарданд. Духтарашон ЛУъбатхон, писаронашоп - Зафарчон, Анварчон, Алимчон ва Салимчон, ки падарашонро ба серй намедиданд, пайваста дар орзуи дидори У буданд. Духтарашон ЛУъбатхон бо як мехри хоса дар бораи падарашон чунин мегуяд, Вакте ки падарам ба хизмат рафт, ман хурд будам, вале дар ёд дорам, ки оилаг чон пурра ба таъминоти давлат гузашта буд. Хар мох маоши муайян ва кисман озукаи лозимаро мегирифтем ва ба чуз аз дидори падар дигар аз чизе камбуд надоштем. Чй мушкилоте, ки пеш наояд, мо ба кормандони давлатй мурочиат мекардем ва хатман ба доди мо 140
мерасиданд. Чандин дафъа модарам ба назди Бобочон Гафуров ва Додхудоев Назаршо рафта, мушкилоти пешомадаро хал намудаанд. Ман хис мекардам, ки У як одами бонуфузтарин аст ва дар назди ходимони давлатй сохиби обрУю эхтиром аст. Падарам, ки инсони бомаърифат буд, кабл аз ба кори давлат чалб шуданаш, фикри ояндаи моро карда, аз тагоям, тарчумон ва рУзноманигори машхур НУъмонхон Бахромй хохиш намудааст, ки фарзандони маро ба мактабхои точикй супор, то ин ки забони модариашонро хуб биомУзанд. Хар кас ба забони худ сухандон гардад, ОмУхтани сад забои осон гардад. Бинобар ин, мо хама хатмкардаи мактабхои точикием, Падарам хар боре, ки ба хона меомад, ба мо таъкид мекард, ки бо забони зебои точикй гуфтугУ намоем. Дашному хакоратро намебахшид. Мабодо бародаронам тасодуфан харфи бечое ё дашноме диханд, падарам мачбур мекард, Ки дахонашонро чайконанд, мегуфт - "мард бояд хакорат накунад", дашном дахони инсонро нопок мегардонад. Насихат карданро дУст медошт, дурУггУй, хабаркашй ва дуздиро аз хислатхои бадтарини инсоният медонист, хурмати калонсолонро таъкид мекард. Ба кУча бе ичозати калонсолон баромаданро манъ карда буд. Занхое, дар кУча бисер менишастанду ба бехудагУй машгул буданд, падарамро асабонй мекарданд.^ Бинобар ин модарам хеч гох бо онхо хамррх намешуд. Хама" хунар аз дасташон меомад. Тамоми асбобхои таъмириро доштанд, ба хамсоягон низ дасташон мерасид. Агар лозим мешуд, хатто болои симчУб мебаромаду кори хамсояхоро буд мекард. Ману бародаронамро нихоят дУст медошт. Мо, ки бозичахои зиёде доштем, он кас бо хар яки мо алохида бозй мекард. Гарчанде ки мо 5 нафар будем, вале У орзу дошт, ки боз духтаре ба дунё ояду номашро Хадя гузорад. Баъдтар ба мо маълум гашт, ки ин ба хотири Пфлуг Хейдвиг ном олмонидухтар, ки дар Олмон хамрох кор кардаанд, будааст. Дар бораи Хейдвиг ва хамкориаш бо ин духтараки часур, ки дар лахзахои душвор ба У кУмак карда буд, падарам ба модарам хикояти зиёде карда буд. Модарамро нихоят хурмат мекард. Доимо ба кадри мехнати У мерасид. Ёд дорам, боре модарам фахр карда гуфт, ки фарзандонро дар хамин танхой тарбияи воло додаам, маро агар рУи даст хам бардоред, меарзад. Падарам бидуни хеч фикре модарамро рУи даст гирифта, гирди хона давр занонида, моро хам ба думболаш даъват карда гуфт, "Биёд, хама думболи ман бигардед ва 141
аз модаратон миннатдор бошем, ки чи гуна кори вазнинро бар Ух да дорад". Гарчанде ки ин корашон тавре шУхиомез бошад хам, вале он кас хамеша мехнати модарамро кадр мекард. Пайваста моро насихат мекард, ки хурмати модарамонро ба чо орем ва мисли У мехнатдУст бошем. Ман хаминро гуфтан мехохам, ки падарам махз аз рУи дониши баланди забондониашон ба чунин кори пурмасъулият чалб шуда, то ба мартабаи майор "СС” расидааст" ЛУъбатхон Бурхонова, ки дар дил пешаи падарро интихоб карда буд, вакте интихоби касби оянда тавассути мактуб аз падараш маслихат пурсид, падар бо як чумла хулосаи худро ба забони русй чунин иброз дошта буд, "Кроме артиста, юриста, военного и дипломата...". Ман аз ЛУъбатхон Бурхонова пурсидам, ки чаро падаратон зидди интихоби чор касби мазкур буданд. Он кас дар чавоб гуфтанд, ки падарам касби худро нихоят дуст медошт, хамеша моро таъкид мекард, ки чиддй бошем ва масъулиятро дуруст дарк намоем, вале ин чор касбро танхо барои ман манъ карда буд. У мехост ман хамчун зан одоби шаркиёна дошта, аз илму маърифат ва адабиёти гузаштагонамон бахра бибарам. ЛУъбатхон Бурхонова баъди чавоби падар ба шУъбаи тарчумонии факултаи филологияи забои ва адабиёти точик дохил шуда, онро бомуваффакият ба итмом расонида, аз наттокони аввалини телевизиони точик гардид, ки то имрУз махорату зеби экран бу дани он вирди забонхост. Хама фарзандхои Бурхонов Р.М. аз рУи хамон чавоби падар, ки ба хохарашон дода буд, амал намуда, аз паи падар нарафтанд, вале наберагонаш анъанаи бобояшонро идома доданд. Набераи калонии Бурхонов Гулъузор Муродова пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи забонхон хоричии Донишгохи педагогии ш. Душанбе дохил шуда, онро бомуваффакият ба итмом расонид. Ба гайр аз забонхои точикию русй ва англисй, ки тахассусаш аст, Гулъузор инчунин, забонхои испанй, полякй ва арабиро омУхтааст. Бобояш низ ба гайр аз забонхои точикию русй ва олмонй бо тамоми лахчахояш, инчунин забони англисиро низ хуб медонист. Аберагони Бурхонов - фарзандони Гулъузор - Чонибек ва Чанина.низ хар кадом чорзабониро медонанд. Хаминро бояд кайд намуд, ки писари калонии Бурхонов - Зафарчон Рахимович бо чиянаш Азамат Салимович яке аз самтхои фаъолияти оилавиашонро пеша карда, мухандиси сохаи энергетика мебошанд. Наберагони дигари Бурхонов - Мунзим Чахонгир, Азамат, Шерзод, Озодбек, Замонгир ва Заринигор Бурхоновхо низ бо рохи бобо рафта, баъзе забондону баъзе дигар корманди низомй гаштаанд. 142
Бурхонов Р.М. бо аъмоли неки худ боиси фахри фарзандон гашта буд. Духтари У мегУяд, ки боре яке хешовандонашон, ки корманди макомоти амниятй буд, дар бораи падари У чунин гуфтааст, "Вакте ки ман дар мактаби олии Кумитаи бехатарии давлатии шахри Маскав тахсил мекардам, аз профессоре, ки аз "Таърихи Кумитаи бехатарии давлатии Иттиходи ШУравй" даре мегуфт, пурсидам, то дар бораи хамшахриам Бурхонов Р.М. чизе бигУяд. У чавоб дод, "Дар бораи майори "СС" Бурхонов. Дар бораи У гуфтан ханУз хеле зуд аст. Баъди корнамоихои солхои Чанги Бузурги Ватанй, соли 1946 Уро махз бо фармони Сталин ба хизмат даъват карда, ба Олмони Барбй фиристоданд. Ман факат хаминро гуфтаниям, ки Бурхонов дар барпо намудани Чумхурии Демократии Олмон сахми нихоят бузурги худро гузоштааст. Барои як нафар разведчике, ки аз Осиёи Миена аст, ин кахрамонист". Ман хамеша миёни хамсабаконам фахр мекардам, ки чунин инсон хаммиллати ман аст". ЛУъбатхон Бурхонова илова кард, "Падарам бо вучуди серкориаш, фикри моро карда, дар китъаи замине, ки аз давлат гирифта буд, хонаи зебою бархавое бино намуд, ки хамаи мо ин хонаро то ба хол хеле дУст медорем. Тарх ва накшаи он хонаро худи падарам хамчун мухандис- сохтмончии дарачаи аъло кашида буд. Ин хона барои хар яки мо чун даргохи мехр ва хотироти хубе аз захматхои падарам бокй мондааст. ИмрУзхо низ мо ахли оилаи Бурхоновхо зуд-зуд дар ин хона чамъ омада, хотираи дурахшони падару модари азизамонр'о пос медорем. Ман мефахрам,. ки духтари чунин инсони бузург хастам". Ногуфта намонад, ки Рахим Бурхонов боз ду фарзанди дигар низ дошт, бо номхои Саида ва Зариф. Саида Бурхонова донандаи забони немией буда, имрУзхо дар Чумхурии Украина ба cap мебарад. Духтари У Алеся низ дар Украина тахассуси тарчумони забони немисиро пеша намудааст. Зариф бошад, чанд сол пеш, хангоми мубориза барои давлати Конститутсионй чони чавони худро нисор кардааст. Вакте ки ба тарчумаи холи Рахим Бурхонов рУ меорем, барои чунин инсони сарсупурда, ки бахри халку Ватанй худ хизмат кардааст, сари таъзим фуруд овардан хам камй мекунад. РРзномаи "Адабиёт ва санъат" (21 апрели 2005 Ns 16) 143
Мундарича Ба чои сарсухан............................................3 Асири ихтиёрй..............................................5 Ёди гузашта...............................................13 Миёни душман............................................. 23 Байни оташи чабхаи ноаён..................................41 Нафаси тоза дар хавои Ватан...............................60 Дар олами илму дониш......................................63 Даъвати дутом.............................................67 Боздид.................................................. 78 Меваи тУхматхо.......................................... 107 Дар зиндони Воркута.......................................117 Мубориза барои озодй......................................124 Тантанаи хакикат......................................... 126 Озодй....................;............................. 130 Нишоти умр...............................................132 Ошное миёни бегонагон....................................138 Ба чопаш 5.12.2005 сол имзо шуд. Андозаи 60x84 1/16. Х,ачмаш 9,5 чузъи чопй. Адади нашр 100 нусха. Супориши 756. Цамъияти Саххомии «Матбуот»-и Вазорати фарханги Цумхурии Точикистон. 144